logo

иҷтимоиёт

БОРИШОТ БА КОРИ РОҲСОЗОН МУШКИЛОТ ЭҶОД НАКАРД

Боришот ва шамолҳои тезутунд боиси он гардид, ки  дар  қитъаҳои гуногуни шоҳроҳи байналмилалии автомобилгарди Душанбе – Кӯлоб – Дарвоз – Хоруғ – Мурғоб – Кулма  аз кӯҳсорон санги бисёре фуромада, ҳаракати нақлиёти автомобилиро хеле душвор гардонд. Ҳамчунин, дар роҳи 65 километраи ағбаи Хобурубот, аз мевзеи Дударгӣ то Сафедорону Қалъаи Ҳусайн, роҳҳоро   барф ва тармаҳо пахш кардаанд.
Ба гуфтаи сардори муассисаи давлатии нигаҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳияи Дарвоз Сулаймон Муллоёров, роҳдорон, ки аз бад шудани  вазъи ҳаво аз маълумотҳои  Агентии ҳавошиносии кишвар  бохабар буданд, тавонистанд, ки вазъиятро таҳти назорат гирифта, сангпораҳои ба хамгашти роҳҳо афтодаро ба зудӣ тоза намоянд ва барфу тармаи  ағбаи Хобуруботро бартараф карда,  ҳаракати мошинҳоро тариқи роҳи Сангвор – Нуробод таъмин созанд.  Роҳсозони муассисаи  давлатии  нигаҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳияи Ванҷ низ хуб заҳмат кашида, роҳи 104  километраи Қалъаи Хумб – Ванҷро дар ин рӯзҳои боронӣ ва тундбодҳо  аз сангу  кӯҳпораҳо тоза карда, мавриди истифода қарор доданд.
Сироншоҳи ДИЛОВАР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 30.11.2017    №: 245    Мутолиа карданд: 698

11.12.2019


Баррасии масоили тақвияти ҳамкориҳо

Бахтиёр Худоёрзода бо ҳайати Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсони САҲА мулоқот намуд

Намоиши филмҳои тоҷикӣ дар Бангладеш

“МАҲБУБИ ВАТАН”

Трамп: «Бо Лавров вохӯрии хубе гузарондем»

Зеленский гуфт, ки бо Путин гуфтушунид кардан мураккаб аст

Сарвазири Эфиопия соҳиби Ҷоизаи сулҳи Нобел шуд

«Толибон» дар шимоли Афғонистон 40 куҳансолро рабуданд

МУСОБИҚАИ СИТОРАҲОИ ДЗЮДО. Бори нахуст кишварро 4 гӯштигир намояндагӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

10.12.2019


Мулоқоти Қоҳир Расулзода бо Хуан Тсзян Жун

Шиносоии Азим Иброҳим аз ҷараёни корҳои сохтмонии роҳҳои Душанбе

Дар доираи Озмуни ҷумҳуриявии «Сайри гули лола» машварати корӣ баргузор гардид

Дар Париж, Москва ва Киев оид ба муовизаи асирон ба мувофиқа омаданд

Туркия ба рафъи хатари «Давлати исломӣ» дар Афғонистон мусоидат мекунад

Сарвазири нави Финляндия - ҷавонтарин дар ҷаҳон сарвари ҳукумат

Disney дар остонаи рекорди нави ҷаҳонӣ

Ҷаҳон дар як сатр

09.12.2019


Боз як майдончаи нави варзишу бозии кӯдакон кушода шуд

Сохтмони гузаргоҳи зеризаминӣ бо дарозии 260 метр

Чемпионати осиё. Тоҷикистон дар гурӯҳи "А"

Сӯхтор дар фабрикаи Деҳлӣ боиси марги беш аз 40 нафар шуд

Медведев шартҳои бастани шартномаи газ бо Киевро гуфт

Ёрии ҷаҳонӣ ба Афғонистон 46 дарсад коҳиш ёфт

Аморати Муттаҳидаи Араб кайҳоннавард интихоб мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

06.12.2019


Боздиди Рустами Эмомалӣ аз варзишгоҳи «Миллий»

Хуҷанд. Бунёди корхонаи истеҳсоли телевизор, яхдон ва кондитсионер

Масъалаи моҳияти сармояи инсонӣ дар рушди инноватсионӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт

Пекин аз Вашингтон кам кардани боҷи молҳои чиниро дархост намуд

ОПЕК истихроҷи нафтро метавонад кам созад

Дар мактабҳои Қазоқистон гузариш ба алифбои лотиниро мавқуф гузоштанд

Коррупсияро дар Қирғизистон тавассути рақамисозӣ бартараф карданианд

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед