logo

фарҳанг

БЕҲТАРИН ИҚДОМ

Ин сафари хотирмон бо ибтикори Нашрияи расмии мамлакат – рӯзномаи «Ҷумҳурият» ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ сурат гирифт. Ҳайате аз ҳисоби рӯзноманигорон, донишмандон ва адибон, ки бо мақолаҳояшон дар озмун ба ифтихори Рӯзи забони давлатӣ ва гиромидошти Қаҳрамони Тоҷикистон устод Садриддин Айнӣ эълонкардаи рӯзнома ширкат варзидаанд,  қариб 40 нафар бо сарварии сармуҳаррир Қурбоналӣ Раҳмонзода аз идораи «Ҷумҳурият» ба роҳ баромадем.
Росташ, маҳз ин озмун алоқамандони суханро таҳрик бахшид, ки аз сарнавишти забони модарӣ ва нақши дурахшони устод Айнӣ дар ҳимояи он ҷиддӣ биандешанду мақолаҳо бинависанд.
Борҳо аз ин роҳи кӯҳистон гузаштаам ва бо дӯстони фалғарӣ суҳбатҳо низ доштаам. Вале масъулият ва ҳадафи ин сафар дигар аст. Ҷамъбасти озмун, зиёда аз ин, бо фаъолони ноҳия перомуни як рукни асосии давлати соҳибистиқлоламон – забони модарӣ, поку бегазанд нигоҳ доштани он ва дар марҳилаҳои сангини таърихӣ барои бақои он бо мухолифон муборизаи ошкоро бурдани фарзанди фарзонаи миллат – устод Айнӣ ва дар замони соҳибихтиёрӣ бо ғамхориву арҷгузории хеш ба рушди забонамон такони нав бахшидани Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суҳбат оростан. Дар пойтахт аз вазъи забон маҷлису мулоқотҳо зиёд баргузор шудаанду мешаванд, аммо дар музофот, дар як ноҳияи дурдасти кӯҳистон ин ҳамоиш чӣ хел ва дар кадом сатҳ мегузарад?
Пазироии аввал аз гардиши роҳи Искандаркӯл пойинтар дар хонаи навсохту озодаи чӯбкорӣ гирди хони пуранво барпо шуд. Зимнан дар ин мавзеъ ба ҷуз деҳу мазраъҳои сабзи соҳили Фондарё кӯҳҳои осмонбӯси гӯё сӯхтаву урёну хокистарфом ба чашм мерасанд. Вале одамон дар дили ин кӯҳҳо манзилҳояшонро бо ҳавасу ирода аз рӯи анъанаҳои қадимаи бинокорӣ бо сангу гил ва чӯб зебову пурсафо месозанд. Нағз!
Шом дар шаҳраки  Варзи Манор раиси ноҳияи Айнӣ Неъматулло  Раҳматуллозода ҳайатро гарму самимӣ истиқбол гирифт ва маҳфили басо хуши шеъру тарона барпо кард.  Адибони маъруф Ҳақназар Ғоиб, Гулназар, Муҳаммад Ғоиб, Камол Насрулло, Муҳтарам Ҳотам ва ҷавоншоирону дигарон дар ситоиши забон, Ватану шарофати сулҳу ваҳдат шеърҳо хонданд, суҳбат оростанд.
Субҳи фардо дар ҳар қадам моро, бемуболиға, дидани созандагиву манзараҳои дилфиреб ва меҳри беандозаи мардум пешвоз мегирифт. Ноҳияи Айнӣ ба шарофати Истиқлолияти давлатӣ ва бунёди шоҳроҳ, қомат афрохтани биноҳои маъмуриву хизматрасонӣ ободу зебо шудааст. Лекин зиёрати оромгоҳи шоири шаҳид Туғрали Аҳрорӣ ва тамошои осорхонаи эшон ба мо таассуроти бузург бахшид.
Туғрал дар баробари шоири овозадор будан, инсони дурандешу хушзавқ ҳам будааст. Гап сари ин, ки вай дар доманаи қаторкӯҳҳои деҳаи Зосун бо дасти худ аз рӯи меъмории қадима, албатта, бо ҷалби устоҳои бомаҳорати шаҳрӣ он замон хонаи барҳавое бо долони барқад, сутуну дару тирезаҳои хуштарҳ, ҳуҷраҳои гачу чӯбкорӣ ва равоқу тоқчадор сохтааст. Хонаи умеди Туғрал! Кадхудо – набераи эшон, зани хоксору нуронӣ меҳмонони бобои азизашро бо мамнуният пешвоз гирифту аз хони пурнеъматаш насибае дода, гуселонд. Ва росташ, ки ман ба мардуми батадбири Зосун, пайвандон, иродатмандону пайравони шоир сано хондам, ки ин хонаву боғро то имрӯз чун ҷои муқаддас бегазанд нигоҳ дошта тавонистаанд. Қадршиносӣ. Офарин!
Аз рӯи барнома дар маркази ноҳияи Варзи Манор бо иштироки хонандагону сокинон парда аз рӯи нимпайкараи устод Садриддин Айнӣ бардошта шуд. Сипас дар кохи шукӯҳманди фарҳангии ба номи Туғрал ҳамоиши ҷамъбасти озмуни рӯзномаи «Ҷумҳурият» ба ифтихори Рӯзи забони давлатӣ ва гиромидошти Қаҳрамони Тоҷикистон Садриддин Айнӣ баргузор шуд. Раиси ноҳияи Айнӣ Неъматулло Раҳматуллозода ва сармуҳаррири рӯзномаи «Ҷумҳурият» Қурбоналӣ Раҳмонзода ба ин маҷлиси воқеан фарҳангӣ ҳусни оғоз бахшиданд, ки дар он аз Хуҷанду Панҷакенти бостон низ адибону намояндагон ширкат доштанд. Шоистаи таҳсин аст, ки баргузор кардани чунин озмун барои рӯзномаи «Ҷумҳурият» анъана шуда. Дар ин нишаст намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  Мансур Абдуллозода аз ҳадафҳои озмун, хизматҳои бесобиқа ва қаҳрамониҳои устод Айнӣ дар ҳифзи забони модарӣ чун рукни давлати миллӣ, саҳми шоистаи Президент Эмомалӣ Раҳмон  дар рушди минбаъдаи забон – чун сарвати миллӣ ҳарф зад. Ва шунидани овози устод Айнӣ, ҳидоятҳояшон барои ҳифзи забон, адабиёти ҳазорсола нишотангезу ҳаяҷонбахш буд. Ин ҳамоиш ба ҷашни зебо, хотирмон ва ибратомӯзи иди забон бо ширкати аҳли зиёи саросари ҷумҳурӣ табдил ёфт. Ҳам меҳмонон, ҳам мизбонон аз баракати озмуни Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон, рӯзномаи бароям бисёр гиромӣ – «Ҷумҳурият» танҳо хотираи нек, ҳиссу ифтихори бештар гиромӣ доштани забони модариву Ватан армуғон гирифтанд. Танҳо бо арзи сипос метавон зикр кард, ки рӯҳи устоди зиндаёд Садриддин Айнӣ ва пирони сухани гузаштаамон шод шуд ва хонанда низ барои ҳимояи асолати забони давлатӣ сабақи хуб гирифт.
Абдулҳамид САМАД,
Нависандаи халқии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 28.11.2017    №: 244    Мутолиа карданд: 727

23.04.2019


ДЗЮ – ДО. Медали нуқраи Темур Раҳимов аз Чемпионати Осиё

Тиб. Муваффақияти камназири ҷарроҳони рус

Пирӯзии Зеленский дар интихоботи Украина

Фоҷиа дар Шри-Ланка Теъдоди қурбониён ба 300 нафар расид

Лукашенко Россияро ҳомии истиқлолияти Беларус номид

Ёрии низомию техникии Қазоқистон ба Тоҷикистон

Ҷаҳон дар як сатр

22.04.2019


НИММАРАФОНИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДУШАНБЕ. Фенти Тилахан дар мақоми аввал

Ваҳдат ҳусни тоза мегирад

ХОРУҒ. Бунёди бинои шабакаи ёрии таъҷилӣ

19.04.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Жан - Батист Лемуан

Пойтахт ба таҷлили Рӯзи Ғалаба омодагӣ мебинад

Масоили рушди соҳаи маориф матраҳ гардид

Дар Донишгоҳи давлатии Данғара конфронси ҷумҳуриявӣ доир мешавад

Душанбе варзишгарони 15 кишварро ба ҳам меорад

Ҷаҳон дар як сатр

18.04.2019


ҶОМИ АФК. Пирӯзии "Хуҷанд" ва мусовии "Истиқлол"

МУЪМИНОБОД. 221 иншоот дар се сол

РАШТ. Боғистон доман паҳн мекунад

17.04.2019


БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ . Ба қонун иловаҳо ворид шуданд

ДМТ. Як нишасти муҳим

Хонандагони Душанбе пешсафи олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ

Армуғон барои дӯстдорони ҷуғрофия

ҶОМИ ОСИЁ. Паҳлавонони тоҷик соҳиби 5 медал

Ҷаҳон дар як сатр

16.04.2019


Вохӯрии Саидзода Зоҳир Озод бо Аскар Таҷибаев

Баррасии масоили мубрам

Ҳамоиш бахшида ба оғози расмии Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Калонтарин тайёра дар дунё ба ҳаво хест

Дар Қазоқистон онлайн-қаллобон фаъол мешаванд

Дар СММ аз манфиати лоиҳаи «Камарбандҳо ва роҳҳо» сухан рафт

Аз таркиш дар Афғонистон ҳафт кӯдак ҳалок гашт

Филмҳои ду коргардони тоҷик барои Фестивали кинои мусалмонӣ интихоб шуданд

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед