logo

Хабарҳо

Намоишгоҳи ширкатҳои сайёҳии кишварҳои узви ЭКО ташкил мешавад

Ояндаи наздик    дар Ҷумҳурии Тоҷикистон   дар доираи Созмони ҳамкории иқтисодӣ (ЭКО) Форум ва  Намоишгоҳи ширкатҳои сайёҳӣ ва маҳсулоти дастии кишварҳои узви ЭКО ташкил карда мешавад.
Ин матлаб зимни мулоқоти раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ Нуъмон Абдуғаффорзода ва раиси Муассисаи фарҳангии Созмони ҳамкории иқтисодӣ Муҳаммад Маҳдии Мазоҳирӣ матраҳ шуд.
Раиси кумита иброз дошт, ки дар заминаи сиёсати "дарҳои кушода" боз Тоҷикистон узви комилҳуқуқи Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ гашта, барои ворид шудани соҳаи сайёҳии кишвар ба бозори ҷаҳонии туризм заминаи воқеӣ фароҳам оварда шуд.
- Ҷуғрофияи ташрифоти сайёҳони хориҷӣ ба ҷумҳурӣ васеъ гашта, аз  59 ба 109 давлат расид. Ҳамзамон, Кумитаи рушди сайёҳӣ ҷиҳати таблиғи имконият ва захираҳои туристии мамлакат дар арсаи байналмилалӣ портали миллии сайёҳиро бо се забон – тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ таҳия кардааст, ки оид ба захираҳои сайёҳӣ ва қоидаҳои будубоши сайёҳон дар кишвар манбаи боэътимоди дарёфти маълумот ба ҳисоб меравад, - илова кард Нуъмон Абдуғаффорзода.
Ҷонибҳо, ҳамчунин, паҳлуҳои гуногуни фаъолияти сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро мавриди баррасӣ қарор дода, оид ба густариши ҳамкории сайёҳӣ дар доираи Созмони ҳамкории иқтисодӣ ба мувофиқа расиданд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 230

20.10.2018


 ИДМ. Нозирони навраси тоҷик дар мақоми аввал

 Болоравии тавлидоти маҳсулоти саноатӣ

Рушди чорводорӣ

КАРТОШКАПАРВАРӢ. Талошҳо самар медиҳанд

 "Подоши амал" дар фестивали байналмилалӣ

 Дар ноҳияи Восеъ беш аз 200 иншоот месозанд

ҶОМИ ТОҶИКИСТОН. Ғалабаҳои "Истиқлол" ва "Хуҷанд"

17.10.2018


РАШТ. Гусели 40 нафар ба хизмати ҳарбӣ

ТОҶИКОБОД. Ду коргоҳи нав дар хизмати сокинон

Вусъати омодагиҳо дар ноҳияи Спитамен

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. 414 иншоот бунёд меёбад

ВАРЗИШГАРОНИ ТОҶИК ДАР ҚУВВАОЗМОИИ ҶАҲОНӢ

Бозиҳои олимпии наврасон. МЕДАЛИ НУҚРАИ БЕЖАН

16.10.2018


Тасдиқи нақшаи чорабиниҳо оид ба шинондани ниҳолҳо

Мунтахаби Тоҷикистон дар мусобиқаи "Bangabandhu Gold Cup" ҷои дувумро гирифт

БОЗИҲОИ ОЛИМПИИ НАВРАСОН. Мо соҳиби медал шудем

10.10.2018


Ҷаласаи Шӯрои вазирони мудофиаи кишварҳои узви ИДМ баргузор мешавад

Таҳкими ҳамкориҳои Бонки миллии Тоҷикистон ва БАТР

Дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Чакан» доир мегардад

СУҒД. Бунёд ва таъмири 110 иншооти фарҳангӣ

РАШТ. Сохтмони 140 иншоот

РОШТҚАЛЪА. Вусъати созандагӣ

“SLOW FOOD”. Муаррифии гулмоҳии амударёӣ ва оши палов

МУНТАХАБИ ТОҶИКИСТОН ДАР ФИНАЛИ МУСОБИҚАИ "BANGABANDHU GOLD CUP"

09.10.2018


БАЛҶУВОН. Рӯ ба рушд

РАШТ. Авлавият ба ҳифзи муҳити зист

ТАНЗИМ. Қонуншиканон 25 ҳазор сомонӣ ҷарима шуданд

Сипоси сарвари ОПЕК Муҳаммад Баркиндо аз Владимир Путин

Сарони Россия ва Ӯзбекистон ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ карданд

Неруҳои эътилофи байналмилалӣ дар Афғонистон амнияти интихоботро таъмин месозанд

Лондон зери об мемонад?

Ҷаҳон дар як сатр

08.10.2018


Даҳ соли минтақаҳои озоди иқтисодӣ

ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ. Мунтахаби Тоҷикистон – барандаи медалҳои нуқра


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед