logo

иқтисод

ЧӢ ДУРНАМОЕ ДОРАД НОҲИЯИ ҶАББОР РАСУЛОВ?

Таҳлили ҷараёни кор дар ноҳияи Ҷаббор Расулов аз он бозгӯйӣ дорад, ки ҷалби соҳибкорон ҷиҳати корҳои созандагӣ, махсусан дар самти бахши тавлидот мувофиқи матлаб нест. Бо ишора ба ин, дар яке аз маҷлисҳои навбатӣ Абдураҳмон Қодирӣ, раиси вилояти Суғд, оид ба бунёд нашудани коргоҳҳои истеҳсолӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ дар ин ноҳия ҷиддан изҳори нигаронӣ карда буд.  Воқеан, маҳз бо сабаби аз фаъолият мондани чанд корхонаи саноатӣ дар ноҳия нақшаи пардохти андоз иҷро нашуд. Мусаллам аст, ки ободӣ, тасмиму иқдомҳои созандагӣ  асосан, аз ҳисоби таъмини барзиёди нақшаи андоз роҳандозӣ мегарданд.

Комилҷон   Салимзода, раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов, иброз дошт, ки ҷиҳати татбиқи дастури Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  оид ба соҳаи маориф  дар давоми се соли охир мактабҳои зиёд таъмиру тармим ва синфхонаҳои иловагӣ, муассисаҳои томактабӣ сохта шуданд. Бинои нави идораи маорифро соли оянда бо тамоми шароити ҷавобгӯй ба талаботи рӯз мавриди истифода қарор хоҳанд дод, ҳамчунин як мактаби нави сеошёна дар деҳаи Қӯрғонча  фарзандони аҳолиро ба таълим фаро хоҳад гирифт.  Беморхонаи марказии ноҳия, ки ба навсозӣ ниёз дошт, бо маблағгузории сармоягузорони маҳаллӣ пурра таъмир гашт.
Дар ноҳия, ҳамчунин,  ба масъалаи ободии роҳҳои мошингарди дохиливу байнишаҳрӣ  аҳамият дода мешавад, фақат дар давоми ду соли охир 26 километр роҳ бо сифати баланд мумфарш шуд.
- Чаро солҳои охир ҷиҳати рушди саноат, бунёди корхонаҳои хурду миёнаи истеҳсолӣ тасмимҳои мушаххас ба мушоҳида намерасанд? - суол мекунам аз раиси ноҳия.
- Воқеан ҳам дар ин самт камбудӣ ҳаст ва мо талош дорем шурӯъ аз соли 2018 барои рафъи он тадбирҳои муассир роҳандозӣ намоем, - иброз медорад раиси ноҳия, - мутобиқи маълумоти соҳаи геологӣ дар мавзеи Қӯрғонча, 26 километр дуртар аз маркази ноҳия, кони ангишт кашф шудааст, ки ба истихроҷи он оғоз мебахшем.  Ҷойҳои нави корӣ пайдо мешаванд ва ноҳияву вилоят бо ангишт таъмин хоҳанд шуд. Дурнамои дигар коркарди реги махсуси квартсӣ мебошад, ки аз он шиша омода месозанд.
Тибқи Барномаи рушди иқтисодию иҷтимоии ноҳия барои солҳои 2016 - 2020 барои эҳё ва рушди саноат қариб 57 миллион сомонӣ маблағ бояд сарф шавад. Сарчашмаи дигари рушди иқтисодии ноҳия иртибот дорад ба соҳаи кишоварзӣ, ки дурнамои хубе дорад. Бо маблағгузории давлатӣ, ки зиёда аз 8 миллион сомониро дар бар мегирад, коргоҳҳои хурди коркарди меваю сабзавот сохта мешаванд.
Баҳри тараққӣ додани соҳоти хоҷагии халқи ноҳия дар 4 - 5 соли охир бояд 185 лоиҳа бо маблағгузории 335,2 миллион сомонӣ татбиқ гардад, ки аз ин зиёда аз 60 дарсади он баҳри рушди саноат нигаронда шудааст.
  Ҷовиди АШТӢ,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 27.11.2017    №: 243    Мутолиа карданд: 716

23.04.2019


ДЗЮ – ДО. Медали нуқраи Темур Раҳимов аз Чемпионати Осиё

Тиб. Муваффақияти камназири ҷарроҳони рус

Пирӯзии Зеленский дар интихоботи Украина

Фоҷиа дар Шри-Ланка Теъдоди қурбониён ба 300 нафар расид

Лукашенко Россияро ҳомии истиқлолияти Беларус номид

Ёрии низомию техникии Қазоқистон ба Тоҷикистон

Ҷаҳон дар як сатр

22.04.2019


НИММАРАФОНИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДУШАНБЕ. Фенти Тилахан дар мақоми аввал

Ваҳдат ҳусни тоза мегирад

ХОРУҒ. Бунёди бинои шабакаи ёрии таъҷилӣ

19.04.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Жан - Батист Лемуан

Пойтахт ба таҷлили Рӯзи Ғалаба омодагӣ мебинад

Масоили рушди соҳаи маориф матраҳ гардид

Дар Донишгоҳи давлатии Данғара конфронси ҷумҳуриявӣ доир мешавад

Душанбе варзишгарони 15 кишварро ба ҳам меорад

Ҷаҳон дар як сатр

18.04.2019


ҶОМИ АФК. Пирӯзии "Хуҷанд" ва мусовии "Истиқлол"

МУЪМИНОБОД. 221 иншоот дар се сол

РАШТ. Боғистон доман паҳн мекунад

17.04.2019


БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ . Ба қонун иловаҳо ворид шуданд

ДМТ. Як нишасти муҳим

Хонандагони Душанбе пешсафи олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ

Армуғон барои дӯстдорони ҷуғрофия

ҶОМИ ОСИЁ. Паҳлавонони тоҷик соҳиби 5 медал

Ҷаҳон дар як сатр

16.04.2019


Вохӯрии Саидзода Зоҳир Озод бо Аскар Таҷибаев

Баррасии масоили мубрам

Ҳамоиш бахшида ба оғози расмии Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Калонтарин тайёра дар дунё ба ҳаво хест

Дар Қазоқистон онлайн-қаллобон фаъол мешаванд

Дар СММ аз манфиати лоиҳаи «Камарбандҳо ва роҳҳо» сухан рафт

Аз таркиш дар Афғонистон ҳафт кӯдак ҳалок гашт

Филмҳои ду коргардони тоҷик барои Фестивали кинои мусалмонӣ интихоб шуданд

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед