иҷтимоиёт
“ТОҶИКСТАНДАРТ”. РИОЯИ ЛИБОСИ ЯГОНА ҚАТЪӢ НАЗОРАТ МЕШАВАД
Бо мақсади таъминоти беҳтари либоси ягонаи корӣ мутахассисони агентии “Тоҷикстандарт” бо кормандони марказҳои савдо, хӯроки умумӣ, нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ ва тарроҳон вохӯрӣ доир намуданд.
Зимни чорабинӣ зикр гардид, ки иқтисоди ҷумҳурӣ дар марҳилаи нави рушд қарор дош-та, тақозо менамояд, ки низоми бозордорию хизматрасонӣ дар сатҳи хуб ба роҳ монда шавад. Аз ҷумла, риояи сарулибоси касбӣ дар ин маврид аз аҳамият холӣ нест. Табиист, ки харидор ҳангоми ба марказҳои савдо ва нуқтаҳои хизматрасонӣ дохил шудан, нахуст ба тозагии сарулибоси фурӯшанда аҳамият медиҳад. Либоси шинаму зебои хизматгузорони соҳаи савдо мавқеи ӯро дар назди мизоҷон баланд менамояд.
Дар ҷамъомад кормандону масъулони агентӣ ба иштирокчиён намунаи либосҳои гуногунрангро пешкаш намуданд. Либосҳо, пеш аз ҳама, шинаму ороста буда, аз ҷониби тарроҳон мувофиқи табъу завқи мизоҷон омода шудаанд. Барои ҷолиб будани либоси ягонаи савдогарон ва хизматгузорони соҳаҳои гуногун бештар аз матоъҳои рангашон назаррабо (бунафш, сурх, норинҷӣ, сабзгун, зард) истифода гардидааст.
- Либоси ягонаи кормандони савдо ҳамавақт тозаю озода, дилкаш ва ҷолиб буда, табъи харидорону мизоҷонро бояд болида гардонад.
Риоя накардани қоидаҳои гигиенӣ ва хизматрасонӣ, пеш аз ҳама, аз надоштани либоси ягонаи фурӯшандаҳо ва кормандони марказҳои хизматрасонӣ сарчашма мегирад. Ин ҳолат ба он оварда расондааст, ки одитарин талаботи стандартҳои соҳаи хизматрасонӣ иҷро нагардиданд.
Агентии “Тоҷикстандарт”, ки вазифааш назорат аз болои талаботи стандарт аст, ҳамеша мекӯшад, ки дар ин самт бо ҳамаи корхонаву муассисаҳо, новобаста аз шакли моликияташон ҳамкории зич ба роҳ монда, дар ҳалли масъалаҳои вобаста ба баланд бардоштани сифати маҳсулот ва хизматрасонӣ кумак намояд. Ҳоло аз ҷониби роҳбарияти агентӣ дар самти фароҳам сохтани либоси ягонаи соҳавӣ гурӯҳҳои корӣ ташкил карда шудаанд.
Аммо бо вуҷуди шароити муҳайёгардида ва чораҳои қатъӣ дар баъзе нуқтаҳои савдо кормандони муассисаҳои хизматрасонӣ ва фурӯшгоҳҳо пӯшидани либоси ягонаи кориро сарфи назар менамоянд, ки аз хунукназарии онҳо нисбат ба соҳаи худ дарак медиҳад. Ҳамкории кормандони агентӣ бо воситаҳои ахбори омма ҷиҳати тарғиботи қоидаҳои гигиенӣ ва риояи сару либоси корӣ яке аз роҳҳои муассири баланд бардоштани маданияти савдогарон дар ин ҷода мебошад, - гуфт Ҳабибулло Ғуломзода, масъули бахши кору хизматрасонии агентӣ.
Матлубаи АБДУҚАҲҲОР, “Ҷумҳурият”
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 28.11.2017 №: 244 Мутолиа карданд: 836