logo

фарҳанг

ҚАЛЪАИ МУҒ. НАВГОНИҲОИ ШАҲРИ КУҲАН

Офтоби нисфирӯзӣ нурҳои зарринашро  болои шаҳр мепошад. Гунбази зарҳалии Қалъаи Муғ  таҳти  таъсири шуоҳои бедареғи офтоб   бо  ҷилои зиёд  чашмҳоро дурахши   дигар мебахшад.

Рӯ ба рӯйи даромадгоҳи қалъа муҷассамаи қаҳрамони мардумӣ Рустамбек бо шаҳомати хос қомат афрохта ва меболад, ки таърих боз ба ин макони муқаддас нигоҳи марҳамати хеш дӯхтааст. Агар пайкаранигораҳои гӯшаи даромадгоҳ чун муаррихони зинда аз шуҷоату ҳимояти мардум бар муқобили ҳуҷуми Искандари Мақдунӣ то диловариҳои Рустамбек ҳикоят намоянд, дар канори дигар пайкаранигораҳои ҳайвонот  баёнгари табиати афсонавии диёранд.
Зинаҳои   мармарӣ шуморо сӯйи дарвозаи чӯбии қалъа, ки бо усули қадимӣ кандакорӣ шудааст, мебарад. Навои шӯху дилангези фаввораву шаршараҳои об гулҳои гуногуни гирду атрофро ба   рақс  медарорад.  Баробари ворид шудан ба қалъа  дидани раставу хонаҳо, ки дар гирдогирд бо усули омехтаи қадимаву муосир бино ёфтаанд,  касро шодиву нишот ва ҳайрат мефизоянд. Ҳар як раста, аз ҷумла оҳангарӣ, кордсозӣ, шонатарошӣ, кулолгарӣ, гаҳворасозӣ, аҷубасозӣ сухан аз таъриху тамаддуни  диёр мегӯяд.  Бояд гуфт, ки корвони ҳунарро мардуми ин сарзамин аз умқи қарнҳо то инҷониб насл ба насл овардаанд. Андар ин коргоҳҳо ҳунармандон ба истеҳсол машғуланд. Ҳамзамон дастранҷи худро ба намоишу фурӯш гузоштаанд. Сайёҳону сокинон аз ҳунарҳои мардумӣ  намунаеро барои ёдгорӣ мегиранд.     
Амфитеатри дорои 5100 ҷойи нишаст  дар миёна  ҷой гирифтааст. Дар он ҷашнҳои милливу давлатӣ бо шукӯҳу шаҳомати хосса баргузор мегардад. Осорхонаи таърихӣ - кишваршиносии  қалъа чун ифодагари таърихи  шаҳр арҷгузории имрӯзиёнро ба гузаштагони худ баён менамояд. Дар ин ҷо нигораҳои таърихӣ, аслиҳаҳои ҷангӣ, асбобҳои хоҷагӣ, тангаҳои филизӣ, кӯзаву хумҳо, косаву табақ, либосҳои мардонаву занона, дастхатҳои қадима ва ғайра ба тамошо гузошта шудаанд.  
Имрӯзҳо барои ин гуна симо гирифтани маҷмааи таърихӣ - фарҳангии  Қалъаи Муғ корҳои сохтмониву азнавсозӣ бомаром ҷараён дорад. Аз ҷумла, таҳкурсии девори гирдогирди қалъа аз бетону арматур рехта  шуда, устоҳои моҳир ба чидани хиштҳо пардохтаанд.
Қаюм Ҳомидов, корманди масъул дар масъалаи сохтмону азнавсозии маҷмааи таърихию фарҳангии Қалъаи Муғ, зикр дошт, ки дар даромадгоҳи қалъа барои беш аз 100 мошини сабукрав истгоҳ бунёд гардида, зинаҳо бо санги мармар, атрофи даромадгоҳ ва дохили маҷмаа бо шаршараҳо, фаввораҳо, гулҳои рангоранги ороишӣ ва чароғҳо  зинат дода мешаванд.
Дар қалъа барои растаҳои ҳунармандон, марказҳои хизматрасонӣ, инчунин, муаррифӣ намудани урфу одати мардуми шаҳр, хонаҳои миллӣ зиёда аз 90 ҳуҷра ҷой дода мешавад. Дарозии девори гирдогирди қалъа 540 метр буда, боми растаҳо ҳамчун роҳрав хизмат менамояд.
Тавре директори ҶДММ «Камарбанд» Диловар Расулов баён намуд, барои сари вақт ва босифат бунёд намудани маҷмаа наздики 100 нафар дар як баст меҳнат менамояд.
Воқеан, эҳёи Қалъаи Муғ ормони деринаи мардуми ҳунарманди шаҳри бостонист.
Алишер РАҲМОНӢ,
шаҳри Истаравшан


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 04.12.2017    №: 247    Мутолиа карданд: 712

16.01.2019


Пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон бар Эрон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Роҳандозии моратории дусола дар Тоҷикистон

Нақшаи Brexit дар парламенти Британия рад карда шуд

Кремл роҳи ҳалли буҳрони Украинаро пешниҳод намуд

Ифтитоҳи онлайн-донишгоҳ барои гурезаҳо дар Италия

15.01.2019


Ҷаласаи ҷамъбастӣ таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Абдулазиз Комилов

Ёдгор Файзов: «Соли 2018 соли таҳкими волоияти қонун дар Бадахшон буд»

ХУҶАНД. 1548 медали варзишгарон дар як сол

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Созишномаи сулҳ – мавзӯи асосии мулоқоти Путин ва Абэ хоҳад шуд

Савдои хориҷии Чин соли 2018 натиҷаи рекордӣ нишон дод

Дар Алмаато гурӯҳи хориҷиёни террорист боздошт шуд

То соли 2024 аҳолии Қирғизистон бо оби ошомиданӣ пурра таъмин мешавад

10.01.2019


Дар Саразм осорхона ва меҳмонхонаи замонавӣ бунёд мешаванд

Вохӯрии Парвиз Давлатзода бо Владимир Норов

Ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонон

“ГАНҶИ СУХАН” – маҳфили адибпарвар

РӮШОН. Ифтитоҳи маркази дуошёнаи савдо

Муҳаммад Салоҳ – беҳтарин футболбози Африқо

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Самарқанд мизбони нахустмулоқоти «Ҳиндустон – Осиёи Марказӣ»

Баргардондани 47 шаҳрванди Қазоқистон аз Сурия

Остона ба гузарондани Ҳамоиши ҷаҳонии туризми шаҳрӣ омодагӣ мегирад

Дар Беларус бори нахуст ҳукми қатл содир шуд

09.01.2019


Таҷлили 110 - солагии аллома Бобоҷон Ғафуров

GLOBE SOCCER AWARDS. Беҳтаринҳоро муайян кард

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Дар Пекин музокироти тиҷоратии ИМА ва Чин мегузарад

Эрдуғон пирӯзӣ бар террористони «Давлати исломӣ» - ро эълом дошт

Разведкаи Сурия дар ҳафт сол 80 саркардаи исломиро нест кард

Сарвари ҶХД Корея ба Чин бо ташрифи серӯза омад

Танзими нархи дорудар Қазоқистон


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед