logo

иқтисод

МАСТЧОҲ. АВЛАВИЯТ БА САНОАТ

То даврони соҳибистиқлолии кишвар дар ноҳия, танҳо як корхонаи пахтатозакунӣ ва матбааи шаҳраки Бӯстон фаъолият менамуданд.

Хушбахтона, солҳои соҳибистиқлолии кишвар Ҳукумати ҷумҳурӣ марҳила ба марҳила рушди истеҳсолро равнақ бахшида, ҳаҷми содироти маҳсулотро ба хориҷи мамлакат зиёд намуд. Даврони 26 соли соҳибистиқлолии ҷумҳурӣ шароит фароҳам омад, ки дар ноҳия баробари рушди кишоварзӣ  ба равнақ бахшидани соҳаи саноат аҳамияти ҷиддӣ зоҳир гардад. Мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани Ҷамъияти саҳомии шакли пӯшидаи «Олим - Текстайлз» рӯзҳои таҷлили 20 - солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастоварди назаррас дар ин самт мебошад. Сарвари давлат соҳибкорони маҳаллиро бо чунин дастовард табрик ва дар ривоҷи истеҳсолот барори кор таманно доштанд. Ин корхона, аз ҷумлаи коргоҳҳои муосири ресандагӣ ҳисоб меёбад, ки бо пешрафтатарин таҷҳизоти технологӣ муҷаҳҳаз буда, давоми як сол коркарди зиёда аз панҷ ҳазор тонна нахи пахтаро ба роҳ монд. Дар ин ҷо 400 бону аз ҳамаи ҷамоатҳои деҳоти ноҳия соҳиби ҷойи кор ва маошанд. Ҳоло аз маҳсулоти нимтайёри «Олим Текстайлз» бозори кишварҳои Туркия, Италия, Беларус ва Русия баҳраманданд.
ҶДММ «Нури Мастчоҳ» бо иқтидори истеҳсолии 50 ҳазор тонна семент дар як сол ва 3 корхонаи истеҳсоли хишт аҳолии ноҳияро бо масолеҳи сохтмонӣ пурра таъмин мекунанд. Феълан дар ноҳия 9 корхонаи коркарди пахта фаъолият дошта, иқтидори солонаи онҳо зиёда аз 140 ҳазор тонна пахтаро фарогир мебошад. Ба шарофати кори босамари 4 коргоҳи хурди истеҳсоли равған таъминоти аҳолии ноҳия бо ин маҳсулот ба маротиб беҳтар шудааст. Маҳсулоти нониву ширии истеҳсоли маҳаллӣ низ нозу неъмати дастархони мардумро фаровон гардонд.  Дар коргоҳҳои мазкур  зиёда аз ҳазор нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин мебошад.
Майдонҳои васеи кишти пахта, сабзавот, маҳсулоти полизӣ, равнақи соҳаи чорводорӣ манбаи мустаҳками ашёи хоми рушди саноат маҳсуб меёбанд.
- Маҳз сиёсати ободкорӣ ва созандагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  мебошад, ки соҳибкорони маҳаллӣ ҷиҳати бунёди иншооти аҳамияти иқтисодиву иҷтимоидошта илҳоми тоза гирифтанд. Дар давраи начандон зиёд дар ноҳия ҳаҷми истеҳсолоти саноатӣ афзун шуда, шумораи кормандони соҳа низ сол ба сол  тамоюли зиёдшавӣ пайдо кард. Агар тавлиди маҳсулоти саноатӣ дар ноҳия соли 1991 14 миллиону 680 ҳазор сомониро ташкил дода бошад, ин нишондод соли гузашта ба 170 миллиону 980 ҳазор сомонӣ баробар гардид ва аз солҳои навадум 12 маротиба фарқ мекунад. Маҷмӯи маҳсулоти саноатӣ ба ҳар сари аҳолӣ 1 миллиону 438 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, - гуфт Ғайрат Азиззода, раиси ноҳияи Мастчоҳ.
Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия таъмини рушди соҳаи саноатро равнақ бахшида, соҳибкорони маҳаллиро баҳри корҳои созандагӣ ба хотири  шукуфоии диёру баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум ҳамеша дастгирӣ менамояд.
Ҷовиди АШТӢ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 01.12.2017    №: 246    Мутолиа карданд: 388

18.12.2017


СТИПЕНДИЯИ ПРЕЗИДЕНТӢ. САФИ ҶАВОНОНИ ЛОИҚ МЕАФЗОЯД

Созмони тоҷикони Қирғизистон беҳтарин ҷамъияти милливу фарҳангӣ эътироф гардид

ВАНҶ. Таҷдиду азнавсозии муассисаҳои тандурустӣ

Ҷаҳон дар як сатр

16.12.2017


Густариши ҳамкориҳо бо Олмон

Вохӯрии Қоҳир Расулзода ва Ҳонӣ Фавзӣ ал - Мулкӣ

Баргузории ҷаласаи 28 - уми Шӯрои банақшагирии минтақавии СҲИ

Ҳамоиши соҳибкорони Тоҷикистону Амороти Муттаҳидаи Араб

Ҷаҳон дар як сатр

14.12.2017


Мулоқоти Қоҳир Расулзода ва Биналӣ Йилдирим

Рушду равнақи ҳамкориҳои Тоҷикистону Туркманистон

Ибодулло Машраб – барандаи Ҷоизаи «Ситораи Иттиҳод»

Дар Ёвон коргоҳи меваю сабзавот ба истифода дода шуд

Бунёди боғи интенсивӣ дар Тоҷикобод

Ҷаҳон дар як сатр

Зангҳои бардурӯғ

ИМА маблағгузории СММ – ро 250 миллион доллар кам карданист

Фаронса истифодаи телефонҳои мобилиро дар мактабҳо манъ менамояд

Бори нахуст дар эстафетаи олимпӣ робот иштирок намуд

Варзиш

11.12.2017


Баррасии масоили ҳифзи амнияти иттилоотӣ

Вохӯрии Музаффар Ҳусейнзода ва Дан Некулаеску

Инноватсия ва шарикӣ барои ноил гаштан ба Ҳадафҳои рушди устувор

Баргузории форуми «Роҳ ба сӯи иқтисодиёти ғайринақдӣ»

Ҷаҳон дар як сатр

«Сафирони забони русӣ» ба Тоҷикистон омаданд

Дар Осло Ҷоизаи сулҳи Нобел супурда шуд

Сарвазири Ироқ: «Ҷанг алайҳи «ДИ» анҷом ёфт»

СММ: «Ҳаҷми ҷаҳонии порагирӣ 1 триллион долларро ташкил медиҳад»

Фарбеҳтарин зани дунё 400 кило вазн партофт

08.12.2017


Ҷаҳон дар як сатр

Дар Швейтсария президенти нав интихоб намуданд

Ҷангиёни «Давлати исломӣ» ба киберфазо мегузаранд

Хисорот аз сӯхтори ҷангали Калифорния аз 9 миллиард доллар гузашт


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед