logo

иҷтимоиёт

РӮЗГОРЕ БАРОИ ИБРАТ

Таърих гувоҳ аст, ки  занони далеру шуҷоъ ва оқили тоҷик ҳамеша дар қатори мардон дар самтҳои гуногуни илму ҳунар ва сиёсат фаъолият намуда, дар ҷомеа соҳибмақом гардидаанд. Ходими  намоёни давлатӣ ва аввалин бинокорзани тоҷик Ҳамро Тоҳирова аз зумраи чунин нафарон маҳсуб меёбад.

Ӯ аз зумраи нахустин бонувонест, ки дар самти интихобнамудааш муваффақ гардида, солҳои тӯлонӣ ба ҳайси роҳбар кору фаъолият намудааст. Замони роҳбариаш як қатор биноҳо сохта шудаанд, ки то имрӯз побарҷоянд.
Солҳои 1936 - 1940  сардори сохтмон ва муҳандиси шуъбаи сохтмони асосии Кумитаи давлатии сохтмону назорати Шӯрои Комиссарони халқии ҶШС Тоҷикистон буд. Ин муддат дар сохтмони биноҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, донишгоҳҳои тиббӣ ва миллии Тоҷикистон, Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ ва якчанд мактабҳои миёна саҳм гузоштааст.
Дар солҳои вазири сохтмони ҷумҳурӣ буданаш Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур, Донишгоҳи политехникии Тоҷикистон ба номи М. Осимӣ, чойхонаи “Роҳат”, бинои Театри ба номи А. Лоҳутӣ, истгоҳи роҳи оҳан, фурудгоҳ, неругоҳҳои барқи обии Қайроққум, Норак ва Шаршар сохта шуданд.
Ҳамро Тоҳирова аз соли 1937 аъзои Иттифоқи меъморони Иттиҳоди Шӯравӣ буд. Дар ҳаёти ҷамъиятӣ фаъолона иштирок мекард. Депутати Шӯрои Олии ҷумҳурӣ ва Иттиҳоди Шӯравӣ, аъзои Кумитаи  занон  интихоб гардида буд. Бо фаъолзанони шинохтаи ҷаҳон, аз ҷумла Индира Гандӣ, Ашока Гупта, Эжени Коттон, Жанни Мартен, Нина Попова борҳо дидору гуфтугӯ намудааст.
Заҳматҳои пайваста ва хизматҳои арзандааш бо ордену медалҳои “Ленин”, «Байрақи сурхи меҳнат», «Нишони фахрӣ» ва унвони Бинокори хизматнишондодаи Тоҷикистон қадр шудааст.
Имрӯз ҳам номи ин бинокорро бо некӣ ёд мекунанд.
Бахтовар ТЕМУРЗОДА,
корманди Осорхонаи миллии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 28.11.2017    №: 244    Мутолиа карданд: 974
10.08.2020


КОРОНАВИРУС. ШУМОРАИ ШИФОЁФТАГОН БА 6 ҲАЗОРУ 573 КАС РАСИД

ЁРИИ НАВБАТИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА СОКИНОНИ ЭҲТИЁҶМАНДИ БАДАХШОН

САФАРИ МУОВИНИ САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ ШИРИН ИСМАТУЛЛОЗОДА БА ШАҲРУ НОҲИЯҲОИ ҶУМҲУРӢ

«СУҒД ТЕКСТАЙЛЗ» ФАЪОЛИЯТАШРО ТАВСЕА МЕБАХШАД

ЛИГАИ ОЛӢ. "ИСТИҚЛОЛ", "ХУҶАНД" ВА "ХАТЛОН" ДАВРИ ДУЮМРО БО ПИРӮЗӢ ОҒОЗ КАРДАНД

БАДАХШОН. АВЛАВИЯТ БА ТАВСЕАИ МАЙДОНИ КИШТ

АГЕНТИИ НАШЪАОВАР. МУСОДИРАИ БЕШ АЗ 1 ТОННА МАВОДИ НАШЪАОВАР ВА МАҲВИ 26 ГУРӮҲИ ҶИНОЯТӢ

07.08.2020


ТОҶИКИСТОН. 6 ҲАЗОРУ 443 БЕМОРИ COVID-19 ШИФО ЁФТ

ВМКБ. ШИНОСОИИ АЗИМ ИБРОҲИМ БО ҶАРАЁНИ КОР ДАР ИНШООТИ ҶАШНӢ

КМИР. НАҚШАИ ТАҚВИМИИ ЧОРАБИНИҲОИ ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОНРО ТАСДИҚ КАРД

ЛИГАИ БОНУВОН. «ХАТЛОН» ҒОЛИБИ МАРҲИЛАИ АВВАЛ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

06.08.2020


ТОҶИКИСТОН. 6 ҲАЗОРУ 399 ГИРИФТОРИ БЕМОРИИ COVID-19 ШИФО ЁФТ

СУҒД. МАҲСУЛОТИ АРЗОН ЗИНДАГИРО БАРАКАТ МЕБАХШАД

АГЕНТӢ. ШУМОРАИ ХИЗМАТЧИЁНИ ДАВЛАТӢ АЗ ҲИСОБИ ЗАНОН КОҲИШ ЁФТААСТ. ЧАРО?

СЕРИЯ ПРО. МУБОРИЗАИ "СОРО - КОМПАНИЯ" ВА "СИПАР" ШИДДАТ МЕГИРАД

05.08.2020


ТОҶИКИСТОН. 6 ҲАЗОРУ 356 ГИРИФТОРИ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

АЗ «АМОНАТБОНК» СИПОСГУЗОРЕМ

ЛИГАИ ОЛӢ. МАРҲИЛАИ ДУЮМ 8 АВГУСТ ОҒОЗ МЕЁБАД

04.08.2020


ТОҶИКИСТОН. 6 ҲАЗОРУ 317 БЕМОРИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

ОМОДАГИҲО ҶИҲАТИ БАРӮЙХАТГИРИИ АҲОЛӢ ВА ФОНДИ МАНЗИЛ ИДОМА ДОРАНД

АГЕНТИИ СОДИРОТ. СОДИРОТИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ АФЗУД

83 КОРХОНАИ НАВИ САНОАТӢ МАВРИДИ БАҲРАБАРДОРӢ ҚАРОР ГИРИФТ

ВКД. САТҲИ ҶИНОЯТ КОҲИШ ЁФТ

SARS – CoV – 2. ТАДҚИҚОТИ ОЛИМОН ХАТАРИ НАВИ ОНРО ОШКОР СОХТ

ФАЙЗРЕЗ Ё СЕСАД ХАРБУЗА АЗ ЯК КАФ ЗАМИН

ҶОМИ ТОҶИКИСТОН – 2020. ҶУФТҲОИ ДАВРИ 1/4 - ФИНАЛӢ МУАЙЯН ГАРДИДАНД

03.08.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ КОРОНАВИРУС 83,7 ДАРСАДИ СИРОЯТЁФТАГОН СИҲАТ ШУДАНД

АКАДЕМИЯИ ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТӢ ДОНИШҶӮЁНИ ХОРИҶИРО БА ТАҲСИЛ ҶАЛБ КАРДАНИСТ

ҲИСОР. БУНЁДИ ИНШООТИ ҶАШНӢ ИДОМА ДОРАД

ГУМРУК. СОДИРОТИ МОЛУ МАҲСУЛОТИ ВАТАНӢ 19,1 ДАРСАД АФЗУД

КУМИТАИ АНДОЗ. ПАНДЕМИЯ БА ИҶРОИ НАҚША БЕТАЪСИР НАМОНД

ТОҶИКИСТОН. 6 ҲАЗОРУ 103 БЕМОРИ COVID - 19 СИҲАТ ШУД

СУҒД. РӮНАМОИИ КИТОБНОМАИ ҲАШТҶИЛДАИ “ПЕШВОИ МИЛЛАТ - ЭМОМАЛӢ РАҲМОН”

САРҲАД. ДАР НОҲИЯИ МИР САЙИД АЛИИ ҲАМАДОНӢ 127 ҶИНОЯТ БА ҚАЙД ГИРИФТА ШУД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед