logo

иҷтимоиёт

ҚОНУНИ ТАНЗИМ. МАНФИАТРО ДАРК МЕКУНЕМ

Сокинони Ҷамоати деҳоти Ғазантараки ноҳияи Деваштич тағйиру иловаҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» - ро хуш пазируфта, дар се моҳи амали ин санади меъёрии ҳуқуқӣ манфиатҳои судманди онро дарк карданд.

Мо – омӯзгорон низ, меъёрҳои нави қонуни мазкурро дастгирӣ намуда, дар соатҳои тарбиявӣ барои ҳимояи манфиатҳои мардум хидмат кардани онҳоро ба хонандагон манзур менамоем.  Бахусус, аз тарафи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ вайрон кардани рукнҳои фарҳанги миллӣ, аз ҷумла забони давлатӣ ва сарулибоси миллӣ ҳарф зада, таъкид медорем, ки ҷашну маросимҳои миллии тоҷикӣ падидаҳои фарҳангӣ буда, дар онҳо худнамоӣ, бегонапарастӣ, суруда шудани таронаҳои орӣ аз мазмуну муҳтаво ва либосҳои нимурёни хориҷӣ раво нестанд.
Воқеан ҳам, агар жарфтар андешем, то чи ҳад мӯшикофона ва оқилона мураттаб гаштани қонуни фавқуззикрро, эҳсос мекунем. Ба андешаи мо, ҳанӯз дар ягон кишвари дунё муносибат ба маросиму анъанаҳои миллӣ тавъам бо худшиносӣ ва зебоипарастӣ сурат нагирифтааст. Ҳадафи ниҳоии қонун ин аст, ки базмҳо ба маъракаҳои бадахлоқона ва худнамоӣ табдил наёбанд ва баръакс дар онҳо мардум чун пештара шеърхониву овозхониҳои таъсирбахш, ҷилваи пероҳани тоҷикӣ ва барномаҳои худэҷодкардаи мардуми одиро бинанд ва завқ бибаранд.
Тартиб ва муқаррароти гузарондани маросими азодорӣ ва таъзия, ки 6 сентябр аз тарафи Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидааст, барои мардум сабукиҳои зиёдеро овард.  Мувофиқи он, азодорӣ ва таъзия дар асоси талаботи шариати ислом, таъкидҳои Имоми Аъзам Абуҳанифа, меъёрҳои фиқҳӣ ва қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронда шуда, ба соҳибони маросим набояд вазнинӣ ва хароҷоти зиёдеро ба бор орад. Аз ин сабаб, пас аз таҳлилу баррасиҳои мақомоти ваколатдор ва комиссияҳои дахлдор наздик ба 70 чорабинии гуногун вобаста ба маросими азодорӣ муайян шуда, ба ҷуз аз маросимҳои «се», «чил», «сол» ва он ҳам бе забҳи чорво ва додани таом, боқӣ ҳама ботил дониста шуд. Аз ҷумла, ташкили «оши сари тахта», «душанбегӣ», «ҷумъагӣ», «ҳафт», «бист», «шашмоҳагӣ» манъ карда шудаанд.
Дар қонуни зикршуда ҷиҳати таҳкими фаъолияти комиссияҳои доимии маҳаллӣ ва ҷамъиятӣ ба салоҳияти ин комиссияҳо меъёрҳои нав пешбинӣ шудаанд, ки яке аз онҳо таъсиси комиссияҳои ҷамъиятист. Минбаъд дар вазорату идораҳо, корхонаю ташкилот ва муассисаҳо, ки дар онҳо на кам аз 30 нафар кор мекунад, комиссияҳои ҷамъиятӣ таъсис дода мешаванд. Намояндагони ин комиссияҳо ҷиҳати пешгирии қонуншиканиҳо фаъолияти дигар сохторҳои марбутаро таҳким бахшида, дар сурати ошкор намудани камбудию норасоиҳо ба мақоми ваколатдор ва ё комиссияҳои доимии маҳаллӣ хабар медиҳанд. Вобаста ба аҳамияти умумимиллӣ доштани қонун, ҳамчун омӯзгор омода ҳастем, ки аъзои чунин ҷамъиятҳо бошем ва дар таҳкиму амалкарди санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба манфиати ҷомеа хидмат намоем.
Марям НОРОВА,
омӯзгори МТМУ №51, ноҳияи Деваштич


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 04.12.2017    №: 247    Мутолиа карданд: 775

11.12.2019


Баррасии масоили тақвияти ҳамкориҳо

Бахтиёр Худоёрзода бо ҳайати Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсони САҲА мулоқот намуд

Намоиши филмҳои тоҷикӣ дар Бангладеш

“МАҲБУБИ ВАТАН”

Трамп: «Бо Лавров вохӯрии хубе гузарондем»

Зеленский гуфт, ки бо Путин гуфтушунид кардан мураккаб аст

Сарвазири Эфиопия соҳиби Ҷоизаи сулҳи Нобел шуд

«Толибон» дар шимоли Афғонистон 40 куҳансолро рабуданд

МУСОБИҚАИ СИТОРАҲОИ ДЗЮДО. Бори нахуст кишварро 4 гӯштигир намояндагӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

10.12.2019


Мулоқоти Қоҳир Расулзода бо Хуан Тсзян Жун

Шиносоии Азим Иброҳим аз ҷараёни корҳои сохтмонии роҳҳои Душанбе

Дар доираи Озмуни ҷумҳуриявии «Сайри гули лола» машварати корӣ баргузор гардид

Дар Париж, Москва ва Киев оид ба муовизаи асирон ба мувофиқа омаданд

Туркия ба рафъи хатари «Давлати исломӣ» дар Афғонистон мусоидат мекунад

Сарвазири нави Финляндия - ҷавонтарин дар ҷаҳон сарвари ҳукумат

Disney дар остонаи рекорди нави ҷаҳонӣ

Ҷаҳон дар як сатр

09.12.2019


Боз як майдончаи нави варзишу бозии кӯдакон кушода шуд

Сохтмони гузаргоҳи зеризаминӣ бо дарозии 260 метр

Чемпионати осиё. Тоҷикистон дар гурӯҳи "А"

Сӯхтор дар фабрикаи Деҳлӣ боиси марги беш аз 40 нафар шуд

Медведев шартҳои бастани шартномаи газ бо Киевро гуфт

Ёрии ҷаҳонӣ ба Афғонистон 46 дарсад коҳиш ёфт

Аморати Муттаҳидаи Араб кайҳоннавард интихоб мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

06.12.2019


Боздиди Рустами Эмомалӣ аз варзишгоҳи «Миллий»

Хуҷанд. Бунёди корхонаи истеҳсоли телевизор, яхдон ва кондитсионер

Масъалаи моҳияти сармояи инсонӣ дар рушди инноватсионӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт

Пекин аз Вашингтон кам кардани боҷи молҳои чиниро дархост намуд

ОПЕК истихроҷи нафтро метавонад кам созад

Дар мактабҳои Қазоқистон гузариш ба алифбои лотиниро мавқуф гузоштанд

Коррупсияро дар Қирғизистон тавассути рақамисозӣ бартараф карданианд

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед