logo

фарҳанг

ШОМИ ШАНБЕ

МОНТАН – ПЕЛЕ. ТАЪРИХИ ЯК ФОҶИА
Шаҳри Сен – Пйер, ки дар ҷазираи Мартиникаи соҳили баҳри Кариб ҷойгир буд, яке аз зеботарин мавзеъҳои ин макон ба шумор мерафт. Вале 8 майи соли 1902 8 километр дуртар аз ин шаҳр вулқони Монтан - Пеле фаввора зада, онро ба хок яксон кард. Ин офати даҳшатангези  табиӣ тамоми аҳолии шаҳрро, ки зиёда аз 30 ҳазор нафарро ташкил мекард, ба коми худ фурӯ бурд. Аз ин миён танҳо 2 нафар зинда монду халос.
Зиндони зеризаминие, ки  аз як хонаи тангу торик ва ҳавоногузар бо дару деворҳои сангин иборат буд, маҳбуси 25 - сола Аугусте Кипариро аз марг наҷот дод. Нафари дуюм мӯзадӯз Леон Комперу Леандру, ки ҷони худро аз байни алангаи оташи даҳшатнок раҳо кардааст, чунин мегӯяд: «Агарчи сахт осеб дида бошам ҳам, хушбахтам, ки наҷот ёфтам. Ҷое, ки паноҳ бурдам, девори сангини хонаам буд. Он пеши роҳи оташро гирифт».
Таҳияи Гулистони ҚАДАМСАИД


АҲМАД ЗОҲИР ЯК ҲАРФИ НОГУФТА
Ҳамсари Аҳмад Зоҳир хонум Фахрия мегӯяд: «Ҳар рӯзи ҷумъа ба оромгоҳи шавҳарам мерафтам ва медидам, ки пиразане нишаставу даст ба дуо кушодааст.  Давоми чанд ҳафта ин амал такрор меёфт. Назди пиразан рафта бо эҳтиром салом дода, пурсидам:
- Модар шумо кӣ ҳастед, чаро ҳар ҷумъа маҳз ин ҷо дуохонӣ меоед?
Пиразан гуфт:
- Писарам дар беморхонаи Алиобод ҳоли вазнин дошт. Табибон гуфтанд, ки зуд хун биёрам. Рӯйхати доруву хунро ба даст гирифта, ба назди доруфурӯше омада гуфтам:
- Зани фақираму писарам дар моварои маргу зиндагист. Метавонед, доруҳову хунро ба ман ройгон диҳед? Агар писарам ба по хест, худаш, вагарна худи ман пулашро бармегардонам.
Доруфурӯш хандиду гуфт:
- Дар куҷо дидӣ, ки доруву хунро ба ноошное бепул медиҳанд? Чунин ҷой вуҷуд надорад, пул ёбу бихар!
Бо гиря аз дорухона берун мешудам, ки ногоҳ ҷавоне дастамро дошта ба доруфурӯш гуфт:
- Он чӣ дар қоғаз навишта шудааст, ба ин модари азиз бидеҳ.
Доруфурӯш дору ва хунро ба ман дода, аз ҷавон пулашро гирифт. Сари роҳ баромадем ва ҷавон мошинеро дошта, ҳаққи ӯро то Алиобод дод ва 500 афғонии дигар ба ҷайбам андохт.
Номи он «фариштаи наҷот» - ро пурсидам:
Гуфт:
- Чӣ мекунӣ модар, аҷала кун, ки писарат бемор аст.
Гуфтам, на! Номатро бигӯй, то бидонам. Дари мошинро пӯшиду гуфт:
- Аҳмад Зоҳир ҳастам, зуд бирав.
Он рӯз писарам аз марг наҷот ёфт ва аз лаҳзае, ки хабари марги Аҳмадро шунидам, то имрӯз сари оромгоҳаш дуо мехонам.
Таҳияи Қурбон АҲМАДЗОД


СОФИЯ.  РОБОТЕ БО ОРЗУҲОИ ИНСОНӢ
Албатта, чунин хоҳиш табиист ва аҷобате надорад. Аммо дар мавриди София  чунин наметавон гуфт. Зеро ӯ на духтари муқаррарӣ, балки роботи одамгуна мебошад.
Софияро ширкати ҳонконгии “Hanson Robotics» бо чеҳраи ҳунарманд, сарояндаи британӣ Одри Хепбёрн сохтааст. Зеҳни сунъии роботзан 19 апрели соли 2015 ба кор дароварда шуд. Ӯ дар ин муддат дар бисёр чорабинию мусоҳибаҳо ширкат варзид. Аз ҷумла, моҳи июни соли равон дар ҳамоиши зеҳни сунъӣ дар Женева суханронӣ намуд. Зимни суҳбат ҳарчанд ҳоло ҳам баъзе гапҳояш ноҷо мебароянд, вале бо ҳозирҷавобӣ мусоҳибро ба ҳайрат меоварад.
София нахустин дар таърих робот аст, ки соҳиби мақоми шаҳрвандӣ шуд: ӯ табааи Арабистони Саудиро гирифт. Аз ин аҷибтараш он аст, ки София оила барпо кардан мехоҳад. Ба саволи “Чӣ гуна мард барояш идеалист”, ӯ ҷавоб додааст, ки шарики ҳаёташ бояд “фавқулдоно ва фавқулнобиға” бошад.
Таҳияи Гулнисо САЪДОНШО


БЕ ХАФАГӢ
Ба муносибати қабули гимни давлатии Иттиҳоди Шӯравӣ соли 1943 дар толори «Болшой театр» зиёфати расмӣ оростанд. Сталин муаллифи гимн С. Михалков ва Эл - Регистанро бо нишони эҳтиром аз ду паҳлуи худ нишонд. Ғайричашмдошт Эл - Регистан аз ҳама пеш қадаҳашро бардошта, аз Сталин иҷозати сухан пурсид ва чунин нӯшбод гуфт:
- Мехоҳам қадаҳро барои онҳое бардорем, ки дар анҷоми ин масъулияти бузурги давлатию сиёсӣ моро ҳамроҳӣ карданд: барои рафиқони содиқ Ворошилов, Молотов ва ниҳоят  барои Сталин…
А. Шербаков маънидорона ишора кард, ки суханро бояд аз Сталин шурӯъ мекард.
Эль - Регистан хатои худро дарк намуда, хост ислоҳ кунад, вале Сталин сухани ӯро бурид:
- Чехов дар бораи як савдогари сахӣ ҳикояе дорад. Мазмуни он чунин аст: савдогар барои масҷид аз ҳама зиёд хайру саховат мекунад, вале ному насабаш ҳамеша дар поварақи рӯзномаҳо баъд аз ҳама нашр мешуд. Аз чунин муносибат савдогар, албатта, сахт меранҷид, вале ман савдогар нестам.
Аз русӣ тарҷумаи М. ОДИНАЕВА


ДАНҒАРА
Олими зиндаёд А. Девонақулов дар асари худ «Асрори номҳои кишвар» навиштааст, ки вожаи «Данғара» маънои «об ёфтани ташнагон» мебошад. Дар баъзе сарчашмаҳо гуфтаанд, ки аз калимаҳои «дон» ва «ғарам», яъне «ғарами ғалла» пайдо шудааст. Чунин андеша ҳам ҳаст, ки «Данғара» маънои «тангии кӯҳ» ё худ «майдони кӯҳ» - ро медиҳад. Аммо, ба андешаи олим, истилоҳи «Данғара» аз ду калимаи паҳлавии «дан» ва «ғара» таркиб ёфтааст. Вожаи «дан» дар поварақи фарҳанги «Бурҳони қотеъ» ба маънои фарёду ғавғои банишот шарҳ ёфтааст. Дар фарҳанги «Анҷуманорои Носирӣ» чунин омада: «Дан – садову нидо ва замзамаро гӯянд». Дар «Фарҳанги Рашидӣ» низ ба ҳамин маънист.
Илова бар ин, калимаи «дан» бо истилоҳи «занд» ҳамреша аст. «Занд» шарҳу тафсири «Авесто» буда, маънии «бузург, азим, ҳаёт, зинда, калон, қавӣ, неруманд ва ғайраро дорад. Дар «Авесто» ин калима ба шакли «зантай ва азантай» талаффуз карда шуда, ба забони паҳлавӣ ба тарзи «занд, зан, дан» гуфта шуда, ба маънии «шиносондан, маърифат» кор фармуда мешуд. Пас, аз калимаи «зан» - и паҳлавӣ калимаи «дан» - и тоҷикии бостон ба маънии «донистану шинохтан» - и имрӯза пайдо шудааст. Ҳоло зиёда аз 140 ҳазор калимаи зандӣ, яъне аз китоби «Занд», ба мо расидааст, ки дар дохили он калимаи «дан» ҳам вуҷуд дорад. Аз ин бармеояд, қисмати аввали истилоҳи «Данғара»- и мо, яъне «Дан» бо калимаи «занд» ҳаммаъно буда, дар як радиф меистад. Қисми дуюми истилоҳи «Данғара» - «ғара» дар «Фарҳанги Онандроҷ» ба маънои роҳи замини баланду сахт, номи ҷойгоҳ фаҳмида мешавад. Ҳамчунин, дар Андалус шаҳрест бо номи Ғаро.
Агар маънии қисмати дуюми истилоҳи «Данғара» - ғараро бо маънии калимаи «зантай, азантай – занд – зан – дан» - е, ки ба «Авесто» тааллуқ дорад, зам намоем, он гоҳ маъниҳои «маърифатгоҳ, донишгоҳ, макони ҳаёт» ва ғайраро ҳосил мекунем.
Таҳияи Қурбон МАДАЛИЕВ


ПУЛ. ЯК ШИОРИ ҒАЙРИОДӢ
Тарроҳони ширкати туркии  «Tridal»  овезаеро таҳия намуданд, ки дар он  тасвири 100 доллари ИМА аз 4000 ибораҳои гуногуни туркию англисӣ омода гардидааст. Калимаҳо аз ҳаёти ҳаррӯзаи одамон гирифта шудаанд. Масалан «идораи дилгиркунанда», «роҳбари асабӣ», «тафтишот», «бехобӣ», «сари вақт ба  корхона ҳозир шудан», «рӯи мизи корӣ хӯрок хӯрдан», «бемор ба кор рафтан»  ва ғайра.
Овеза «Пул кор кардан осон нест!» ном дорад. Шиораш «Чун ба душворӣ пул ба даст меорӣ – ба осонӣ харҷ макун!» мебошад.
Мақсад аз таҳияи овеза  таъкид бар он аст, ки одамон бо заҳматҳои зиёд пул ба даст меоранд, аз ин рӯ, набояд онро бе зарурат харҷ намоянд.
Унсури хурдакак, вале аз ҳама муҳими овеза логотипи ширкат маҳсуб меёбад. Новобаста аз ин, овеза  ба кормандон хушбинӣ ба ҳаётро эҳдо намудааст!
Таҳияи Фарзона  ФАЙЗАЛӢ


50 МАСЛИҲАТИ КАРНЕГИ
Нависанда, равоншинос ва омӯзгор Дейл Карнеги бо як принсип мулоҳиза ва зиндагӣ мекард: «Дар дунё одамони бад нестанд. Танҳо ҳолатҳои ногуворе баъзан рух медиҳанд, ки онҳоро ба осонӣ метавон бартараф сохт. Барои ин танҳо муносибатро нисбати чунин ҳолатҳо бояд тағйир диҳем. Фаромӯш накунем, ки барои чунин ҷузъиёт зиндагии худ ва дигаронро  нороҳат кардан намеарзад».
Бо дархости зиёди хонандагони саҳифаи дӯстдоштании «Шоми шанбе» чанд маслиҳати Дейл Карнегиро барои онҳое манзур менамоем, ки мехоҳанд дар зиндагӣ муваффақ бошанд.
1. Чеҳраи шумо аз либосе, ки мепӯшед, хеле муҳимтар аст.
2. Агар хоҳед, ки одамонро тағйир диҳед, аз худ оғоз кунед. Ин ҳам муфид ва ҳам бехатар хоҳад буд.
3. Ханда ҳеҷ арзише надорад, вале хеле баланд қадр мешавад.
4. Фардо вуҷуд надорад. Барои наҷоти инсон танҳо ҳамин рӯз аст!
5. Дар ин дунё танҳо бо як усул метавон муҳаббатро ба даст овард: онро талаб накунед, балки ба дӯстдоштаатон бетамаъ бахшед ва дар ҷавоб ҳеҷ гоҳ миннатдорӣ интизор нашавед.
Таҳияи М. ЗУВАЙДОВА


ҚИССАИ ЯК ТАРҶУМА (ТАРҶУМОН)
Боре ба яке аз тарҷумонҳои Созмони Милали Муттаҳид лозим омад, ки нутқи намояндаи ҳайати ҷопониро тарҷума намояд. Марди ҷопонӣ барои хушҳолӣ латифае гуфт, вале тарҷумаи он барои иштирокчиён тамоман нофаҳмо, балки тааҷҷубовар буд. Лутфи нотиқ касеро ба табассум ҳатто моил намекард. Сипас, тарҷумон барои аз вазъияти ногувор баровардани меҳмон ба иқдоми аҷибе даст зад ва бо забони англисӣ гуфт: «Хонумон ва ҷанобон!  Ҳамин ҳоло меҳмони олиқадри мо бо забони худ як латифаи аҷиб гуфт, ки тарҷумааш барои ман тамоман имконнопазир аст. Агар шумо муроот карда бихандед, боиси хушҳолии ӯ ва ҷонхалосии ман мегардад».
Дар толор садои хандаи аҳли нишаст, ки дилашон ба ҳоли тарҷумони бечора сӯхта буд, якбора баланд шуд.
Таҳияи Абдурашид САМАДОВ


САНГПУШТИ ЧОЛОК
Берти чун сангпушти чолоктарини дунё расман эътироф шуд. Он дар як сония бо суръати 0,28 мил (0,6 мил/соат) ҳаракат карда, рекорди соли 1977  гузоштаро нав кард. Берти нисбат ба сангпуштҳои муқаррарӣ суръати дучанд намоиш дода,100 метр масофаро ҳамагӣ дар 6 дақиқа тай намуд.
Таҳияи Муҳаммадраҷаб БЕРДИЁРОВ


ЯК ФАКТИ ҶОЛИБ!
Ё барои чӣ аз ангушти беном (бунсур) хун мегиранд?
Сабаби аз ангушти беном (бунсур) гирифтани хун барои ташхис дар он аст, ки инсон ин ангуштро дар ҳаёти ҳаррӯза нисбат ба ангуштони дигар камтар кор мефармояд. Яъне, хатари гирифтори бемориҳои сироятӣ дар захм камтар мебошад. Ба замми ин, пӯсти болиштаки ангушти беном назар ба сарангушт, ангуштони ишорат ва миёна тунуктар аст.
Ҳамчунин, таъсири системаи асаб дар ангушти беном камтар буда, ғализии рагҳои мӯякӣ (капиллярҳо) зиёд аст.
Таҳияи Г. МАВЛОНАЗАРОВА


BLUETOOTH Ё ҲАМОН «ДАНДОНКАБУД»
Пештар боре ҳам фикр карда будед, ки калимаи маъруфи «bluetooth» калимаи мураккаби англисӣ буда, аз ду реша blue – кабуд ва tooth – дандон таркиб ёфтааст. Онро ба ифтихори шоҳ Харолди 1, ки лақаби «Дандонкабуд» - ро доштааст, чунин номидаанд. Ӯ дар асри Х дар Дания ва як қисми Норвегия ҳукмронӣ кардааст.
Bluetooth аз тарафи гурӯҳи кории «Bluetooth specialinterest Group», ки соли 1998 таъсис ёфтааст, коркард шуд. Ба ин гурӯҳ ширкатҳои машҳури Ericsson, IBM, Intel, Toshiba ва Nokia шомил буданд. Bluetooth ба дастгоҳҳои технологии ин ширкатҳо имконият медиҳад, ки дар ҳудуди 100 метр ба ҳам пайваст шуда, мусиқӣ, сурат, навор ва барномаҳои гуногунро бо ҳам мубодила кунанд.
Таҳияи Бузургмеҳри БАҲОДУР


10 КИТОБХОНАИ НОДИРИ ОЛАМ
«КАЛЛАМАНОРА»
Соли 2002 дар шаҳри Ниссеи Фаронса аз ҷониби меъморон Ив Байяр ва Франсис Шапю бинои китобхонаи боҳашамату ғайриодӣ қомат афрохт. Ин офаридаи меъмории наву замонавиро бинандаҳо на танҳо ҳамчун китобхонаи муқаррарӣ, балки чун яке аз рамзҳои асосии ин шаҳраки истироҳатии Фаронса қабул карданд.
Китобхона ба исми нависандаи фаронсавӣ Луи Нусер номгузорӣ гардида, дар он зиёда аз 2000 ҳуҷҷат маҳфуз аст. Бино дар шакли каллаи одам (чоркунҷа) сохта шудааст. Бинои асосии маъмурии он теткарре ном дошта, маънояш каллаи чоркунҷа мебошад.
Таҳияи Гулнисои САЪДОНШО


ШУЙДИН – ҚАҲРАМОНИ ДУ САҲНА
Насли калонсол масхарабозони сирк Юрий Никулин ва Михаил Шуйдинро хуб мешиносанд. Ин дуэт дар таърихи сирк маъруфтарин ҷуфти масхарабозон эътироф шудааст. Мо махсусан, ба дастпӯшакҳои сафед ва рӯйи рангмолидаи Шуйдин одат кардаем. Вале кам касоне медонанд, ки ин амал аз ночорӣ буд. Михаил Шуйдин ҷароҳатҳои дар Ҷанги дувуми ҷаҳон гирифтаашро бо ҳамин роҳ пинҳон мекард.
Қисса ин аст, ки дар давраи ҷанг лейтенанти калони гвардия Шуйдин қумандони ротаи танкӣ буд. Моҳи августи соли 1944 ӯ фармон мегирад, ки дар деҳаи Жагаре, шимолтар аз Шауляй, ҷойгир шуда, пеши роҳи адуро бигирад. Онҳо дар баландӣ камин гирифта душманро интизор шуданд. Тӯли 26 соат пайиҳам шаш зарбаи фашистонро баргардонданд. Дар яке аз ҳуҷумҳои охирин танки лейтенанти калонро снаряди душман аз кор баровард. Ҳайат аз танки оташгирифта базӯр берун омад. Қумандон ҳамяроқонашро ба пеш хонд. Дигар ҳарб чӣ гуна анҷом ёфту чӣ гуна роҳи панҷкилометраро то санчаст тай кард, ёд надошт…
Вақте ба ҳуш омад, душман торумор шуда буд. Шаш моҳ табибон барои зинда монданаш заҳмат кашида, қувваи босираашро барқарор намуданд. Вале сӯхтор нақши худро дар рӯй ва дастонаш боқӣ гузошт.
Пас аз ҷанг Михаил дар қатори сесад нафар довталаби омӯзишгоҳи сиркӣ барои шогирди масхарабози машҳур Карандаш шудан бахташро санҷид. Интихоб дар се давр сурат гирифт, дар охир се нафар қабул гардиданд, ки миёнашон Михаил Шуйдин низ буд. Карандаш бо Юрий Никулин ҳунарнамоӣ мекард. Боре барои санҷиш ба ҷойи худ Михаилро бо Юрий ба саҳна баровард. Аз рӯзи аввал ситораи ин ду ҳунарманд ба ҳам рост омада, то соли 1983 аз ҳам ҷудо нагаштанд.
Шуйдин хеле марди хоксор ва меҳнатдӯст буд. Тамоми ҷиҳози саҳнавиро бо дастони худаш омода мекарду дар саҳна бартариро ба Никулин медод. Вале, чуноне ки худи Юрий мегӯяд: «Бе Шуйдин ман Никулин намешудам».
Михаил Шуйдин хандаро беҳтарин ҳадия меҳисобид ва хушбахт аз он буд, ки ҳар рӯз ба дигарон хурсандӣ ато менамояд.
Таҳияи М. ТАБАРӢ


МЕССИ ва баландтарин маош дар дунёи футбол
Ҳамлагари мунтахаби Аргентина Лионел Месси  бо дастаи «Барселона» (Испания) қарордодашро то  соли 2021 тамдид намуд.
Тибқи хабари Ei Mundo дастмузди қарордоди нави футболбоз дар мавсим 42 миллион евроро ташкил медиҳад.
Дар зимн нашрияи испании Marca зикр намудааст, ки ҳамлагари 30 - солаи «Барселона» гирандаи маоши баландтарин дар дунёи футбол гардид.
Пас аз ӯ Карлос Тевес («Шанхай Шэнхуа», 38 млн. евро дар мавсим), Неймар («ПСЖ», 36 млн. эвро), Криштиану Роналду («Реал», 34 млн. евро), Оскар («Шанхай СИПГ», 24 млн. евро), Гарет Бейл («Реал», 23 млн. евро), Эсекел Лавесси («Хэбэй Чайна Фортун», 22 млн. евро), Халк («Шанхай СИПГ», 20 млн. евро), Пол Погба («Манчестер Юнайтед», 17 млн. евро), Грасиано Пелле («Шандун Лунэн», 15 млн. евро) гирандагони дастмузди баланд дар футбол маҳсуб мегарданд.
Таҳияи Раҷабалӣ ИСМАТУЛЛОЕВ


48 МИЛЛИОН ДОЛЛАР НАРХИ ДУ АЛМОСИ НОЁБ
Дар Хонаи музоядаи «Christie's», воқеъ дар шаҳри Женеваи Швейтсария ду алмоси ноёбро ба маблағи 48, 2 миллион доллар фурӯхтанд.
Нархи алмоси вазнаш 163 қирота 33,5 миллион франки Швейтсарияро ташкил дод. Дар феҳристи музояда нархи тахминии ин ашёи нодири заргарӣ ҳатто нишон дода нашуда буд.
Ин алмоси қиррааш зумуррадии ба маснуоти заргарии иборат аз 18 адад алмоси хурдҳаҷм ва 66 адад зумурради нокшакл насбшуда санги қиматбаҳотарини ба музояда гузошташуда ба ҳисоб меравад.
Маснуот аз ҷониби ҳунармандони коргоҳи заргарии «GRISOGОNО» як нусха тайёр карда шудааст. Дар тавзеҳот гуфта шудааст, ки ин алмос аз алмоси вазнаш 404 қироти соли 2016 аз Ангола ёфтшуда гирифта шудааст. Барои коркарди тарафи берунаи он 11 моҳ сарф шуд. Дар ин раванд 10 нафар заргари нодиракор ширкат варзид.
Алмоси дигари ба музояда гузошташуда «Ле Гранд Мазарини» ном дошта, рангаш гулобӣ аст. Он ба маблағи 14, 3 миллион франк (14, 5 миллион доллар) фурӯхта шуд. Таърихи ин санг аз асри ХVII сарчашма мегирад.
Таҳияи Муҳаммадраҷаб БЕРДИЁРОВ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 01.12.2017    №: 246    Мутолиа карданд: 445

18.12.2017


СТИПЕНДИЯИ ПРЕЗИДЕНТӢ. САФИ ҶАВОНОНИ ЛОИҚ МЕАФЗОЯД

Созмони тоҷикони Қирғизистон беҳтарин ҷамъияти милливу фарҳангӣ эътироф гардид

ВАНҶ. Таҷдиду азнавсозии муассисаҳои тандурустӣ

Ҷаҳон дар як сатр

16.12.2017


Густариши ҳамкориҳо бо Олмон

Вохӯрии Қоҳир Расулзода ва Ҳонӣ Фавзӣ ал - Мулкӣ

Баргузории ҷаласаи 28 - уми Шӯрои банақшагирии минтақавии СҲИ

Ҳамоиши соҳибкорони Тоҷикистону Амороти Муттаҳидаи Араб

Ҷаҳон дар як сатр

14.12.2017


Мулоқоти Қоҳир Расулзода ва Биналӣ Йилдирим

Рушду равнақи ҳамкориҳои Тоҷикистону Туркманистон

Ибодулло Машраб – барандаи Ҷоизаи «Ситораи Иттиҳод»

Дар Ёвон коргоҳи меваю сабзавот ба истифода дода шуд

Бунёди боғи интенсивӣ дар Тоҷикобод

Ҷаҳон дар як сатр

Зангҳои бардурӯғ

ИМА маблағгузории СММ – ро 250 миллион доллар кам карданист

Фаронса истифодаи телефонҳои мобилиро дар мактабҳо манъ менамояд

Бори нахуст дар эстафетаи олимпӣ робот иштирок намуд

Варзиш

11.12.2017


Баррасии масоили ҳифзи амнияти иттилоотӣ

Вохӯрии Музаффар Ҳусейнзода ва Дан Некулаеску

Инноватсия ва шарикӣ барои ноил гаштан ба Ҳадафҳои рушди устувор

Баргузории форуми «Роҳ ба сӯи иқтисодиёти ғайринақдӣ»

Ҷаҳон дар як сатр

«Сафирони забони русӣ» ба Тоҷикистон омаданд

Дар Осло Ҷоизаи сулҳи Нобел супурда шуд

Сарвазири Ироқ: «Ҷанг алайҳи «ДИ» анҷом ёфт»

СММ: «Ҳаҷми ҷаҳонии порагирӣ 1 триллион долларро ташкил медиҳад»

Фарбеҳтарин зани дунё 400 кило вазн партофт

08.12.2017


Ҷаҳон дар як сатр

Дар Швейтсария президенти нав интихоб намуданд

Ҷангиёни «Давлати исломӣ» ба киберфазо мегузаранд

Хисорот аз сӯхтори ҷангали Калифорния аз 9 миллиард доллар гузашт


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед