logo

фарҳанг

ОСОРХОНАИ УСТОД АЙНӢ ГУФТАНИҲОИ НОГУФТА

Осорхонаи устод Садриддин Айнӣ дар ҳавлии № 1 - и кӯчаи Ҳамза Ҳакимзодаи пойтахт воқеъ гардида, аз соли 1963 фаъолият мекунад. Он аз маводи илмиву адабӣ ва таърихӣ хеле бой аст. Бо як тамошо аз ин макони фарҳангӣ метавон дар бораи тамоми давраҳои фаъолияти устод Садриддин Айнӣ маълумот пайдо кард.

Моҳшариф Табарова, ки 15 сол боз дар осорхона ба ҳайси сармуҳофиз фаъолият мекунад, оид ба марҳилаҳои ҳаёту эҷодиёти устод ва экспонатҳои осорхона ба мо қисса намуда,  баён дошт, ки баъд аз устод чанд муддат ҳамсарашон дар ин макон ба сар бурдааст.
Дар осорхона нигораҳои хеле нодир маҳфуз буда, он аз чаҳор толор иборат мебошад. Толори аввал ҳаёти тоинқилобии устодро инъикос карда, ҳуҷраи дуюм зиндагии баъди онро нишон медиҳад. Дар толори сеюм маводи ҷолиби даврони шӯравии устод Айнӣ гирд оварда шудааст. Ҳуҷраи чаҳорумро китобхона дар бар гирифта, зиёда аз ду ҳазор китобҳои гуногун вобаста ба ҳаёту фаъолияти эҷодии устод ҷамъоварӣ шудаанд. Асарҳои устод ба зиёда аз 35 забони халқҳои ҷаҳон тарҷума гардидаанд, ки намунаҳои онҳо низ дар китобхона гузошта шудааст. Ҳамчунин, онҷо асарҳои олимону муҳаққиқон низ ба назар мерасанд.
- Ба осорхона омадани донишҷӯён ба таври мавсимӣ сурат мегирад, ки ин моро на он қадар хурсанд менамояд. Танҳо дар моҳҳои сентябру октябр меоянду халос. Дар дигар ҳолатҳо сайёҳони хориҷӣ ва ягон – ягон сокинони пойтахт ташриф меоранд, - гуфт Моҳшариф Табарова. Бояд таъкид намуд, ки ба таври мавсимӣ мавриди таваҷҷуҳи тамошогарон қарор гирифтани осорхонаю маконҳои таърихиву фарҳангӣ боиси нигаронӣ ва таассуф аст. Дар ҳоле, ки чунин ҷойҳо аз таъриху фарҳанги бою ғании миллат дарак медиҳанд.
 Зимни мушоҳидаҳои худ дарёфтем, ки рафтану дидан як тараф, баъзан донишҷӯёну сокинони пойтахт, ки дар шафати осорхона ба сар бурдаву таҳсили илму фан менамоянд, аз мавҷуд будани он огаҳӣ надоранд. Ба гуфтаи донишҷӯ Усмон Розиқов, ӯ ҳар рӯз аз назди осорхона мегузарад, аммо намедонад, ки инҷо хона – музейи устод Айнист. Зеро ба дидан як бинои муқаррариеро мемонад, ки дар он ҳеҷ нишонае аз осорхона буданаш дарак намедиҳад, ба ҷуз як навиштаҷоти хурде, ки аз дохили ҳавлии он дар пештоқи дари бино ноаён овезон аст. Масъулони соҳаи фарҳангро мебояд нисбат ба осорхонаҳои шахсиятҳои бузург, ки дар онҳо фарҳанги асили тоҷик маҳфуз дошта мешавад, чораандешӣ намоянд. Муассисаҳои фарҳангӣ, хусусан осорхонаҳо бояд аз бинои муқаррарӣ фарқ кунанд, зеро ҳар меҳмоне, ки аз хориҷ дохили кишвари азизамон мегардад, аввал аз ин маконҳо дидан мекунад.
Қурбон АҲМАДЗОД, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 04.12.2017    №: 247    Мутолиа карданд: 332

18.12.2017


СТИПЕНДИЯИ ПРЕЗИДЕНТӢ. САФИ ҶАВОНОНИ ЛОИҚ МЕАФЗОЯД

Созмони тоҷикони Қирғизистон беҳтарин ҷамъияти милливу фарҳангӣ эътироф гардид

ВАНҶ. Таҷдиду азнавсозии муассисаҳои тандурустӣ

Ҷаҳон дар як сатр

16.12.2017


Густариши ҳамкориҳо бо Олмон

Вохӯрии Қоҳир Расулзода ва Ҳонӣ Фавзӣ ал - Мулкӣ

Баргузории ҷаласаи 28 - уми Шӯрои банақшагирии минтақавии СҲИ

Ҳамоиши соҳибкорони Тоҷикистону Амороти Муттаҳидаи Араб

Ҷаҳон дар як сатр

14.12.2017


Мулоқоти Қоҳир Расулзода ва Биналӣ Йилдирим

Рушду равнақи ҳамкориҳои Тоҷикистону Туркманистон

Ибодулло Машраб – барандаи Ҷоизаи «Ситораи Иттиҳод»

Дар Ёвон коргоҳи меваю сабзавот ба истифода дода шуд

Бунёди боғи интенсивӣ дар Тоҷикобод

Ҷаҳон дар як сатр

Зангҳои бардурӯғ

ИМА маблағгузории СММ – ро 250 миллион доллар кам карданист

Фаронса истифодаи телефонҳои мобилиро дар мактабҳо манъ менамояд

Бори нахуст дар эстафетаи олимпӣ робот иштирок намуд

Варзиш

11.12.2017


Баррасии масоили ҳифзи амнияти иттилоотӣ

Вохӯрии Музаффар Ҳусейнзода ва Дан Некулаеску

Инноватсия ва шарикӣ барои ноил гаштан ба Ҳадафҳои рушди устувор

Баргузории форуми «Роҳ ба сӯи иқтисодиёти ғайринақдӣ»

Ҷаҳон дар як сатр

«Сафирони забони русӣ» ба Тоҷикистон омаданд

Дар Осло Ҷоизаи сулҳи Нобел супурда шуд

Сарвазири Ироқ: «Ҷанг алайҳи «ДИ» анҷом ёфт»

СММ: «Ҳаҷми ҷаҳонии порагирӣ 1 триллион долларро ташкил медиҳад»

Фарбеҳтарин зани дунё 400 кило вазн партофт

08.12.2017


Ҷаҳон дар як сатр

Дар Швейтсария президенти нав интихоб намуданд

Ҷангиёни «Давлати исломӣ» ба киберфазо мегузаранд

Хисорот аз сӯхтори ҷангали Калифорния аз 9 миллиард доллар гузашт


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед