logo

фарҳанг

ФАРЁДИ ЁДҲО

Боре дар баргакҳое (картотека), ки дар онҳо  ному насаб ва суруду навоҳои иҷронамудаи ҳунармандон сабт гардидаанд, номи  ин овозхон, Ҳабибуллоҳи Бекмуҳаммад ба чашмам афтод. Ман,  ки нав ба  идораи Радиои Тоҷикистон  чун муҳаррир ба кор омада будам, бо ҳисси кунҷковӣ аз ҳамкороне, ки солҳои дароз дар ин даргоҳ фаъолият  доштанд, аз ҳунару овози ин сароянда пурсон шудам.
- Писарам, - гуфт акои Худоёр, – ин марди ҳунар аз он диёрест, ки дар он ҷо Карими Шиш ном навозандаи беҳамто ва овозхони нотакрор чашм ба олами ҳастӣ кушода.
Сипас  ба бойгонии радио, ки дар таҳхонаи бино  ҷо гирифта буд, раҳсипор гаштам. Баъди оне, ки ҳар як суруди акои Ҳабибуллоҳро мешунидам, тамоми гӯшу ҳушам бо садои хушу навоҳои дилошӯбаш буд. Лаҳни хушу нағмаҳои ҷонгудозаш мани шунавандаро мафтун менамуд.
Соате аз шунидани сурудҳояш лаззати маънавӣ бардоштам. Ана аз ҳамон дам, аз ҳамон лаҳзаҳо ман мухлиси ин ҳунарманд гаштам.
Сурудҳои Ҳабибуллоҳи Бекмуҳаммадро пиру барно гоҳ зери лаб ва гоҳи дигар баланд зам-зама мекунанд. Ӯ маҳфилоро буд. Ҳамагон дӯсташ медоштанд.
Боре аз назди студияи сабти овоз мегузаштам, ки ногоҳ як садои ошно маро аз роҳ боздошт. Бештар аҳамият додам ба он садо, ба он наво.  Дар-ёфтам, ки соҳиби он садо кист. Бале, он садо, он ово ҳамоне буд, ки дар рӯзҳои аввали ба кор омаданам шунида будам.
Ҳабибуллоҳи  Бекмуҳаммад  суруди навбатии худро менавишт:
Дар ғами дунё ба дунёбехабар бовар макун,
Эй сафарнодида, ту бар ҳамсафар бовар макун.
Дӯст бар сайри ҷаҳон хонад агар, бар ҷон бирав,
Душманат гӯяд баро бар пушти дар, бовар макун…

Дарҳол ба назди акои Қиматуллои Раҷаб, ки коргардони овози идораи барномаҳои мусиқии радио буду он лаҳзаҳо сурудҳои ба тозагӣ эҷоднамудаи акои Ҳабибуллоҳро ба фитаи овоз менавишт, рафтам. Ӯ маро иҷозат дод, ки бо ин навозандаи чирадаст ва овозхони хушсадо аз наздик дидорбинӣ намуда, атрофи сурудҳои тозаэҷодаш ба мухлисонаш суҳбат дошта бошам. Дар суҳбат ӯро чун марди сухандон, суханфаҳм, марди маънирас дарёфтам. Суҳбат аз боби ҳунару ашъори волои нобиғаҳои назми  классикии тоҷик буд. Баъди ин вохӯрӣ мо моҳе як ё ду маротиба  дар алоқа мешудему аз суруду таронаҳои тозаэҷодаш пурсон мегардидам.
Хушбахтона, он рӯзе ҳам фаро расид, ки мо ҳар рӯз ба ҳамдигар дидор медидем. Роҳбарияти онвақтаи Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳунару истеъдоди  Ҳабибуллоҳро ба назар гирифта, ӯро ба ансамбли давлатии “Дарё” ба кор даъват намуд. Акнун рӯзҳои бедорхобии ӯ барои эҷоди суруду таронаҳои нав оғоз гардиданд. Дар як муддати кӯтоҳ як силсила сурудҳои хубу шуниданиро ба мухлисони садояш пешкаш намуд. Дар бисёре аз чорабиниҳои фарҳангии ҷумҳурӣ бо сурудҳои хуб хотири шунавандагонро шод месохт. Ҳамагон ба истиқболаш кафкӯбӣ менамуданд. Ӯро дигарбора ба саҳна мехонданд.
Баъди чанд соли фаъолият дар ансамбли «Дарё» Ҳабибуллоҳ ва чанд ҳунарманди дигарро барои пурра намудани ҳайати овозхонон ба ансамбли «Фалак» гузаронданд.
Соли 2006 ба деҳае, ки Ҳабибуллоҳ чашм ба олами ҳастӣ кушода буд, баҳри омода намудани “Накҳати шаббода”  ном барнома,ки фаъолияти сарояндагиашро фарогир буд, раҳсипор шудем. Айёми баҳорон диёри Кангурт биҳишти рӯи заминро мемонд. Кас аз бӯи муаттари талу теппаҳои сабзпӯш маст мегардид. Хушбахтона, он чанд рӯзе, ки дар ин диёри ҳунархез меҳмон шудем, як филми диданиву хотирмонро атрофи ин ҳунарманди накуном барои мухлисону пасовандон рӯи навор овардем.
Чанд соли охир васфи Ватани азизашро дар эҷодиёташ ҷо дода буд.  Ӯ ошиқи ашъори волои Ҳоҷӣ Ҳусайни нозукбаёну нозукхаёл буд. Чанд суруди  ин шоири ошиқи орифро ба фитаи овоз навишта буду мехост барномаи рангинеро  барои ҳаводоронаш пешкаш намояд. Вале марг омаду...
Ҳабибуллоҳ  марде буд ҳалиму хоксор, инсоне буд заминӣ, ҳунарманде дилогоҳ. Доимо дар пайи эҷоди суруди нав буд. Заҳмати зиёд мекашид, то дар дили мухлисонаш абадан маскан гираду як умр ба некӣ ёдаш бикунанд.
Ҳоло ҳам боварам намеояд, ки ин марди нуктадону нуктасанҷ  дар миёни мо нест. Суҳбаташро пазмон шудаам.  Ӯро ҷӯё мешавам. Бо сурудҳояш худро таскин медиҳам. Бо чеҳраи пуртабассумаш, ки доимо дар пеши назарам ҳаст, мегӯяд: “Ман аз шумо, дӯстонам, дур нестам. Ман ҷисман бо шумо набошам ҳам, рӯҳан бо шумоям. Маро аз сурудҳоям, аз навоҳоям дарёбед”.
Ҳусайн САФАРЗОДА


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 28.11.2017    №: 244    Мутолиа карданд: 755

19.02.2019


МАКТАБИ ДАВЛАТДОРИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН. ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

Баррасии масъалаҳои рушди сайёҳӣ

Вохӯрии Низомиддин Зоҳидӣ бо Мазен Шамия

Дурнамои рушди муносибатҳо матраҳ гардид

ҶОМИ КУШОДАИ АВРУПО. Муҳаммадризо Қувватов медали биринҷӣ ба даст овард

Авҷи ниҳолшинонӣ

Саҳми соҳибкорон дар ободии деҳот

Ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Чин ва Россия густурдатар мегардад

Сарвар Дониш: «Музокироти сулҳ бидуни ҳукумат қурбе надорад»

«Туҳфаи шоҳона» - и Арабистони Саудӣ ба шаҳрвандони Покистон

Дар Қазоқистон маркази амнияти иттилоотӣ ифтитоҳ меёбад

Сокини навраси Шимкент ду нафарро аз сӯхтор наҷот дод

Ҷаҳон дар як сатр

18.02.2019


Боздиди Азим Иброҳим аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ

ВКД Ҷиноятҳо 83,6 дарсад ошкор шуданд

Вазорати молия. Барои дастгирии буҷет маблағи бештар ҷалб хоҳад гашт

«BISHKEK OPEN – 2019». Дурахши каратэ-дочиёни навраси тоҷик

«МОҲИЯТ ВА ТАЪЙИНОТИ МАТБУОТИ МАҲАЛЛӢ»

РОҒУН. Ободонӣ вусъат меёбад

АНДОЗ. Нақша 100, 6 дарсад иҷро гардид

ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН. Гардиши савдо ду баробар афзуд

Тоҷикистон миёни кишварҳои ИДМ ба афзоиши баландтарини ММД муваффақ гашт

Дар Тошканд конфронси байналмилалӣ оид ба Осиёи Марказӣ баргузор мегардад

Қасри сафед: "Музокироти тиҷоратӣ дар Пекин ба пешравӣ мусоидат кард"

Трамп мехоҳад ҷангиёни «Давлати исломӣ» - ро ба Аврупо барои суд кардан баргардонад

Кумитаи амнияти иттилоотии Қазоқистон беш аз 90 сомонаи хавфнокро ошкор сохт

Ҷаҳон дар як сатр

15.02.2019


ШАМШЕРБОЗӢ. ИШТИРОКИ ВАРЗИШГАРОНИ МО ДАР ЧЕМПИОНАТИ КУШОДИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Дар Душанбе ташкили низоми муттаҳидаи мудофиаи зиддиҳавоӣ баррасӣ шуд

Дар чор сол муомилоти мол байни Тоҷикистону Ӯзбекистон 19 маротиба афзуд

Медведев: «Таҳримоти ИМА ба иқтисоди Россия таъсири чандон бузург расонда наметавонад»

Пентагон. ИМА аз Афғонистон ҳамроҳи иттифоқчиёнаш меравад

13.02.2019


2018. Сиёсати хориҷии Тоҷикистон пурбарор буд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед