logo

иҷтимоиёт

ТОҶИКИСТОН ВАТАНИ СЕБ

Мирзошоҳи Акобир соҳибкорест, ки дар ноҳияи Рашт ба эҳёи ҳунарҳои мардумӣ ва боғдорӣ машғул аст. Бобояш Акобир дар дараи Ясмани Ҷамоати деҳоти Ясман боғдори номӣ буд ва падараш Искандаршо нафарест, ки навъи себи хубониро аз хонаи кампири Хубон дарёфт намуда, тариқи пайванд дар водии Рашт паҳн кардааст.
Мирзошоҳ низ аз кӯдакӣ ба ниҳолпарварӣ  завқ дошт. Ӯ баъди хатми мактаби  миёнаи № 24 - и ноҳия  дар Совхозтехникуми  шаҳри  Қӯрғонтеппа ва баъдан дар Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон таҳсил карда, соҳиби ихтисоси агроном – олим гаштааст.
Соли 1987 ба бунёди боғи ботаникӣ - фарҳангӣ шурӯъ карда, онро «Кӯҳсори аҷам» номид. Мақсад аз бунёди боғ ҷамъоварӣ ва нигоҳдории навъҳои маҳаллии дарахтони мевадиҳанда буд.
Ҳоло дар боғ 64 навъи себи маҳаллӣ, 36 муруд, 24 зардолу, бодом, олу, гелос, чормағз, ангур ва шафтолу нигоҳдорӣ ва парвариш мегардад. Ҳамасола дар ниҳолхона соле  6-7 ҳазор бех ниҳоли пайвандиро тайёр карда, ба фурӯш мебарорад.
Даромади фурӯши ниҳолро низ ӯ ба кори хайр сарф мекунад. Дар осорхонаи бунёдкардаи ӯ зиёда аз 2200 номгӯи нигора ва экспонати таърихию фарҳангӣ нигоҳдорӣ мешавад, ки  онҳо осори замони Юнону Бохтариҳо, ҷавшани замони Искандари Мақдунӣ, хуме, ки дар он устухони ҷасади инсон нигоҳдорӣ мешуд ва дастхатҳои нодири таърихи беш аз 2,5 ҳазорсоладошта мебошанд.
Дар заминаи боғи ботаникӣ - фарҳангиаш маркази ҳунармандӣ низ таъсис додааст, ки дар он маҳсули дасти 52 нафар ҳунарманди водӣ ба намоиш ва фурӯш бароварда мешавад.
Мирзошоҳ дар корҳои ободонию созандагии ноҳия низ ҳамеша саҳм мегузорад. 1,5 гектар боғи таҷрибавии назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 24 ба маркази таълимӣ табдил ёфтааст. Яке аз амали хайри Мирзошоҳ ба масофаи 3,5 км хати об кашида, мардуми деҳаи Ҷафрро бо оби нӯшиданӣ таъмин кардан мебошад.
 - Тавассути заҳмат дар ин касб ман ба 24 давлати дунё сафар кардам, - мегӯяд ӯ. - Дар  ҳар як сафар мо тавонистем Тоҷикистонро ҳамчун ватани себ ва донишҳои мардумӣ муаррифӣ намоем. Соли 2014 дар яке аз сафарҳо ба давлати Ҷопон, ки дар он конфронси байналмилалӣ баргузор гардид, ман  оид ба гуногунии биологӣ  ва таъмини озуқаворӣ дар шароити дигаргуншавии иқлим баромад намудам. Ман ҳамаи ин дастовардҳоро аз фароҳам сохтани шароити ҳуқуқӣ ва муҳити озоди фаъолияти соҳибкорӣ мебинам, ки онро барои мо, соҳибкорон, Пешвои муаззами миллатамон фароҳам овардаанд.
Мо, ҳамеша саъй дорем, ки таҷрибаи худро аз доираи як водӣ ба сатҳи ҷумҳурӣ ва ҷаҳон расонем. Тоҷикистонро ҳамчун ватани себ муаррифӣ намоем, ки фикр мекунам, орзуи ҳар як фарди соҳибватан низ ҳамин ободии Тоҷикистони азиз аст.
Худодод ЗАЙНИДДИН,
«Ҷумҳурият»  


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 01.12.2017    №: 246    Мутолиа карданд: 611

17.07.2018


Мулоқоти Қоҳир Расулзода ва Абдулло Орипов дар Фарғона

Ҷаласаи мушовараи мақомоти корҳои дохилӣ баргузор шуд

Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Тоҷикистон 3 мактаби нав месозад

Мунтахаби Тоҷикистон – ғолиби мусобиқаи Ҷоми шаҳрдории Остона

Ҷаҳон дар як сатр

Путин гуфтушунид бо Трампро бобарор номид

Трамп аз натиҷаҳои вохӯриаш бо Путин нақл кард

Ҳалокати мардуми осоиштаи афғон дар ҳоли афзоиш аст

Ҳангоми чемпионати ҷаҳон 25 миллион киберҳамла пешгирӣ шуд

16.07.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин бо Пратибҳа Меҳта

Машварати муовинони вазирони корҳои хориҷии кишварҳои аъзои СҲШ

Баррасии тақвияти ҳамкориҳо бо Бонки ҷаҳонӣ

РОҒУН. Бунёди иншооти нав ба муносибати 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ

ФАРОНСА – чемпиони ҷаҳон

Ҷаҳон дар як сатр

Трамп ҷонибдори роҳандозии муносибот байни ИМА ва Британия бо Русия ва Чин аст

Чин соли 2020 «қудрати донорӣ» мешавад

Нахустин дар ҷаҳон рентгени сеҷонибаи ранга сохта шуд

Дар Дачжоу писарчаи аз ошёнаи бистум афтода наҷот ёфт

13.07.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Ясмин Гуедар

Баррасии Барномаи дастгирии рушди неруи инсонӣ

Баргузории конфронси «Ҳунарҳои мардумӣ: эҳё, ҳолат, рушд ва дурнамо»

Пирӯзии теннисбози тоҷик дар ИМА

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Дар СҲШ зарурати тақвияти мубориза алайҳи терроризмро таъкид карданд

Трамп: «Путин рақиби ман аст, лек метавонад дӯст гардад»

Русия сазовори ҷоми макроиқтисодии ҷаҳон шуд

Бонки ҷаҳонӣ: «Бесаводии духтарҳо $30 триллион зарар меорад»

12.07.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Чари Атаев

Боздиди Прокурори генералӣ аз Бадахшон

Форуми ҷумҳуриявӣ дар Хоруғ ҷавононро ба ҳам меорад

Озмун бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

ДАНҒАРА. Ҷамъоварии ҳосили фаровони ғалла

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед