logo

иқтисод

ЗАМИН. ИСЛОҲОТИ САМАРАБАХШИ ОН ДАР ТОҶИКИСТОН

Истифодаи самараноки замин дар самти таъмини амнияти ғизоии аҳолии мамлакат  нақши муҳим мебозад. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади танзими дурусти истифодаи замин ҳанӯз  соли 1996 Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистонро қабул намуд,  ки  дар заминаи он соҳаи кишоварзӣ низ рӯ ба беҳбудӣ ниҳод. Дар радифи такмили қонунгузории замин ҳамкориҳои байнидавлатӣ дар  самти  ислоҳоти он хуб ба роҳ монда шудаанд.  Аз соли 2014 тибқи созишномаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва Ҳукумати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико  оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи расондани ёрии гуманитарӣ – техникӣ лоиҳа «Оид ба рушди бозори ҳуқуқи истифодабарии замин дар доираи барномаи  «Озуқаворӣ  ба хотири оянда» дар Тоҷикистон»  мавриди амал қарор дорад.
Азизмаҳмад Каримзода, муовини якуми раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ, зимни конфронси «Заминистифодабарӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, танзими ҳуқуқӣ, мушкилот ва роҳҳои такмили он»,  зикр намуд, ки бо  дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон лоиҳа дар сатҳи баланд татбиқ гашта, ба мукаммалсозии меъёрҳои ҳуқуқии соҳа, бақайдгирии амволи ғайриманқул ва баланд бардоштани маърифати истифодаи  замин мусоидат намуд.  Ҳадаф аз роҳандозии лоиҳа таъмини ҳуқуқи деҳқонон ҷиҳати  фурӯш, харид ва ба иҷора додани истифодаи замин мебошад. Ҳоло дар доираи лоиҳа дар 13 шаҳру ноҳия доир ба ҳуқуқи  замин, аз ҷумла меъёри бақайдгирии он ва додани маслиҳатҳои ҳуқуқӣ ба мардум,   ёрии амалӣ  расонда мешавад. 
Ватанзода Муҳаммадалӣ,  ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ,  изҳор дошт, ки бо мақсади рушди соҳаи кишоварзӣ ва афзоиши маҳсулоти он дар мамлакат ислоҳоти замин ба роҳ монда шудааст. Он яке аз самтҳои асосии сиёсати Ҳукумати кишвар дар ҷодаи таъмини амнияти ғизоист. Муҳайё намудани шароити низоми истифодаи замин, ташкили шаклҳои гуногуни хоҷагидорӣ,  ҳифз ва самаранок ба кор бурдани он қисмҳои муҳими ислоҳоти замин дар мамлакат мебошанд. Дар натиҷаи ба вуҷуд омадани муносибатҳои нави заминдорӣ соли 2012 ба кодекси мазкур меъёрҳои нав ворид гардида, барои шаҳрвандон дар ин самт имкониятҳои васеъро фароҳам оварданд.
Ба гуфтаи Лора Чизмо, роҳбари бахши иқтисодии ташкилоти USAID, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд дар самти ислоҳоти замин ба дастовардҳои назаррас ноил гашта,  тавассути он  ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзиро дар кишвар зиёд намуд. Дар асоси  чораҳои андешида ҳосилнокии заминҳо баланд  шуда,   мӯҷиби ҳавасмандии кишоварзон ба кишту парвариши навъҳои гуногуни зироат гардид. Бо вуҷуди дастовардҳо ислоҳоти замин як қисми асосии барномаи «Озуқаворӣ ба хотири оянда» боқӣ мемонад. Ҳоло барномаи мазкур дар 12 ноҳияи вилояти Хатлон амалӣ гардида истодааст.
Ташкили хоҷагиҳои деҳқонӣ дар заминаи ислоҳоти замин яке аз тадбирҳои муҳим  мебошад, ки солҳои охир ба афзоиши маҳсулоти кишоварзӣ ва истифодаи самараноки замин такон бахшид. Деҳқонони пахтакори кишвар имсол тавонистанд нақшаи истеҳсоли пахтаро барзиёд иҷро намоянд. Ҳамчунин, бо дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат дар талу теппаҳо ва доманкӯҳҳои шаҳру навоҳӣ  бунёди боғу токзор вусъат гирифта, дар майдонҳои ҳамвору обии кишт парвариши сабзавот роҳандозӣ  гардид. Нишондодҳои мазкур шаҳодати онанд, ки ислоҳоти замин дар мамлакат босамар идома дорад.
Ташрифулло САЪДУЛЛОЕВ,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 27.11.2017    №: 243    Мутолиа карданд: 864

15.02.2019


ШАМШЕРБОЗӢ. ИШТИРОКИ ВАРЗИШГАРОНИ МО ДАР ЧЕМПИОНАТИ КУШОДИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Дар Душанбе ташкили низоми муттаҳидаи мудофиаи зиддиҳавоӣ баррасӣ шуд

Дар чор сол муомилоти мол байни Тоҷикистону Ӯзбекистон 19 маротиба афзуд

Медведев: «Таҳримоти ИМА ба иқтисоди Россия таъсири чандон бузург расонда наметавонад»

Пентагон. ИМА аз Афғонистон ҳамроҳи иттифоқчиёнаш меравад

13.02.2019


2018. Сиёсати хориҷии Тоҷикистон пурбарор буд

КОРРУПСИЯ. 2047 ҷиноят ошкор гардид

САНОАТ. Беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулот содирот шуд

САРМОЯИ МУСТАҚИМ. Воридот дар ҳоли афзоиш аст

ОБ. Таъминоти аҳолӣ рӯ ба беҳбудӣ дорад

АВҶИ ОБОДКОРИҲО ДАР ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА

12.02.2019


АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО АЗ КАШФИЁТИ НАВ ТО САНОАТИ ДОРУСОЗӢ

КӮЛОБ. Содироти 825 тонна маҳсулоти кишоварзӣ

ДАНҒАРА. Саноатикунонӣ вусъат мегирад

ФУРУДГОҲҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Сатҳи хизматрасонӣ рӯ ба беҳбудӣ дорад

ДДК. Авлавият ба сатҳи касбият ва таълим

САДА. Тантанаи ҷашни миллӣ дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин

11.02.2019


ВАЗОРАТИ ФАРҲАНГ. 2018 - соли муваффақиятҳо буд

КУМИТАИ РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 1 миллион сайёҳ ба Тоҷикистон омад

МТС. Ҳамкориҳо бо Ӯзбекистон густариш меёбанд

ВМКБ. Гумрукчиён ба буҷет 16,9 миллион сомонӣ ворид карданд

ҲИСОР. Саҳми назарраси соҳибкорон дар ободонии шаҳр

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот ба 1 миллиард сомонӣ расид

ВАРЗОБ. Таваҷҷуҳи сайёҳон ба нуқтаҳои истироҳатӣ афзудааст

08.02.2019


Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ. Музди миёнаи меҳнат - 1220 сомонӣ

КУМИТАИ ТЕЛЕВИЗИОН ВА РАДИО. Сифати кори шабакаҳо беҳтар мешавад

КҲФМГ. Офатҳои табиат 34 миллион самонӣ хисорот овард

Саноатикунонӣ дар Шаҳринав

Меъёри бозтамвил ба 14 дарсад поён фаромад

ШАҲРИ ВАҲДАТ. Иҷрои барзиёди андози иҷтимоӣ

ТАНЗИМ. Қонуншиканӣ коҳиш ёфтааст

СОҲИЛ. Корҳои мустаҳкамсозӣ вусъат меёбанд

ДДСТДТ. Авлавият ба рушди ҳунарҳои мардумӣ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед