logo

иҷтимоиёт

БАРГҲОРО НАСӮЗОНЕД!

Аксари сокинони пойтахти азизамон – шаҳри Душанбе кормандону масъулони ниҳодҳои дахлдор буда, пас аз соатҳои корӣ ҳамроҳи фарзандону наберагон ва дӯстони худ ба сайругашти шаҳр мебароянд. Ҳатто агар мушоҳида карда бошед, меҳмонони хориҷӣ низ баъди анҷоми корҳои худ шабҳо ба тамошои шаҳр ва боғу хиёбонҳои атрофи он мераванд. Аммо дар фасли тирамоҳ дуди ғализи баргҳои дарахтон дар фазои шаҳр печида, намегузорад, ки озодона дар кӯчаву хиёбонҳои шаҳр қадам занед ва хастагии рӯҳии вуҷудатонро дур кунед.

Сокини пойтахт будан, бо вуҷуди ифтихор, инчунин, масъулиятро низ тақозо дорад. Аз ин сабаб, аз сокинони шаҳри Душанбе эҳтиромона хоҳиш карда мешавад, ки тӯдаҳои баргро насӯзанд ва шаҳрро дар оғӯши дуд нагузоранд. Чанд вақти охир мушоҳида мекунем, ки шомгоҳон пас аз дудолуд шудани ҳавои шаҳр тирезаҳои хонаҳои баландошёна кушода намешавад, зеро баробари кушодан фазои хона низ аз дуд пур мешавад. Шахсе, ки ба хазон оташ мезанад, шояд фикр мекунад, ки танҳо гирду атроф дудолуд мешавад, аммо дуд, бавижа дуди баргҳои ҳанӯз тари дарахтон то дер вақт дар фазо мепечад ва ба маҳалҳои дигар низ рафта мерасад.
Бо чандин сокинон ва фаъолони маҳаллаҳо дар ноҳияи Синои пойтахт суҳбат доштем. Аз гуфтаҳои онҳо бармеояд, ки аз каммасъулиятиву кӯтоҳандешии баъзе шаҳрвандон дар фасли тирамоҳ шикоятҳо меафзояд. Махсусан, дар моҳҳои октябр ва ноябри соли ҷорӣ чандин раисони маҳаллаҳои навоҳии шаҳрро ба хотири маҳз ҳамин кирдори сокинон ҷарима бастаанд. Ҳоло корҳои фаҳмондадиҳӣ ва чораҳои пешгирикунанда идома доранд.
Аз ин пас, раисони маҳалларо мебояд байни биноҳои баландошёна гашта, оташзании хазонро дар нуқтаҳои гуногун назорат кунанд. Баъзе касон гумон доранд, ки хазонро пеши партовгоҳи назди бинои худ бурда оташ зананд, ба манфиати кор аст. Ҳол он ки дуд аз куҷое ҳам сар занад, боз роҳаш сӯи биноҳо ва маҳалҳои истиқоматии шаҳрвандон аст.
Маҳастӣ Муродова, сокини шаҳр, изҳор медорад, ки дуди хазон бештар ба саломатии кӯдакон зарар дорад. Онҳо, ки бештар шомгоҳон бо бозиҳои гуногун машғул мешаванд, ҳис намекунанд, ки пас аз давидану серҳаракт шудан шушашон аз дуди ғализи баргҳо пур мешавад ва зиёнаш дучанд меафзояд.
Ин дар ҳолест, ки бо иқдоми раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ соли ҷорӣ дар чор ноҳияи пойтахт даҳҳо майдончаҳои варзишӣ ва нуқтаҳои хушҳолии кӯдакон ба фаъолият оғоз кардаанд ва аз саҳар то бегоҳ онҳоро пур аз кӯдакони синну солашон гуногун дармеёбем.
Алидод Зоҳиров, сокини 72 - солаи пойтахт андешаҳояшро дар ин маврид чунин баён дошт: «Бо наберагони хурдсолам ҳар шом ба майдончаи варзишӣ меравем, гоҳе дар боғи ба номи Мироненко сайр мекунем. Вақте фасли тирамоҳ мерасад, маҷбур мешавем, ки баъзе шомгоҳон ба сайругашт набароем. Зеро баъзе истиқоматкунандагони шаҳр бо баҳонаи тозагӣ тӯдаи баргҳоро оташ мезананд ва маҳалларо бо дуд пур мекунанд».
Албатта, чораандешиҳои масъулон нисбат ба шаҳрвандони бемасъулият судманд аст, вале чӣ хуш аст, агар мо – сокинони пойтахт худамон аз маромномаи пойтахт, ки қабул шудааст, огоҳ шавем, қоидаву қонунҳои ҷорӣ ва баъзе тадбиру танзимҳои нонавиштаи маҳалламонро риоя кунем. То замоне, ки кормандони коммуналии шаҳр ба рӯфтану бурдани хазони пеши биноҳо меоянд, гоҳ - гоҳ худи мо низ бояд иқдом намуда, дар якҷоягӣ ба тозагии маҳаллаамон кӯшиш кунем. Аслан, маҳз дар шаҳрҳои бузург шиори «Ҳама барои як кас, як кас барои ҳама!» бояд мустақиман амал кунад, зеро кӯчактарин рафтору кирдори ношоистаи як шахс ба беҳаловативу нороҳатии чандин кас сабаб шуда метавонад.
Бузургмеҳри БАҲОДУР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 28.11.2017    №: 244    Мутолиа карданд: 703

16.01.2019


Пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон бар Эрон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Роҳандозии моратории дусола дар Тоҷикистон

Нақшаи Brexit дар парламенти Британия рад карда шуд

Кремл роҳи ҳалли буҳрони Украинаро пешниҳод намуд

Ифтитоҳи онлайн-донишгоҳ барои гурезаҳо дар Италия

15.01.2019


Ҷаласаи ҷамъбастӣ таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Абдулазиз Комилов

Ёдгор Файзов: «Соли 2018 соли таҳкими волоияти қонун дар Бадахшон буд»

ХУҶАНД. 1548 медали варзишгарон дар як сол

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Созишномаи сулҳ – мавзӯи асосии мулоқоти Путин ва Абэ хоҳад шуд

Савдои хориҷии Чин соли 2018 натиҷаи рекордӣ нишон дод

Дар Алмаато гурӯҳи хориҷиёни террорист боздошт шуд

То соли 2024 аҳолии Қирғизистон бо оби ошомиданӣ пурра таъмин мешавад

10.01.2019


Дар Саразм осорхона ва меҳмонхонаи замонавӣ бунёд мешаванд

Вохӯрии Парвиз Давлатзода бо Владимир Норов

Ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонон

“ГАНҶИ СУХАН” – маҳфили адибпарвар

РӮШОН. Ифтитоҳи маркази дуошёнаи савдо

Муҳаммад Салоҳ – беҳтарин футболбози Африқо

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Самарқанд мизбони нахустмулоқоти «Ҳиндустон – Осиёи Марказӣ»

Баргардондани 47 шаҳрванди Қазоқистон аз Сурия

Остона ба гузарондани Ҳамоиши ҷаҳонии туризми шаҳрӣ омодагӣ мегирад

Дар Беларус бори нахуст ҳукми қатл содир шуд

09.01.2019


Таҷлили 110 - солагии аллома Бобоҷон Ғафуров

GLOBE SOCCER AWARDS. Беҳтаринҳоро муайян кард

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Дар Пекин музокироти тиҷоратии ИМА ва Чин мегузарад

Эрдуғон пирӯзӣ бар террористони «Давлати исломӣ» - ро эълом дошт

Разведкаи Сурия дар ҳафт сол 80 саркардаи исломиро нест кард

Сарвари ҶХД Корея ба Чин бо ташрифи серӯза омад

Танзими нархи дорудар Қазоқистон


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед