logo

иқтисод

ДАРВОЗ. АНОРЗОРҲОИ ЁБОӢ МАНБАИ ДАРОМАД ВА ҶОЙИ КОРИ ДОИМӢ

Он чӣ дар хоки ту руст, эй марди ҳур,
Он фурӯшу он бипӯшу он бихӯр.
М. ИҚБОЛ
Ноҳияи Дарвоз дар  ВМКБ ягона ноҳияи иқлимаш субтропикӣ буда, ватани асосии лимӯ, анор, анҷир, хурмо, бодом, каён ва ғайра аст. Дар дунё кам минтақае ёфт мешавад, ки мисли ин диёр ҳазорҳо сол ҷангалзорҳои ёбоии анор арзи вуҷуд дошта бошад. Аз  ноҳияи Шамсиддин Шоҳин то Ванҷ, ки зиёда аз 200 км - ро ташкил медиҳад, қад-қади доманакӯҳҳои соҳили дарёи Панҷ ниҳолҳои ёбоии анор мавҷуду сарсабзанд. Ин дарахтон тӯли асрҳо ба ҳама тағйирёбии иқлим тоб оварда, табиати диёри моро сабзу хуррам нигоҳ медоранд ва меваи онҳо хӯроки асосии одамону парандагон мебошад.
Вақти он расидааст, ки аз тамоми имконот, хусусан аз шароитҳои табиии амсоли анорзорҳои Дарвоз, истифода намуда, барои ғанӣ гардондани иқтисодиёт, фароҳам сохтани ҷойҳои кор, бо ин роҳ баланд бардоштани сатҳи зиндагонии мардум ва ободу зебо намудани ватани азизамон кӯшиш ба харҷ диҳем.
Ақидаи олимони кишоварзии дунё он аст, ки аз гиёҳу дарахтони маҳаллии худ бояд самаранок истифода кард. Бо  тарзу усулҳои  гуногун, аз  ҷумла, ба воситаи пайвандкунӣ: навъ, сифат ва  ҳосилнокии онҳоро баланд бардоштан зарур аст. Зеро онҳо давоми асрҳо ба иқлими маҳал мутобиқ шуда, ба ҳама гуна тағйирёбии иқлим ва касалиҳо тобовару устувортаранд.
Барои ин амал, дар мисоли дарахтони анорҳои қад – қади шоҳроҳ  басанда аст, ки фасли тирамоҳ то баҳор дарахтонро бурида, ба тартиб дарорему се - чор шохи ҷавон ва боқувваташро барои пайванди баҳорӣ  гузорем. Сипас, аз дилхоҳ  анори ширину хушсифати маҳаллӣ қаламча гирифта, ба навдаҳои боқимонда пайванд кунем. Ниҳолҳои пайвандшуда пас аз ду - се сол баҳра меоранд. Ин усул  камхарҷу сердаромад буда, заҳмати зиёдро талаб намекунад. Дарахти анори ёбоӣ ба обёрӣ ва пошидани нуриҳои минералию органикӣ  эҳтиёҷ надорад. Навдаи анорро мувофиқи хусусиятҳои  биологиаш дар хунукии -150 - 180С ва танаашро  дар хунукии -180 - 200С сармо мезанад. Аммо гузаштагони мо дар тӯли солҳо сармозании анорҳои ёбоии минтақаро  мушоҳида накардаанд.
Дар ноҳия  барои бунёди боғи обёришавандаи анор ақаллан барои 1000 бех ниҳол замини ҳамвору обӣ ёфтан амри маҳол аст. Бинобар  ин, истифодаи босамари анорзорҳои ёбоӣ, пеш аз ҳам, бо роҳи пайвандкунӣ манфиатбор хоҳад буд. Тибқи пажӯҳиши олими рус Б. С. Розонов ва профессори тоҷик Сайдалӣ Гулов як бех  анор ба ҳисоби миёна 50 - 60 кг ҳосил медиҳад. Ниҳолҳои пайвандӣ аз ин зиёдтар. 
Мутаассифона, солҳои охир дар ҷумҳурӣ касалии пӯсонандаи меваи анор (гранатовая огневка) авҷ гирифта, ба хоҷагии халқ зарари калон мерасонад. Аз рӯйи гуфтаи профессори кафедраи муҳофизати рустаниҳои Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур  М. Муҳиддинов,  ин ҳашарот дар солҳои 30 - уми асри гузашта ба қайд гирифта шудааст. 
 Яке аз усулҳои мубориза ба ин ҳашарот шинондани ниҳолҳои ба касалӣ тобовар аст, ки кирми аз тухм баромада аз сабаби зич ва мустаҳкам будани пӯсти меваи навъи дарахт ба дохили он даромада наметавонад ва дар натиҷа нобуд мешавад. Навъи анори “Баҳор” - ро ки пӯсташ сахт ва мевааш ширину сершарбат аст, тақрибан 25 - 30 сол пеш ба анорҳои ёбоӣ пайванд мекарданд ва ҳоло ҳосили хуб дода, тақрибан 95 – 98 дарсади мевааш тоза мемонад.
Боғпарварони мо бозорҳои муштараки наздисарҳадии Афғонистону Тоҷикистон, ноҳияҳо, маркази вилоят ва манотиқи дигари ҷумҳуриро метавонанд бо мева ва шарбати анори аз ҷиҳати экологӣ тозаи худ таъмин  намоянд. Мавриди тазаккур аст, ки иқлими шаҳри Норак ва як қисми ноҳияи Шамсиддин Шоҳин ба боду ҳавои ноҳияи Дарвоз монанд аст ва анорҳои ёбоӣ дар он ҷо низ вуҷуд доранд. Аз ин рӯ, ин корҳоро дар  минтақаҳои мазкур низ ба роҳ мондан аз манфиат холӣ нест.
Султоншо ҚИРОНОВ,
деҳаи Зиғари ноҳияи Дарвоз


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 30.11.2017    №: 245    Мутолиа карданд: 1102
07.07.2020


ТОҶИКИСТОН. 4914 ГИРИФТОРИ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

БОЗГАШТИ ШАҲРВАНДОНИ ТОҶИКИСТОН АЗ ҚАЗОҚИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

FINA МЕХОҲАД МАВҚЕАШРО ДАР БО МУСТАҲКАМ НАМОЯД

СУТ БА ВАКСИНАИ РОССИЯ АЛАЙҲИ COVID - 19 ЭЪТИМОД ДОРАД ВА ДАР ИН САМТ ХОСТОРИ ҲАМКОРИСТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

06.07.2020


ТОҶИКИСТОН. ШУМОРАИ СИҲАТШУДАГОН АЗ КОРОНАВИРУС БА 4858 НАФАР РАСИД

НОҲИЯИ ДАРВОЗ. СОҲАИ ФАРҲАНГ БА ДАСТГИРӢ НИЁЗ ДОРАД

РАШТ. КИШТИ КАРТОШКА ДАР 3047 ГЕКТАР

КӮЛОБ. БА МАҲАЛЛАИ ЛОҲУТӢ ОБИ ТОЗА ОМАД

ЧЕМПИОНАТИ ТОҶИКИСТОН – 2020. ҒАЛАБАИ НАВБАТИИ "ИСТИҚЛОЛ"

ПУТИН: «РОССИЯ БАРОИ РУШДИ ИҚТИСОД НИЁЗ БА МУҲОҶИРОН ДОРАД»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

03.07.2020


ХУҶАНД. ИФТИТОҲИ ГУЗАРГОҲИ ЗЕРИЗАМИНӢ

ЗАРУРАТИ ТАВСЕАИ ҲАМКОРИҲО ТАЪКИД ГАРДИД

ДАР ТОҶИКИСТОН АЗ КОРОНАВИРУС 4690 БЕМОР ШИФО ЁФТ

ДЗЮДО. КУРСИ ТЕХНИКӢ БАРОИ МУРАББИЁН

АЛЕКСАНДР ЛУКАШЕНКО: «БЕЛАРУС БАР КОРОНАВИРУС ҒОЛИБ ОМАД»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

02.07.2020


77 ДАРСАДИ БЕМОРОН ДАР ТОҶИКИСТОН СИҲАТ ШУДАНД

КУМАКИ ШИРКАТИ “ПОМИР ЭНЕРҶИ” БА НИЁЗМАНДОН

ҚАРИБ 650 ШАҲРВАНДИ ТОҶИКИСТОН АЗ РОССИЯ БАРГАШТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

01.07.2020


ҚАРОР ДАР БОРАИ ТАЪЙИН ВА ПАРДОХТИ КУМАКПУЛИИ ИҶТИМОӢ

4568 МУБТАЛОИ COVID – 19 ДАР ТОҶИКИСТОН ШИФО ЁФТ

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ИҚТИСОДИИ ИДМ

НИШАСТИ САТҲИ БАЛАНД ДАР ҚОЛАБИ С5+1

ЛИГАИ ОЛӢ. ЭҲСОН ВА ВИТАЛИЙ БЕҲТАРИНҲОИ МОҲИ ИЮН

НАҚШАИ РУШДИ ИДМ БО НАЗАРДОШТИ COVID-19 ТАТБИҚ МЕШАВАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

30.06.2020


МУРАШКО: «РОССИЯ ОМОДА АСТ, ВАКСИНАҲОИ КОРОНАВИРУСРО БА БОЗОРИ ҶАҲОНӢ ВОРИД СОЗАД»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

26.06.2020


75 ДАРСАДИ СИРОЯТЁФТАГОНИ COVID – 19 ДАР ТОҶИКИСТОН ШИФО ЁФТАНД

БОХТАР. ХИЗМАТЧИЁНИ ДАВЛАТӢ САВГАНД ЁД КАРДАНД

ФУТБОЛ. БОЗИИ РАФИҚОНАИ ДУ КИШВАРИ ДӮСТ

СУТ ХУРУҶИ НАВИ КОРОНАВИРУСРО ДАР АВРУПО ТАСДИҚ НАМУД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед