logo

фарҳанг

НАХУСТИН КОНГРЕССИ МАЪЮБОН

Дар шаҳри Душанбе нахустин конгресси миллии одамони дорои маъюбият баргузор гардид. Дар кори он намояндагони Вазорати фарҳанг Қиёмиддин Иброҳимзода, Кумитаи ҷавонон ва варзиш Нусратулло Маҳмудов, Асадулло Зикрихудоев, раиси Иттиҳодияи миллии маъ-юбони Ҷумҳурии Тоҷикистон, Люси Чилка, намояндаи Сафорати Амрико дар Тоҷикистон, Олег Колпашников аз Русия, Томас Кравс аз Олмон ва намояндаи таштиклоти ОБСЕ Скот Крин иштирок намуданд.
Асадулло Зикрихудоев аз ғамхории пайвастаи давлату Ҳукумат нисбат ба одамони дорои маъюбият ёдовар шуда, қайд намуд, ки: «Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша таъкид мекунанд, ки ятимон, маъюбон ва пиронсолони бепарастор ҳаргиз бепуштибон нестанд, онҳоро Ҳукумат ва Роҳбари давлат ҳеҷ гоҳ танҳо намегузорад».
- Дар соҳаҳои гуногун ҷавонони боғайрату донишманде фаъолият мекунанд, ки бо вуҷуди доштани камбудиҳои ҷисмонӣ нақшаву ниятҳояшон рушд бахшидани Тоҷикистон ва муаррифии фарҳанги волои тоҷикон аст. Кумитаи ҷавонон ва варзиш дар ин самт чунин ҷавонони фаъолро дастгирӣ менамояд. Силсилаи барномаҳои хайриявие, ки кумита барои ин қишри ҷомеа ташкил мекунад, оянда низ идома меёбад, - изҳор дошт Нусратулло Маҳмудов.
Люси Чилка иқдоми ташкилкунандагони конгрессро саривақтиву башардӯстона арзёбӣ карда, баён намуд, ки дар кишвари мо ҳуқуқҳои иҷтимоии инсон ҳамеша ҳимоя мешавад. «Ин кӯшишҳо далолат бар он мекунанд, ки онҳо одамони дорои маъюбиятро ба ҷомеа бештар қарин кардан мехоҳанд. Бисёр хуб аст, вақте як нафар маъюб худро узви комилҳуқуқи  ҷомеа эҳсос мекунад ва дарк менамояд, ки хидмати ӯ барои пешбурди ҷамъият зарур аст», - афзуд Люси Чилка.
Дар байни зиёда аз 100 нафар дорои маъюбият, ки дар доираи баргузории нахустконгресс аз минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон ҷамъ омада буданд,  набуд касе, ки дорои истеъдод ва  қобилияти махсус набошад. Масалан, Фарида Алибахшова (шаҳри Хоруғ) тарҷумони забони англисӣ буда, байни иштирокдорону меҳмонони хориҷӣ тарҷумонӣ мекард, Раъно Хоҷаева (ноҳияи Файзобод) донандаи ду забони хориҷӣ буда, забони ишораро низ медонад, Аюбҷон Одинаев (шаҳри Душанбе) оператори таксиҳои «Рахш», Шаҳзода Султонова (шаҳри Душанбе) яке аз нахустин бонуҳои тоҷик аст, ки дар аробачаи маъюбӣ рақс карда, барандаи чандин озмунҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ гаштааст. Рақси рӯи аробачаи маъюбӣ, ки аз тарафи дастаи ҳаштнафараи «Суғдиён» (ноҳияи Бобоҷон Ғафуров) намоиш дода шуд ва баскетболбозии дастаи «Умед» (шаҳри Душанбе) таваҷҷуҳи ҳозиронро бештар ба худ ҷалб кард.  Сардори гурӯҳи рақсӣ Рамзиддин Ҷӯраев иттилоъ дод, ки ин дастаи ҳунарӣ ба ифтихори Соли ҷавонон ташкил ёфта, аввалин барномаи консертии худро дар вилояти Суғд намоиш дод. Вақте одамон дилгармию ирода ва хушбинии раққосони моро мебинанд, ба қадри зиндагӣ ва саломатӣ бештар мерасанд, барои беҳтар шудани рӯзгори худ кӯшиш мекунанд.
Қиёмиддин Иброҳимзода изҳор дошт, ки Вазорати фарҳанг ҳавасманди ҳамкориҳои оянда бо чунин дастаҳои ҳунарӣ буда, то қадри имкон онҳоро дастгирӣ мекунад.
Давоми ду рӯз овозхон Матлуба Раҳимова табъи ҳозиринро бо сурудҳои ҷаззоби хеш болида кард. Ӯ ҳангоми суханронӣ тавассути як ҳикмати оқилона даъват ба амал овард, ки: «Ба мо моҳӣ дошта надиҳед, балки моҳидориро барои мо омӯзонед». Ин ҳоҳиши Матлуба гувоҳӣ бар он медод, ки одамони дорои маъюбият зиндагиро саршор аз нури умед мебинанд. Аз мо фақат меҳрубонӣ, кумак  ва забони ширин талаб карда мешавад.
Аз рафти нахустконгресс маълум шуд, ки одамони дорои маъюбият дар кишвар сол ба сол фаъол мешаванд. Аз имкониятҳои мавҷуда  истифода бурда, созмонҳои гуногун, дастаҳои ҳунарию варзишӣ, иттиҳодияҳои ёрирасон дар соҳаи ҳуқуқ ва соҳибкорӣ ташкил намуда, собит мекунанд, ки онҳо ҳаргиз сарбории ҷомеа нестанд ва метавонанд дар ободонии кишвар саҳм бигиранд.
Б. САЛИМПУР,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 27.11.2017    №: 243    Мутолиа карданд: 732

24.06.2019


Президенти Филиппин моҳи октябр ба Россия меояд

Трамп бо Эрон омодаи гуфтушунид буданашро тасдиқ намуд

Дар Ҳиндустон афтидани хайма боиси марги 14 нафар шуд

СУҒД. Оғози мусобиқаи байналмилалӣ

"ФИЛОСОФИЯ ОТДЫХА" имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистонро таҳлил намуд

Ҷаҳон дар як сатр

21.06.2019


Мулоқоти Хайринисо Юсуфӣ бо Валериу Кивер

Ҳамоиш бахшида ба таъмини устувории макроиқтисодӣ

Муаррифии натиҷаҳои фаъолият дар самти безараргардонии башардӯстонаи минаҳо

20.06.2019


Гумерова: «Омӯзгорони рус дар Тоҷикистон мондан мехоҳанд»

СММ: «Ҳиндустон дар нуфуси аҳолӣ баъди 8 сол аз Чин мегузарад»

Пекин тавсеаи ёрии иқтисодӣ ва башарӣ ба Сурияро зарур мешуморад

Дар Ҷопон ҷазои ҷисмонии кӯдаконро манъ карданд

Ҷаҳон дар як сатр

19.06.2019


Дар Кӯлоб Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон баргузор шуд

Баррасии вазъ ва дурнамои ҳамкориҳо

Боздид аз Муассисаи давлатии «Боғи миллии Ваҳдат”

ПАНҶАКЕНТ. Омодагиҳо ба ҷашни фархунда

Писарбачаи тоҷик дар Хабаровск дӯсташро аз чоҳи оби ҷӯш наҷот дод

Тоҷикистону Беларус: «Муҳокимаи тақвияти ҳамкориҳои низомӣ»

Си Ҷинпин азми сафари Ҷумҳурии Халқии Демократии Корея дорад

Ҷаҳон дар як сатр

12.06.2019


ХУҶАНД. "Зирвеко" ба фаъолият мепардозад

Муаррифии асари Си Ҷинпин «Дар бораи идоракунии давлатӣ»

Баргузории конфронси сайёҳӣ дар Рашт

Масоили низоми бонкӣ матраҳ гардид

Дар Чин аз обхезии тобистона 6,75 миллион нафар зарар дид

Дар Ӯзбекистон рӯйхати идҳои касбиро Рӯзи китобдор афзуд

Дар Ҷопон ба солхӯрдаҳо шаҳодатномаи вижаи ронандагӣ медиҳанд

Сокини Британия дар лотерея Ј123 миллион бурд намуд

Ҷаҳон дар як сатр

11.06.2019


Песков: «Путин ба Тоҷикистон ва Қирғизистон сафар мекунад»

Иштироки роҳбарони 11 кишвар дар ҳамоиши Бишкек

Президенти Қазоқистон аз хусуси роҳҳои ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ ҳарф зад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед