logo

Хабарҳо

Садриддин Айнӣ ва ташаккули публитсистикаи тоҷик

Устодон Садриддин Айнӣ ва Абулқосим Лоҳутӣ  дар солҳои бистуми  қарни гузашта, ки барои халқи тоҷик тақдирсоз буданд, тамоми неруи худро ҷиҳати ташаккули ҳувият ва шаклгирии  худшиносию шуури миллӣ равона намуда буданд.
Ин нукта зимни конфронси илмӣ - назариявӣ дар мавзӯи «Нақши устод Садриддин Айнӣ  ва Абулқосим Лоҳутӣ дар ташаккули публитсистикаи тоҷик», ки бо ташаббуси Академияи воситаҳои ахбори омма бахшида ба гиромидошти 140 - солагии  устод Айнӣ ва 130 -  солагии устод Лоҳутӣ, бо ширкати васеи олимону донишмандон, коршиносони соҳа ва рӯзноманигорон баргузор гардид,  зикр шуд.
Масрур Абдуллозода, мушовири бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, дар мавзӯи  «Масъалаи тоҷикон – асоси публитсистикаи  устод Садриддин Айнӣ дар солҳои бистуми асри XX» суханронӣ намуда, аз ҷумла иброз дошт, ки Садриддин Айнӣ на танҳо сардафтари адабиёти муосири тоҷик, балки падари фарҳанги тоҷик ва ба қавли Бобоҷон  Ғафуров падари миллати тоҷик ҳастанд. Зеро бо кӯшишу заҳматҳои беандозаи он кас аввалин рӯзномаҳои тоҷикӣ рӯйи чоп омаданд.
- Устод Садриддин Айнӣ ва Абулқосим Лоҳутӣ  ду шаҳсутунанд, ки тамоми адабиёти давраи нав, ҳам назму ҳам насру драматургия ба кору фаъолияти онҳо вобаста аст. Зеро онҳо ба маънои ҳақиқияш устод ҳастанд, устоди тамоми адибони наслҳои минбаъда, - иброз дошт, Аламхон Кӯчаров профессори  Донишгоҳи миллии Тоҷикистон.
Лола РИЗОӢ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 281

20.10.2018


 ИДМ. Нозирони навраси тоҷик дар мақоми аввал

 Болоравии тавлидоти маҳсулоти саноатӣ

Рушди чорводорӣ

КАРТОШКАПАРВАРӢ. Талошҳо самар медиҳанд

 "Подоши амал" дар фестивали байналмилалӣ

 Дар ноҳияи Восеъ беш аз 200 иншоот месозанд

ҶОМИ ТОҶИКИСТОН. Ғалабаҳои "Истиқлол" ва "Хуҷанд"

17.10.2018


РАШТ. Гусели 40 нафар ба хизмати ҳарбӣ

ТОҶИКОБОД. Ду коргоҳи нав дар хизмати сокинон

Вусъати омодагиҳо дар ноҳияи Спитамен

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. 414 иншоот бунёд меёбад

ВАРЗИШГАРОНИ ТОҶИК ДАР ҚУВВАОЗМОИИ ҶАҲОНӢ

Бозиҳои олимпии наврасон. МЕДАЛИ НУҚРАИ БЕЖАН

16.10.2018


Тасдиқи нақшаи чорабиниҳо оид ба шинондани ниҳолҳо

Мунтахаби Тоҷикистон дар мусобиқаи "Bangabandhu Gold Cup" ҷои дувумро гирифт

БОЗИҲОИ ОЛИМПИИ НАВРАСОН. Мо соҳиби медал шудем

10.10.2018


Ҷаласаи Шӯрои вазирони мудофиаи кишварҳои узви ИДМ баргузор мешавад

Таҳкими ҳамкориҳои Бонки миллии Тоҷикистон ва БАТР

Дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Чакан» доир мегардад

СУҒД. Бунёд ва таъмири 110 иншооти фарҳангӣ

РАШТ. Сохтмони 140 иншоот

РОШТҚАЛЪА. Вусъати созандагӣ

“SLOW FOOD”. Муаррифии гулмоҳии амударёӣ ва оши палов

МУНТАХАБИ ТОҶИКИСТОН ДАР ФИНАЛИ МУСОБИҚАИ "BANGABANDHU GOLD CUP"

09.10.2018


БАЛҶУВОН. Рӯ ба рушд

РАШТ. Авлавият ба ҳифзи муҳити зист

ТАНЗИМ. Қонуншиканон 25 ҳазор сомонӣ ҷарима шуданд

Сипоси сарвари ОПЕК Муҳаммад Баркиндо аз Владимир Путин

Сарони Россия ва Ӯзбекистон ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ карданд

Неруҳои эътилофи байналмилалӣ дар Афғонистон амнияти интихоботро таъмин месозанд

Лондон зери об мемонад?

Ҷаҳон дар як сатр

08.10.2018


Даҳ соли минтақаҳои озоди иқтисодӣ

ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ. Мунтахаби Тоҷикистон – барандаи медалҳои нуқра


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед