logo

ҳукумат

ИТТИЛОИЯ

Имрӯз дар бинои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар кори маҷлис нахуст гузориши вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ «Дар бораи Барномаи давлатии таъмини муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ барои солҳои 2018 – 2022» ва «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ” шунида шуд.
Таъкид гардид, ки «Барномаи давлатии таъмини муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ барои солҳои 2018 – 2022» дар асоси Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз 23 январи соли 2015 таҳия гардида, яке аз ҳадафҳои асосии қабули барнома баланд бардоштани сифати омӯзиши фанҳои дақиқ ва табиатшиносӣ дар муассисаҳои таълимӣ мебошад.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон барои татбиқи босамари барнома ба Вазорати маориф ва илм, мақомотҳои марказии ҳокимияти давлатӣ супориш доданд, ки барномаи мазкурро дар доираи маблағҳои барои соҳаи маориф ҳамасола пешбинишуда ва аз ҳисоби дигар сарчашмаҳои маблағгузорӣ тибқи тартиби муқарраргардида амалӣ намоянд.
Сипас, аъзои Ҳукумат масъалаҳои дигари рӯзномаи маҷлис, аз ҷумла «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ворид намудани тағйир ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон”, «Дар бораи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи барномаи корҳои оморӣ барои соли 2018» ва «Дар бораи «Барномаи давлатии тайёр кардани мутахассисони соҳаҳои фарҳанг, санъат ва табъу нашри Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018 – 2022» - ро баррасӣ карданд.
Вобаста ба иҷрои "Барномаи давлатии тайёр кардани мутахассисони соҳаҳои фарҳанг, санъат ва табъу нашри Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018 - 2022" Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба масъулони соҳа ҷиҳати тарбияи кадрҳои баландихтисос дар дохил ва хориҷи кишвар ва бо ин роҳ таъмин кардани муассисаҳои фарҳанги ҷумҳурӣ, аз ҷумла театрҳо, китобхонаҳо, осорхонаҳо ва шуъбаҳои фарҳанги шаҳру ноҳияҳо дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
  Дар бораи «Нақшаи генералии деҳаи Қалъаихумб - маркази ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон», «Нақшаи генералии шаҳраки Бӯстони ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд ва «Нақшаи генералии деҳаи Баҳор - маркази ноҳияи Носири Хусрави вилояти Хатлон» раисони ноҳияҳои номбаршуда ҳисобот доданд.
Нақшаҳои генералии ноҳияҳои зикргашта бо мақсади муайян кардани стратегияи рушди иҷтимоӣ - иқтисодӣ ва ҳудуди маҳалҳои мазкур таҳия шудаанд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон баҳри дар амал татбиқ кардани нақшаҳои генералӣ ба роҳбарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳо ва дигар вазорату идораҳои дахлдор супориш доданд, ки барои амалӣ кардани ин барномаҳои ояндадор аз тамоми имкониятҳо самаранок истифода баранд. Дастур дода шуд, ки дар вақти татбиқи барномаҳо ба масъалаи истифодаи оқилонаи замин, бунёди роҳҳои босифат, таъмини об ва хатҳои обу корез, бунёди иншооти таъйиноти гуногун, аз ҷумла биноҳои маъмурӣ, мактабҳо ва манзилҳои зист диққати ҷиддӣ дода шавад. Таъкид карда шуд, ки ҳадафи асосӣ аз андешидани ин тадбирҳо беҳтар кардани шароити иҷтимоию иқтисодии мардуми кишвар мебошад.
Дар охири кори маҷлис Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони шаҳру ноҳияҳои кишвар, вазорату кумитаҳои давлатӣ бобати иҷрои дастурҳое, ки аз маҷлиси Ҳукумати ҷумҳурӣ бармеоянд, супоришҳои мушаххас доданд.
Дастуру супоришҳо барои дар сатҳи зарурӣ ва бо дастовардҳои беназири меҳнатӣ ҷамъбаст кардани фаъолияти ҳамаи бахшҳои хоҷагии халқи мамлакат дар охири соли 2017, захираи маводи хӯрока, таъмини бозорҳои мамлакат бо маҳсулоти ниёзи аввал, иҷрои нақшаи кишти тирамоҳӣ, дар амал татбиқ кардани чорабиниҳо вобаста ба ободонии пойтахт, инчунин, иҷрои талаботи нақша - чорабиниҳо оид ба давраи зимистони солҳои 2017 - 2018 ва истифодаи оқилонаи неруи барқ, дода шуданд.
Мавриди зикри хос аст, ки танҳо рӯзҳои охир дар пойтахти мамлакат - шаҳри Душанбе аз ҳисоби ба системаи гармидиҳӣ пайваст кардани хонаҳои истиқоматӣ бештар аз 4 миллион киловат - соат неруи барқ сарфа гардид ва ин яке аз омилҳоест, ки имкон медиҳад мардуми кишвар дар тамоми фасли сол 24 соат бо барқ таъмин бошад.
Дар кори маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба воридоти маҳсулоти хӯрокаи пастсифату ба саломатии мардум зараровари озуқа изҳори нигаронӣ намуданд.
Ҳамин тавр, бинобар беэътиноӣ зоҳир кардан ба вазифаҳои ишғолкарда ва беназоратӣ нисбат ба воридоти маҳсулоти пастсифати хӯрока, аз қабили гӯшти мурғ бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон директорони Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбониён Ибодулло Карим, Хадамоти назорати байтории Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Вазиров Шералӣ Сафаралиевич ва Хадамоти назорати давлатии санитариву эпидемиологии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримзода Холмуҳаммад Карим аз вазифа озод карда шуданд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 28.11.2017    №: 244    Мутолиа карданд: 1456

20.11.2018


СУҒД. Оғози сохтмони раёсати маориф

ЛЕВАКАНТ. Конфронси илмӣ - назариявӣ ба ифтихори Иҷлосияи XVI

"Парасту" дар Тоҷикобод

Сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ барои машварат дар Тошканд ҷамъ меоянд

Финляндия ҷонибдори ҳузури Россия дар Шӯрои Аврупо

Вазорати маорифи Афғонистон 30 ҳазор занро ба кор мегирад

Баррасии рушди инклюзивии иқтисоди қитъа дар Гвинея Папуаи Нав

Ҷаҳон дар як сатр

АНВАР ЮНУСОВ СОҲИБИ КАМАРБАНДИ WBF

"СОРО КОМПАНИЯ" ҒОЛИБИ ЛИГАИ КАСБИИ ФУТЗАЛИ ТОҶИКИСТОН

19.11.2018


ДЕВАШТИЧ. Авҷи созандагиҳо дар Ҷамоати деҳоти Яхтан

Артиши Сурия охирин истеҳкоми «ДИ» дар ҷануби кишварро зери назорат гирифт

Дар ҳама минтақаҳои Ӯзбекистон «мактаби президентӣ» месозанд

Роҳандозии барномаи махсуси давлатии ипотекӣ барои дӯзандагони Қирғизистон

Киштии зериобии «Сан Хуан» - ро дар уқёнуси Атлантика ёфтанд

Ҷаҳон дар як сатр

Кулишов: «Марзҳои ИДМ бо таҷҳизоти муосир таъмин карда мешаванд»

Дар Тоҷикистон омӯзгори забони англисӣ барои таблиғи «ДИ» 19 сол гирифт

Қазоқистон мубориза бо машруботро сахттар мекунад

Фоидаи туризм ба кадом шаҳри дунё бештар аст?

Ҷаҳон дар як сатр

"ИСТИҚЛОЛ" бори аввал барои Ҷоми чемпионҳои КФО мубориза хоҳад бурд

Омодагии тими миллӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон – 2022

УСМОН ТОШЕВ САРМУРАББИИ НАВИ ДАСТАИ МУНТАХАБ

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед