logo

фарҳанг

ТАРҶУМА ВА ТАРҶУМОНӢ. ЧАНД ПАҲЛУИ ЯК ПРОБЛЕМА

Баъди соҳибистиқлол шудани Тоҷикистон дар кишварамон пайваста сафоратхонаву консулгариҳо, созмонҳои байналхалқиву байнидавлатӣ, бонкҳою муассисаҳои гуногун ба фаъолият шурӯъ намуданд, ки ҳамаи онҳо ба заҳмати тарҷумон эҳтиёҷ доранд. Ҷомеаи имрӯзаи моро бидуни фаъолияти тарҷумонҳои соҳаҳои мухталиф тасаввур кардан мушкил аст. Бо мақсади рӯшанӣ андохтан ба паҳлуҳои гуногуни мавзӯи мазкур суҳбате доштем бо Абдурашид Самадов, номзади илмҳои филология, пажӯҳишгари масъалаҳои тарҷума.
Бино ба гуфтаи ӯ, тарҷума, назарияи он ва тарҷумонӣ дар ҷаҳони мутамаддин аз муҳимтарин бахшҳои соҳаҳои иҷтимоиву сиёсии кишварҳои дунё, ба ҳисоб меравад. Қариб дар ҳар муассисаю идора ва созмонҳо дар шароити кунунӣ зарур мешавад, ки ин ё он санадро аз як забон ба забони дигар тарҷума ва нашр намоянд. Дар ин росто, қайд кардан зарур аст, ки дар факултетҳо ва мактабҳои олие, ки тарҷумон омода мекунанд, на ҳамаи шароит барои донишҷӯён муҳайёст. Тарҷумаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ аксар маврид иштибоҳҳои ҷузъиву куллӣ доранд ва ин, албатта, ислоҳ ва чораандешиҳои ногузирро мехоҳад. Аз ин рӯ, дастгирӣ намудани тарҷумонҳо ва бо маводи пажӯҳишиву назарӣ таъмин кардани онҳо саривақтист.
- Ду ҷанбаи муҳими тарҷума, ки аҳамияти бузурги давлатӣ дорад, тарҷумаи ҳамзамон (паиҳам) ва тарҷумаи низомӣ (ҳарбӣ) мебошад. Тарҷумаи ҳамзамон он аст, ки тарҷумон суханронии намояндаи расмии кишварҳои хориҷӣ ё ҳамватанони худро дар баробари маърӯзакунанда тарҷума мекунад. Дар ин маврид ҳарчанд, ки тарҷумон бо матни суханронӣ қаблан ошност, аммо баъзе руҷӯъҳо, гуфтугӯҳову таҳлилҳои берун аз маърӯза аз тарҷумон зиракӣ, дониш ва фонди неруманди луғавӣ мехоҳад. Зеро дар чорабиниҳои сатҳи баланд, ба монанди ҷаласаҳои марбут ба об мақсаду мароми соҳибзабонро пурра ва фаҳмо тарҷума кардани тарҷумон талаб карда мешавад, - изҳор дошт Абдурашид Самадов.
Номбурда таъкид мекунад, ки тарҷумаи низомӣ низ шароит ва мутахассисони ботаҷриба мехоҳад. Мақомоти қудратӣ ҳамчун рукни асосии давлат бояд ба ин ҷиҳати масъала аҳамияти аввалиндараҷа диҳад. Дар ин замони зудтағйирёбанда ва саршор аз мухолифатҳои гуногун тарҷумаи матнҳои низомӣ, санадҳои ҳарбӣ ва характери ҳарбию сиёсӣ дошта бисёр зарур аст.
Аз таҳлилҳо бармеояд, ки барои соҳаи тарҷума адабиёт ва маводи зурурии таълимиву илмӣ басо кам интишор меёбанд. Як - ду маҷаллае, ба монанди «Адаб», «Навруста», «Фурӯғи тарҷума» чоп мешаванду мешуданд, ки дар онҳо аксар намунаҳои тарҷума ва зиндагиномаи тарҷумонҳои барҷаста нашр мешаванд. Аммо назарияи тарҷума ва тарҷумонӣ ба адабиёт ва як маҷаллаи алоҳидаи илмӣ сахт ниёз дорад.
Тарҷумаи осори бадеӣ низ аз масоили муҳимтарини фарҳанг буда, нақши онро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар гуфтугӯи тамаддунҳо чунин таъкид дошта буданд: «Дар айни замон тарҷумаи бадеӣ омили муҳими таҳкими робитаҳои адабист. Бояд беҳтарин осори адабиёти ҷаҳонӣ ба тоҷикӣ тарҷума шавад ва асарҳои беҳтарини адабиёти мо ба забонҳои дигар баргардонда шаванд».
- Масъалаи дигар ин аст, ки аз забони асл қариб, ки тарҷума намекунем. Аксари баргардони асарҳо тавассути забони русӣ сурат мегиранд ва тарҷумонҳои ҷавон, ки дар риштаҳои забонҳои англисӣ, олмонӣ, фаронсавӣ, чинӣ, ҷопонӣ, куриёӣ, арабӣ таҳсил мекунанд, забони русиро маншаи кори хеш қарор медиҳанд. Чанде пеш аз дӯстони чинӣ паём гирифтам, ки кайҳо дар Чин «Антологияи адабиёти тоҷик» дар 18 ҷилд чоп шудааст. Аз ин кори муҳими илмиву фундаменталӣ, ки пажӯҳишгарони чинӣ дар бораи адабиёти мо кардаанд, на танҳо тарҷумонҳои ҷавон, балки мо олимони ҳамин соҳа иттилоъ надорем. Аз ин сабаб, ташкили ниҳоди махсуси давлатӣ вобаста ба тарҷума як амри воқеӣ ба назар мерасад, - мегӯяд Абдурашид Самадов.
Бузургмеҳри БАҲОДУР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 27.11.2017    №: 243    Мутолиа карданд: 1130

19.04.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Жан - Батист Лемуан

Пойтахт ба таҷлили Рӯзи Ғалаба омодагӣ мебинад

Масоили рушди соҳаи маориф матраҳ гардид

Дар Донишгоҳи давлатии Данғара конфронси ҷумҳуриявӣ доир мешавад

Душанбе варзишгарони 15 кишварро ба ҳам меорад

Ҷаҳон дар як сатр

18.04.2019


ҶОМИ АФК. Пирӯзии "Хуҷанд" ва мусовии "Истиқлол"

МУЪМИНОБОД. 221 иншоот дар се сол

РАШТ. Боғистон доман паҳн мекунад

17.04.2019


БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ . Ба қонун иловаҳо ворид шуданд

ДМТ. Як нишасти муҳим

Хонандагони Душанбе пешсафи олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ

Армуғон барои дӯстдорони ҷуғрофия

ҶОМИ ОСИЁ. Паҳлавонони тоҷик соҳиби 5 медал

Ҷаҳон дар як сатр

16.04.2019


Вохӯрии Саидзода Зоҳир Озод бо Аскар Таҷибаев

Баррасии масоили мубрам

Ҳамоиш бахшида ба оғози расмии Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Калонтарин тайёра дар дунё ба ҳаво хест

Дар Қазоқистон онлайн-қаллобон фаъол мешаванд

Дар СММ аз манфиати лоиҳаи «Камарбандҳо ва роҳҳо» сухан рафт

Аз таркиш дар Афғонистон ҳафт кӯдак ҳалок гашт

Филмҳои ду коргардони тоҷик барои Фестивали кинои мусалмонӣ интихоб шуданд

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС. Иштироки варзишгарони тоҷик дар Чемпионати Осиё

12.04.2019


Бо иштироки Сарвазири мамлакат дар шаҳри Кӯлоб як қатор иншоот ба истифода дода шуд

Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозони миллии давлатҳои аъзои СҲШ

Форуми байналмилалии рушди сармояи инсонӣ доир мегардад

ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ – 2019 ОИД БА ФУТЗАЛ. Рақибони Тоҷикистон муайян гаштанд

"Кашшофи падидаҳои наврас"

НОҲИЯИ РӮДАКӢ . Сафи соҳибкорони ватандӯст меафзояд

НУРОБОД . Эҳтиром ба шахсиятҳои таърихӣ

Ҷаҳон дар як сатр

11.04.2019


"Тоҷикон" ба забони ӯзбекӣ нашр шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед