logo

иқтисод

ВМКБ. 1,2 МИЛЛИОН СОМОНӢ ҚАРЗИ МУАССИСАҲОИ РОҲСОЗӢ

Зимистони соли гузашта барфи зиёд бориду дар роҳҳои вилоят 250 ҳодисаи тармафуроӣ ба қайд гирифта шуд. Қабати барф дар баъзе қитъаҳо  то 1,5 метр баланд буд. Аз ин корҳои изофа дар муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди вилоят афзуданд.  Роҳсозон барои қатъ нагардидани ҳаракати нақлиёт аз тамоми имкониятҳо истифода бурданд. Азбаски захираҳои мавҷуда барои иҷрои фаъолияти муассиса кифоя набуд, масъулон маҷбур шуданд, ки  техникаи ширкатҳои хусусиро киро намуда, аз нуқтаҳои фурӯш сӯзишворӣ  қарз гиранд.
Дар натиҷа қарзи идораҳои зертобеи муассиса дар назди ширкатҳои хусусӣ ба зиёда аз яку ним миллион сомонӣ расид. Аз он то ҳол  як миллиону 263 ҳазор сомонӣ пардохт нашудааст, ки ин барои фаъолияти мунтазами муассиса мушкилӣ пеш овард. Барои мисол, давоми сол муассиса корҳоро дар самти таъмири пулҳо, лӯлаҳо ва роҳҳо, ки мутобиқи нақша бояд амалӣ мешуданд, ба иҷро расонда натавонист. Ҳаҷми зиёди маблағи қарз ба муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳияи Шуғнон ва минтақаи  нигаҳдории роҳҳои автомобилгарди водии Ғунди ҳамин ноҳия,  ки дар  қитъаи  аз  ҳама   сербарфу  сертармаи  шоҳроҳи  Душанбе – Хоруғ - Кулма  фаъолият  доранд,   рост меояд.
Дар  машварати  назди  раиси  вилоят  бо  иштироки  Азим  Иброҳим, муовини  Сарвазири  мамлакат, зикр  гардид, ки дар  пардохт  нашудани  қарзҳо худи  муассисаҳо   айбдоранд. Онҳо дар  бораи қарз  санад  тартиб  дода, ба  Вазорати  нақлиёти  ҷумҳурӣ  пешниҳод  карда  бошанд ҳам, дигар  аз  паси  ҳалли  масъала  нашудаанд. Ҳамчунин, санадҳои тартибдода  ба   меъёрҳои  ҳуҷҷатгузориҳои  молиявӣ ҷавобгӯ  нестанд.
Шодихон  Ҷамшед, раиси  вилоят,  аз  фаъолияти  сусти  муассисаҳои  роҳсозӣ  дар робита  ба  омодагиҳо  ба   мавсими  зимистони  имсола   изҳори  нигаронӣ  намуда, таъкид  кард, ки  ба  ҳисоботи омории  ин муассисаҳо  чандон  эътимод  нест. Дар  мувозинаи   онҳо  118  техникаву  механизми  роҳсозӣ  мавҷуд буда, дар  асл  қариб  50 дарсади  онҳо  корношоям  мебошанд. Раиси  вилоят  зикр кард, ки то  ҳоло  барои  зимистонгузаронии имсола  ба  миқдори  даркорӣ  сӯзишворӣ, маводи  зидди лағжиш захира  нашудааст. Ба ситоди  ҳолатҳои  фавқулода   ва  мудофиаи  граждании  вилоят  супориш  дода  шуд, ки  бори  дигар   омодагии  техникаву  механизмҳои  муассисаҳоро  дар  ҷояш  санҷида  барояд.
Раҳмони ГУЛЗОР, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 28.11.2017    №: 244    Мутолиа карданд: 762

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе

Ба иштирокчиёни ҶБВ кумаки моддӣ расонда мешавад

Нахустини Форум байналмилалии санъати мақом баргузор хоҳад гашт

ЛЕВАКАНТ. Тантанаҳои истиқлолият

ФАЙЗОБОД. Ҳиммати як соҳибкор

ИШТИРОКИ ТИМИ МИЛЛӢ ДАР МУСОБИҚАИ BANGABANDHU GOLD CUP"

«ДИ» тахрибкоронашро ба Русия, Аврупо ва Осиё мефиристад

ХФА: "Даромади «Давлати исломӣ» 10 маротиба коҳиш ёфт"

Чин барои рушди ҶАҶ $60 миллиард ёрии молиявӣ мерасонад

Таҳримоти ғарбӣ метавонанд садди барқарорсозии Сурия гарданд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед