logo

иқтисод

ҲАМАДОНӢ. СОЛИ ДАСТОВАРДҲО

Соли 2017, ки дар арафаи ба анҷомрасист, барои мардуми меҳнатдӯсти  ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ  соли пурфайзу бобарор ва  дастовардҳо маҳсуб меёбад.
Дар ин давра барзгарони ноҳия беш аз 43 ҳазор  тонна ғалла  истеҳсол намуданд, ки назар ба соли гузашта наздики 3 ҳазор тонна зиёд мебошад. Ҳамчунин, дар муқоиса ба  соли 2016 ҳосили  сабзавот 113 тонна, меваю ангур зиёда аз 1600 ва полизиҳо  беш аз 2100 тонна афзоиш ёфт. Дар ноҳия кишту парвариши пахта, яке аз бахшҳои аҳамиятноки иқтисоди кишвар  дар мадди аввал меистад. Имсол хоҷагиҳои деҳқонӣ дар майдони 5544 гектар чигит кишт карда,  11311 тонна ҳосил бардоштанд.
Бо ғамхориҳои бевоситаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушди соҳаи чорводорӣ техникаю мошинолоти соҳа ва  бо дарназардошти эҳтиёҷоти чарогоҳистифодабарандагон аз ҷониби Муассисаи  давлатии маркази идораи лоиҳаи «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо» 15  трактори тамғаи МТЗ, 75 сар гӯсфанди зоти ҳисорӣ, 8 буққаи хушзоти сиёҳало, тухмию нуриҳои минералӣ ба чорводорону зироаткорон тақдим  шуд.
Чорводорон баҳри  рушди соҳа   усулҳои пурсамари  хушзоткуниро  ба роҳ монда, кишти зироатҳои хӯроки чорворо низ васеъ намуданд.  Ҳоло 9 клиникаи байторӣ ва 6  нуқтаи бордоркунии сунъӣ, баҳри  солиму хушзот кардани  чорво фаъолияти назаррас доранд. Бо муҳайё гардидани заминаҳои устувори моддӣ соҳаи чорводорӣ рӯ ба  пешравӣ дорад. Қариб  дар ҳамаи бахшҳои хоҷагидорӣ нисбат ба ҳамин давраи соли пеш наздики 300  тонна гӯшт ва 316 тонна шир  зиёд истеҳсол карда шуд.
Дар доираи татбиқи  барномаи давлатии рушди соҳаи моҳипарварӣ  масоҳати ҳавзҳои моҳӣ ба 334 гектар расонда шуд. Айни  замон, дар  онҳо тақрибан 565 ҳазор моҳӣ парвариш меёбад. Давоми  сол моҳидорон наздики 165 тонна маҳсулот истеҳсол карданд.  
Баробари  бахши кишоварзӣ, соҳаи саноату сохтмон низ ба таври назаррас пеш рафта истодааст. Саноатчиён то имрӯз ба маблағи 62 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд, ки суръати афзоиш, хусусан дар самти тавлиди орд, равғани рустанӣ, нахи пахта ва сангреза нисбат ба солҳои қаблӣ ба маротиб зиёд мебошад. Инчунин, то имрӯз ба андозаи беш аз 15 миллион сомонӣ аз ҷониби сохтмончиён корҳои созандагию васлгарӣ ба анҷом расида, бунёди идораи барқ, толори варзиш ва терминали мусофиркашонии шаҳраки Москва идома дорад.
Беҳбудӣ бахшидани соҳаи маориф низ яке аз самтҳои муҳими фаъолияти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия қарор гирифтааст.  Айни замон, дар ноҳия 50 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 1 литсейи касбии техникӣ, 1 коллеҷи тиббии хусусӣ барои 758  касбомӯз, 2 боғчаи бачагона ва 41 маркази инкишофи кӯдакони синни мактабӣ фаъолият мекунад. Дар натиҷаи тадбирҳои андешида сатҳи таълиму тарбияи аз хонандагони мактабҳо баланд гардида, 3 хонандаи ноҳия  дар  олимпиадаи ҷумҳуриявӣ аз рӯйи донишу маҳорати баланд соҳиби медал ва ҷойҳои ифтихорӣ гардид.
Соли равон дар маркази ноҳия бо дастгирии Ҳукумати ҷумҳурӣ ва Бонки Саудии рушд барои 380 хонанда дар як баст бинои нави муассисаи таълимӣ сохта, ба истифода супурда шуд.
Дар сатҳи баланд ба роҳ мондани тарбияи ҷавонону наврасон  ва ҷалби занон ба корҳои  ҷамъиятию давлатӣ аз масъалаҳои муҳими фаъолияти мақомоти маҳаллӣ буда, ба он таваҷҷуҳи ҳамешагӣ зоҳир мегардад. Аз ҷумла,  сарварии 1500 хоҷагии деҳқониро занон ба уҳда  доранд. Дар ташкилоту идора ва муассисаҳои ноҳия  35 нафари ҷавони то 35 - сола фаъолият дорад, ки 13 нафари онҳо зананд.  Давоми  як соли охир дар литсейи касбӣ - техникии ноҳия қариб 300  нафар зану духтар соҳиби касбу ҳунарҳои замонавӣ  шуд.
Филармонияи  мардумии ба номи Одина Ҳошимов дар байни 34 муассисаи фарҳангии ноҳия мақому манзалати хосса дорад. Ҳунармандони он дар ҳама маъракаҳои  фарҳангии  ноҳия, вилоят ва ҷумҳурӣ   фаъолона ширкат варзида, талош доранд, ки хотираи  шодравон Одина Ҳошимро  дар байни мардум ҷовидонӣ пос доранд. Ҳамчунин, соли равон  бо мақсади боло бурдани завқи китобхонии мардум, бавижа ҷавонону наврасон, зери унвони «Сайри китоб» чорабиниҳои фарҳангӣ дар ҷамоатҳои деҳот доир гашт.
Роҳбарияти ноҳия ба рушди соҳаи варзиш ва   сайёҳӣ  таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамояд. Ба ин васила, варзиш дар шаҳраку деҳоти ноҳия  шакли оммавӣ гирифта, дар мусобиқаи ҷумҳуриявии чавгонбозӣ дар вилояти Суғд чавгонбоздухтарони диёр   ҷойи аввал  ва  унвони чемпиони зӯрозмоиро шарафёб шуданд.
Ба замми дастовардҳои беқиёс ҳоло масъулони соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ ба ҳалли масъалаҳои дар фаъолияташон ҷойдошта саъй мекунанд. Бовар  аст, ки сокинони  бонангу номус ва меҳнатдӯсти ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дар партави сиёсатҳои бунёдкоронаи Пешвои миллат боз ҳам ба комёбиҳои баландтар ва зиндагии ободу шоиста ноил мегарданд.  
Абдуқодир ВАЛИЗОДА,
раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 28.11.2017    №: 244    Мутолиа карданд: 691

18.01.2019


Таҳдидҳои асосӣ ба иқтисоди ҷаҳонӣ номбар шуданд

Гумонбари омодасозии ҳамла ба Қасри сафед ба даст афтод

Дар Чин қаллобонро барои фиреб ҳабси абад карданд

29 миллион сом зарари собиқадорони сохта

Ҷаҳон дар як сатр

17.01.2019


Тамдиди шартномаи ФФТ бо "Сомон Эйр"

60 ДАРАҶА ХУНУКӢ ВА ДАВИ 50 - КИЛОМЕТРАИ ЭКСТРЕМАЛИ МОЛДАВӢ

16.01.2019


Пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон бар Эрон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Роҳандозии моратории дусола дар Тоҷикистон

Нақшаи Brexit дар парламенти Британия рад карда шуд

Кремл роҳи ҳалли буҳрони Украинаро пешниҳод намуд

Ифтитоҳи онлайн-донишгоҳ барои гурезаҳо дар Италия

15.01.2019


Ҷаласаи ҷамъбастӣ таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Абдулазиз Комилов

Ёдгор Файзов: «Соли 2018 соли таҳкими волоияти қонун дар Бадахшон буд»

ХУҶАНД. 1548 медали варзишгарон дар як сол

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Созишномаи сулҳ – мавзӯи асосии мулоқоти Путин ва Абэ хоҳад шуд

Савдои хориҷии Чин соли 2018 натиҷаи рекордӣ нишон дод

Дар Алмаато гурӯҳи хориҷиёни террорист боздошт шуд

То соли 2024 аҳолии Қирғизистон бо оби ошомиданӣ пурра таъмин мешавад

10.01.2019


Дар Саразм осорхона ва меҳмонхонаи замонавӣ бунёд мешаванд

Вохӯрии Парвиз Давлатзода бо Владимир Норов

Ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонон

“ГАНҶИ СУХАН” – маҳфили адибпарвар

РӮШОН. Ифтитоҳи маркази дуошёнаи савдо

Муҳаммад Салоҳ – беҳтарин футболбози Африқо

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Самарқанд мизбони нахустмулоқоти «Ҳиндустон – Осиёи Марказӣ»

Баргардондани 47 шаҳрванди Қазоқистон аз Сурия

Остона ба гузарондани Ҳамоиши ҷаҳонии туризми шаҳрӣ омодагӣ мегирад

Дар Беларус бори нахуст ҳукми қатл содир шуд

09.01.2019


Таҷлили 110 - солагии аллома Бобоҷон Ғафуров


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед