logo

фарҳанг

САФАРЕ БА ВОДИИ ФАЛҒАР

Инҷониб бо ҳамвандони водии Фалғар ҳанӯз аз ҷавонӣ ошно будам ва зодагони ин сарзаминро донишпарвар, бохирад, боистеъдод, меҳрубон ва нигаҳбони арзишҳои миллӣ дарёфтаам. Ба ин гӯшаи дидании кишвар гарчи бори нахуст сафар дошта бошам ҳам, шунидаҳоям аз гуфторҳои дӯстону ҳамдарсони зодаи ноҳияи Айнӣ маро низ яке аз фалғариён гардонда буд. Ҳангоми сафар ба самти диёри дар синаи кӯҳҳо ҷойгирифта дӯстонеро, ки ҳанӯз дар ҷавонӣ онҳоро донову нуктасанҷу некманиш дарёфта будам ва акнун ба мартабаҳои баланди эҷодиву илмӣ расидаанд, ба ёд овардам. Пеш аз ҳама Гулназарро, ин соҳиби  дили дарёиро, ки дар рӯзгорони сарбозӣ ва маъмуриятҳои хидматӣ бо ҳам будем ва ба бурди мо дар ин сайр ҳамроҳамон буд, Қурбон Восеъ, доктори илми филология, Мирзошоҳрух Асрорӣ, муовини раиси Ҳаракати ваҳдати миллии Тоҷикистон, янгаи гаронмоя Софиябону Носирова, хонуми дӯсти равоншодам шоир Ҳабибулло Файзулло ва чандин ошноёни дигари зодаи ин кӯҳсорони афсонавӣ пеши рӯ меомаданд. Ҳамзамон, эҳсоси сипос аз сардабири рӯзномаи «Ҷумҳурият» Қурбоналӣ Раҳмонзода  ва раиси ноҳияи Айнӣ Неъматулло Раҳматуллозода доштам, ки бо як оқиливу доноӣ, ҷамъбасти озмуни мақолаҳои беҳтарини ба забони тоҷикӣ бахшида ва дар рӯзнома чопгаштаро дар ноҳия ороста буданд ва бад – ин васила намояндагони илму адабро дар толори қасри фарҳанги ноҳия  гирд  оварда, як нишасти бисёр ҷолиби фарҳангиву адабӣ доир намуданд. Дар ин нишаст иштирокдорон аз суханони самимӣ ва расову баҷои фарҳехтагони адабиёти имрӯзи тоҷикон, Нависандаи халқии Тоҷикистон Абдулҳамид Самад, Шоирони халқии Тоҷикистон Гулназар Келдӣ, Ҳақназар Ғоиб, Муҳаммад Ғоиб, донишмандони овозаманд Бобо - Назар Ғафор, Муҳтарам Ҳотам ва дигар меҳмонон дар мавриди сиёсати оқилонаи давлатдории Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, нақши забони тоҷикӣ дар нигаҳдошти ҳувияти миллии тоҷикон баҳра бурданд.
Аз роҳандозии моҳиронаи ин озмун чунин бардошт кардам, ки мавзӯи ишғоли ҷойҳо на он қадар муҳим буд ва сабқате байни нигорандагони навишторҳои пажӯҳишӣ ба чашм намехӯрд. Ин нукта муҳим буд, ки дар рӯзномаи   обрӯманди «Ҷумҳурият», ғолибан доноёни забони тоҷикӣ ва овозамандони адабу дониши кишвар ширкат варзида, дар мақолаҳои таҳлилии хеш пажӯҳишҳо ва дарёфтҳои ноб ба чоп расонданд ва ин ҳунари аҳли эҷоди рӯзнома ва сардабири он шоистаи ситоиш ва ҷонибдорӣ мебошад.
Сипоси дигари ман аз роҳандозони ин ҳамоиш он аст, ки барои зиёрати мазори шоири чирасухани тоҷик Туғрал ва гулгузорӣ бар пояи тандиси устод Садриддин Айнӣ фурсат фароҳам оварданд.
Зафар МИРЗОЁН


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 01.12.2017    №: 246    Мутолиа карданд: 380

18.12.2017


СТИПЕНДИЯИ ПРЕЗИДЕНТӢ. САФИ ҶАВОНОНИ ЛОИҚ МЕАФЗОЯД

Созмони тоҷикони Қирғизистон беҳтарин ҷамъияти милливу фарҳангӣ эътироф гардид

ВАНҶ. Таҷдиду азнавсозии муассисаҳои тандурустӣ

Ҷаҳон дар як сатр

16.12.2017


Густариши ҳамкориҳо бо Олмон

Вохӯрии Қоҳир Расулзода ва Ҳонӣ Фавзӣ ал - Мулкӣ

Баргузории ҷаласаи 28 - уми Шӯрои банақшагирии минтақавии СҲИ

Ҳамоиши соҳибкорони Тоҷикистону Амороти Муттаҳидаи Араб

Ҷаҳон дар як сатр

14.12.2017


Мулоқоти Қоҳир Расулзода ва Биналӣ Йилдирим

Рушду равнақи ҳамкориҳои Тоҷикистону Туркманистон

Ибодулло Машраб – барандаи Ҷоизаи «Ситораи Иттиҳод»

Дар Ёвон коргоҳи меваю сабзавот ба истифода дода шуд

Бунёди боғи интенсивӣ дар Тоҷикобод

Ҷаҳон дар як сатр

Зангҳои бардурӯғ

ИМА маблағгузории СММ – ро 250 миллион доллар кам карданист

Фаронса истифодаи телефонҳои мобилиро дар мактабҳо манъ менамояд

Бори нахуст дар эстафетаи олимпӣ робот иштирок намуд

Варзиш

11.12.2017


Баррасии масоили ҳифзи амнияти иттилоотӣ

Вохӯрии Музаффар Ҳусейнзода ва Дан Некулаеску

Инноватсия ва шарикӣ барои ноил гаштан ба Ҳадафҳои рушди устувор

Баргузории форуми «Роҳ ба сӯи иқтисодиёти ғайринақдӣ»

Ҷаҳон дар як сатр

«Сафирони забони русӣ» ба Тоҷикистон омаданд

Дар Осло Ҷоизаи сулҳи Нобел супурда шуд

Сарвазири Ироқ: «Ҷанг алайҳи «ДИ» анҷом ёфт»

СММ: «Ҳаҷми ҷаҳонии порагирӣ 1 триллион долларро ташкил медиҳад»

Фарбеҳтарин зани дунё 400 кило вазн партофт

08.12.2017


Ҷаҳон дар як сатр

Дар Швейтсария президенти нав интихоб намуданд

Ҷангиёни «Давлати исломӣ» ба киберфазо мегузаранд

Хисорот аз сӯхтори ҷангали Калифорния аз 9 миллиард доллар гузашт


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед