logo

иқтисод

РОШТҚАЛЪА - ЗОДАИ ДАВРОНИ ИСТИҚЛОЛИЯТ

Ҳукумати мамлакат аз нахустин рӯзҳои соҳибистиқлолӣ ба таъмини рушди устувору муттасили ҷомеа, инкишофи бемайлони сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии он, муҳайё намудани шароити ҳар чи беҳтари зиндагӣ барои сокинони кишвар таваҷҷуҳи хос зоҳир менамояд. Дар ин росто, дар ноҳияи Роштқалъа низ барномаҳои зиёд амалӣ шуданд, ки ба рушди бесобиқаи ин гӯшаи диёр мусоидат намуданд.

Дар даврони соҳибистиқлолӣ бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ноҳияи Роштқалъа симояшро ба куллӣ дигаргун кард. Дар натиҷаи амалигардонии барномаҳои давлатӣ дар соҳаи кишоварзӣ дастовардҳои зиёд ба даст омаданд. Ислоҳоти куллии соҳа, ба талаботи иқтисоди бозаргонӣ мутобиқ гардондани он ба афзоиши истеҳсоли маҳсулоти чорво, сабзавоту картошка, беҳтар шудани вазъи молиявӣ ва дар ин замина баланд гардидани сатҳи зиндагии сокинони ноҳия мусоидат кард. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ танҳо дар соли равон ба зиёда аз 30 миллион сомонӣ баробар гардид.
Дар ноҳия ба равнақи соҳаи қутоспарварӣ, ки яке аз манбаъҳои сердаромад ба ҳисоб меравад, диққати ҳамаҷониба дода мешавад. Имрӯз хоҷагиҳои фермерӣ ва инфиродӣ дар водии Ҷавшангоз 848 сар қутос парвариш карда, аз ин ҳисоб фоидаи калон ба даст меоранд.
Ислоҳоти куллӣ дар соҳаи кишоварзӣ барои ба соҳибони асосии замин - деҳқонон додани ихтиёрдории замин мусоидат кард. Имрӯз 99 дарсади заминҳои ноҳия дар дасти мардум аст ва онҳо ба замин ҳамчун соҳибмулк муносибат мекунанд. Дар ҳудуди ноҳия 33 хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ) ва 6 хоҷагии деҳқонии инфиродӣ фаъолият менамоянд. Соли ҷорӣ дар майдони 1544 гектар ғалладонагӣ, картошка ва сабзавот кишт шуда, 4 гектар боғи нав бунёд ва 8,4 гектар боғҳои куҳна барқарор гардиданд. Шароити  камзаминии  ноҳияро ба  назар  гирифта, мутобиқи  дастури Президенти кишвар, ки аз Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олӣ бармеояд, ҳамасола дар самти ба кор андохтани заминҳои бекорхобида  корҳои муайян анҷом дода мешаванд. Танҳо дар Ҷамоати деҳоти Сежд  аз тарафи хоҷагидорони алоҳида 26 гектар замин ба гардиши кишоварзӣ дароварда шуд, ки дар шароити кӯҳистон нишондиҳандаи хуб аст.
Барои рушди тамоми самтҳои хоҷагии халқ “Барномаи рушди иҷтимоӣ - иқтисодии ноҳияи Роштқалъа барои солҳои 2016 - 2020”  қабул шудааст. Дар доираи ин барнома корҳои ободонию созандагӣ, ташкили корхонаҳои хурди истеҳсолӣ дар заминаи рушди соҳибкории хурду миёна, бо амалигардонии 133 лоиҳа ба маблағи миллионҳо сомонӣ, ба нақша гирифта шудааст. Дар 29 иншооти сохташаванда аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ бо ҷалби беш аз 29 миллион сомонӣ корҳои сохтмонӣ, таъмиру навсозӣ идома доранд. Айни замон аз тарафи Дирексияи сохтмонии иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия сохтмони бинои  нави беморхонаи касалиҳои рӯҳӣ босуръат давом дорад.
Бо иқдоми Ҳукумати мамлакат ва ҷалби сармояи хориҷӣ лоиҳаи сохтмони НБО «Себзор» бо иқтидори 10 мВт таҳия гардида, хишти аввали он моҳи июли соли 2015 аз тарафи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гузошта шуд. Барои сохтмони неругоҳ 35 миллион доллари амрикоӣ пешбинӣ гардида, корҳои тахту ҳамворкунӣ барои насби дастгоҳи шағалбарорӣ ба анҷом расид. Мутобиқи шартномаи ҳамкориҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Федеролии Олмон чанде пеш ин шарики боэътимоди рушд тасмим гирифт, ки  сохтмони иншооти мазкурро  маблағгузорӣ намояд. Бо бунёд гардидани неругоҳ имкониятҳои бештар барои таъсиси ҷойҳои нави корӣ, ташкили корхонаҳои хурди саноатӣ ва баланд бардоштани сифати зиндагии мардум муҳайё мегарданд.
Соли ҷорӣ барои сохтмони роҳи мошингард ба деҳаи баландкӯҳи Хичих, ки то ҳол танҳо роҳи душворгузари пиёдагард дошт, аз тарафи Сафорати Ҷопон дар Тоҷикистон 90 ҳазор доллари амрикоӣ ҷудо гардид. Мувофиқи нақша  ин роҳ то охири сол мавриди истифода қарор мегирад. Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли равон дар деҳаи Хабости Ҷамоати деҳоти Қурбоншоҳ Гадолиев сохтмони муассисаи таълимии рақами 1 ба итмом расид ва навсозии мактаби рақами 6 идома дорад. Ҳамчунин, корҳои сохтмонӣ ҷиҳати анҷоми бунёди такягоҳҳои пули километри 42 - юми роҳи Хоруғ - Ҷавшангоз ба маблағи 700 ҳазор сомонӣ босуръат идома доранд.
Дар ноҳия ба тарбияи насли наврас, эҳёи ҳунарҳои мардумӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир мегардад. Саҳми ҷавонон дар корҳои созандагию бунёдкорӣ рӯз ба рӯз  бештар мешавад. Дар давоми соли ҷорӣ 105 нафар ҷавони бешуғл ба касбомӯзӣ фаро гирифта шуда, 15 зани хонашин ҳунари адрасбофиро аз худ кардааст.
Сокинони ноҳияи Роштқалъа бо шукргузорӣ аз сиёсати бунёдкоронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ғамхориҳои пайвастаи Ҳукумати мамлакат дар талоши онанд, ки барои рушду пешрафти ин гӯшаи зебои диёр, дар маҷмӯъ кишвари маҳбубамон - Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳар чи бештар саҳмгузор бошанд.
Юсуф СУЛТОННОЁБОВ,
раиси ноҳияи Роштқалъа


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 30.11.2017    №: 245    Мутолиа карданд: 562

22.02.2019


Ҷаласаи Комиссияи сетарафаи танзими муносибатҳои иҷтимоию меҳнатӣ

Забони тоҷикӣ таърихи зиёда аз чорҳазорсолаи хату алифбо дорад

ББТ барои фаъолияти оператори низоми пардохтии “Осон” иҷозатнома гирифт

МАВСИМИ НАВИ ЛИГАИ ОЛӢ МОҲИ АПРЕЛ ОҒОЗ МЕГАРДАД

Путин самтҳои асосии сиёсати хориҷии Россияро тавзеҳ дод

Хадамоти вижаи 7 кишвари ИДМ машқи "Арарат-Антитеррор" мегузаронанд

Чин дар кайҳон неругоҳи барқи офтобӣ месозад

21.02.2019


ХУҶАНД. Оғози сохтмони бинои нави «Тоҷикстандарт»

ФУТБОЛ. Тақвими бозиҳои тими мунтахаби олимпии кишвар муайян гардид

Табибон аз Тотористон бо ҳампешаҳои тоҷики худ мубодилаи таҷриба мекунанд

Роҳандозии лоиҳаҳои инноватсионӣ дар Қазоқистон

Дар Ҳиндустон 13 иштирокдори тӯй зери чархи мошини боркаш монд

Сӯхтор сабабгори марги ҳафт кӯдак дар Канада

Ҷаҳон дар як сатр

19.02.2019


МАКТАБИ ДАВЛАТДОРИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН. ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

Баррасии масъалаҳои рушди сайёҳӣ

Вохӯрии Низомиддин Зоҳидӣ бо Мазен Шамия

Дурнамои рушди муносибатҳо матраҳ гардид

ҶОМИ КУШОДАИ АВРУПО. Муҳаммадризо Қувватов медали биринҷӣ ба даст овард

Авҷи ниҳолшинонӣ

Саҳми соҳибкорон дар ободии деҳот

Ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Чин ва Россия густурдатар мегардад

Сарвар Дониш: «Музокироти сулҳ бидуни ҳукумат қурбе надорад»

«Туҳфаи шоҳона» - и Арабистони Саудӣ ба шаҳрвандони Покистон

Дар Қазоқистон маркази амнияти иттилоотӣ ифтитоҳ меёбад

Сокини навраси Шимкент ду нафарро аз сӯхтор наҷот дод

Ҷаҳон дар як сатр

18.02.2019


Боздиди Азим Иброҳим аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ

ВКД Ҷиноятҳо 83,6 дарсад ошкор шуданд

Вазорати молия. Барои дастгирии буҷет маблағи бештар ҷалб хоҳад гашт

«BISHKEK OPEN – 2019». Дурахши каратэ-дочиёни навраси тоҷик

«МОҲИЯТ ВА ТАЪЙИНОТИ МАТБУОТИ МАҲАЛЛӢ»

РОҒУН. Ободонӣ вусъат меёбад

АНДОЗ. Нақша 100, 6 дарсад иҷро гардид


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед