иҷтимоиёт
ҚОНУНИ ТАНЗИМ. АРҶГУЗОРӢ БА АРЗИШҲОИ МАЪНАВӢ ВА ФАРҲАНГӢ
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар баробари баланд бардоштани сатҳи зиндагонии сокинони мамлакат, ба ҷодаи маънавият ва фарҳанги воло раҳнамун кардани мардуми кишварро дар назар дорад. Зеро дар меҳвари ин қонун фарҳанги худшиносӣ қарор дорад ва он ба фаҳмишу дарки дурусти масоили иҷтимоӣ нақши бориз хоҳад дошт.
Арҷгузорӣ ба арзишҳои маънавӣ низ яке аз аҳдофи ин қонун буда, он дар усули баргузории маъракаҳо, муносибати мардум ба чорабиниҳои суннатӣ ва муосир инъикос меёбад. Пас, ҷавҳари ин қонунро адолат ташкил мекунад.
Аслан тӯю маърака воқеаи нотакрори оила мебошад, ки то охири умри инсон дар хотираш нақш мебандад. Махсусан, дар замони муосир, ки ҳар як воқеаву рӯйдод сабти видеоӣ мегардаду фардо фарзандону наберагон онро тамошо мекунанд. Дар сурати пурмазмун будани маърака он боиси ифтихор хоҳад буд. Ба ибораи дигар, баргузории маърака танҳо бо оростани дастархони пуранвоъ хатм намешавад, балки ҷараёни он, ки аз суҳбату сурудҳои дилнишин бояд иборат бошад, ба он шукӯҳу шаҳомати хосса ато мекунад. Ин аст, ки эътибор додан ба мазмун ва мундариҷаи маърака ба фазилат ва маърифати баланди маъракаоро марбут мебошад.
Вақте ба ҷараёни аксари тӯйҳои арӯсии сокинони шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд назар мекунем, дар онҳо якнавохтиву якрангӣ ва монандиро мушоҳида менамоем. Суханони обшуставу такрори ровиёни маърака, сурудҳои бемазмуну мусиқиҳои гӯшхарош ва рақсҳои номавзуни ҷавонон муҳтавои асосии ин гуна маъракаҳоро ташкил менамояд. Дар камтарин маъракаҳо суҳбатҳои судманди пирони рӯзгор, адибону олимон, гулбазмҳо бо ширкати ҷавонон, намоиши филмҳои кӯтоҳмуддат аз таърихи оила, ки ба тӯй маъниву мазмун эҳдо мекунад, мушоҳида менамоем.
Тӯй танҳо аз рақсу бозӣ иборат нест, балки он як саҳифаи рангин, хоно ва пурмазмуни китоби зиндагӣ бояд бошад. Нашавад, то фардои начандон дур фарзандону наберагон ва аберагони мо, ки бешак аз мо донотару фозилтар хоҳанд буд ба каммаърифатии мо тамасхур кунанд. Аз ин рӯ, дар барпо намудани тӯй машварату маслиҳати инсонҳои оқилу рӯзгордида, ашхоси соҳибназару соҳибистеъдод ва соҳибзавқ муҳим мебошад, то маърака хотирмон баргузор гардад. Дар баргузории тӯй на ба моддиёт, балки ба маънавиёт бештар арҷ гузоштан моро ба ҳадаф наздик хоҳад кард.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар баробари рисолати як дастури пурмуҳтаво оид ба гузарондани маъракаву чорабиниҳои оилавиро адо кардан, барои мардуми одӣ раҳнамо ва ҳомии тавоноест. Қонун ҷомеаро аз таассубу қиёс раҳо бахшида истодааст. Ҳангоми хонадоркунии фарзандон волидон саргарми тӯю дастархони пурнуқлу наво муҳимтарин масъалаҳои марбут ба фардои ҷавононро сарфи назар менамоянд. Дар яке аз ноҳияҳои вилояти Суғд ду оила мехоҳанд пайванди хешу таборӣ барқарор намоянд. Қабл аз ақди никоҳу гузаштан аз муоинаи табибон маъракаи “Тӯйбарон” баргузор менамоянд ва эълом медоранд, ки фалон рӯз тӯй баргузор мешавад. Бо амри тақдир ҳини аз муоина гузаштани арӯсу домод муайян мешавад, ки ҷавон гирифтори бемории сирояткунанда асту бо ӯ хонадор шудан хатар дорад. Орзуҳо дар як он барбод мераванд. Магар муоинаи табибон ва огоҳ шудан аз саломатии ҳамсафари якумрии фарзанд аз тӯйбарону маъракаҳои зиёдатӣ муқаддамтар аст? Ё як нафар зан, ки инак шашум фарзандашро ҷиҳати беморӣ аз даст медиҳад волидонашро айбдор мекунад, ки замоне ӯро бо писари холааш маҷбуран хонадор карданд. Магар пеш аз тӯй аз фардои фарзандон андеша кардан, муҳимтар аз ғами дастархони зебо ва даъват кардани сарояндаи номдор нест? Аз ин рӯ, қонуни мазкур моро водор менамояд, ки аз ҷаҳони танги фаҳмиши арзишҳои зиндагӣ фаротар равем ва ба маънии хушбахтии воқеӣ бирасем.
Саидумрон САИДОВ,
номзади илмҳои филология
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 28.11.2017 №: 244 Мутолиа карданд: 799