иқтисод
МОИ "ДАНҒАРА". ВОРИДОТИ САРМОЯ БЕШТАР МЕГАРДАД
Маъмурияти Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» ва субъектҳои соҳибкории он тасмим гирифтаанд, ки соли 2018 навбати аввали корхонаи коркарди нафтро бо сармояи қариб 80 миллион доллари ИМА ва иқтидори истеҳсолии коркарди 500 ҳазор тонна нафт дар як сол ба истифода диҳанд. Аллакай корҳои сохтмонӣ дар ин самт ба андозаи 98 дарсад ба анҷом расидаанд.
Тибқи иттилои Сафаралӣ Тайфуров, муовини роҳбари маъмурияти МОИ «Данғара», аз аввали сол то ин дам ҳаҷми маҳсулоти истеҳсолкардаи субъектҳои МОИ «Данғара» ба 13 миллион сомонӣ расид.
Феълан дар минтақаи озоди иқтисодӣ 31 субъект ба қайд гирифта шуда, 7 - тои он аз сармоягузори ватанӣ, 16 чинӣ, 2 эронӣ ва 1 покистонӣ мебошад. Мувофиқи бизнес - нақшаи соҳибкорони МОИ тӯли се - чор соли оянда бояд ба минтақа беш аз 1,1 миллиард доллари ИМА сармоя ворид гардад. Ҳаҷми воридоти сармоя ба минтақа аз оғози фаъолияти он 1 миллиарду 395 миллион сомониро дар бар мегирад, ки дар байни минтақаҳои озоди иқтисодии кишвар нишондиҳандаи беҳтарин мебошад.
То имрӯз дар ин гӯшаи пешрафтаи иқтисодӣ корхонаҳои зиёд ба фаъолияти истеҳсолӣ оғоз намудаанд. Корхонаҳои истеҳсоли шағалу қум - «МИСР - 2001», маводи шустушӯӣ - «Тоҷи Осиё», истеҳсоли қубурҳои пластикӣ - «Тоҷпласт-1», коркарди намаки ошӣ - «Саддаҳо», ҷамъу васли техникаҳои калонҳаҷми сохтмонӣ - «Космос», коркарди меваҷот ва меваи хушк - «Грин голд», конструксияҳои филизии «Ауфэн» ва истеҳсоли маводи сохтмонии саноатӣ - ҶДММ «Лолазор - 88» аз зумраи онҳо мебошанд.
Маъмурияти минтақа вазифадор аст, ки ба субъектҳои соҳибкорӣ дар барасмиётдарории ҳуҷҷатҳо ва гирифтани иҷозатномаву раводид ёрии амалӣ расонад. Ба замми ин, дар ҳудуди МОИ «Данғара» терминали гумрукӣ амал мекунад, ки ин кори барасмиётдарории гумрукиро барои субъектҳои минтақа осон мегардонад. Ҳамаи ин имтиёзҳо дар минтақаҳои озоди иқтисодии кишвар мӯҷиби ҷалби сармоягузорони хориҷӣ гардидааст.
Бо назардошти соҳаҳои афзалиятнок дар МОИ «Данғара» бахшҳои коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, мева, пӯсту пашм, маҳсулоти ширу гӯшт, мошинсозию истеҳсоли дастгоҳҳои истеҳсолӣ, масолеҳи сохтмонӣ, истеҳсоли барқу энергетика, маводи кимиёӣ, тиббӣ ва дорусозӣ ба роҳ монда шудаанд.
Субъектҳои МОИ ҳангоми ба ҳудуди минтақа ворид кардани ашёи хом, техника ва таҷҳизот аз тамоми намуди боҷҳои гумрукӣ ва андозҳо озоданд.
Минтақаи мазкур дар маркази мамлакат ҷойгир буда, субъектҳои он имкон доранд, ки муносибатҳои иқтисодию тиҷоратии худро бо мамлакатҳои дигар, аз ҷумла Афғонистон (150 км), Покистон (500 км), Ӯзбекистон (220 км), Қирғизистон (350 км) ва Чин (1100 км) ба роҳ монанд.
Ш. ҚУРБОН, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 27.11.2017 №: 243 Мутолиа карданд: 795