logo

иҷтимоиёт

МАРКАЗИ ТАЪЛИМИ КАЛОНСОЛОН. СЕ САМТИ ФАЪОЛИЯТ

Давоми нуҳ моҳи соли равон дар Маркази таълими калонсолон ва филиалҳои он 30412 нафар шаҳрванд ба тайёрии касбӣ ва шаҳодатномакунии малакаи касбӣ фаро гирифта шуд. Аз ин шумор 11578 нафар  тавассути маблағҳои Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли  аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон касбу ҳунар омӯхт.

Бо вуҷуди ин, муассисаҳои таълимии касбии кишвар бо сабабҳои  гуногун, аз ҷумла маҳдуд будани имкони қабул ҳанӯз ҳам наметавонанд ҳамаи захираҳои меҳнатиро ба таҳсил фаро бигиранд. Дар натиҷа, ҳамасола ҷавонони зиёди бе  касб  вориди бозори меҳнат мешаванд, ки ин ҳолат, дар навбати худ, метавонад ба рушди шуғл дар  кишвар таъсири манфӣ расонад. Дар ҳалли ин мушкил Маркази таълими калонсолон ҷиҳати касбомӯзӣ ва боло бурдани малакаву маҳорати касбии захираҳои меҳнатии кишвар нақши муҳим дорад.
Ҳадафи асосии фаъолияти марказ, пеш аз ҳама, баланд бардоштани савияи  касбии шаҳрвандон, бахусус муҳоҷирони меҳнатӣ тавассути омӯзиш, бозомӯзӣ, такмили ихтисос, валидатсия  мебошад.
Бино ба иттилои Шукурулло Салимов, муовини директори Маркази таълими калонсолон, ҳоло дар шаҳру навоҳии кишвар маркази мазкур 34 филиал дорад. Дар онҳо шаҳрвандон  мувофиқи талаботи бозори меҳнат касбҳои гуногунро аз қабили кафшергар, нозири барқ, сантехник, харрот, челонгари мошин, бинокор, дуредгар, сангтарош, заргар, тарроҳ, ороишгари мӯю рӯй, муҳосиб, ошпаз, қаннод, оператори алоқа, барномасозӣ  аз худ менамоянд.
Ба хотири ҷалби бештари шаҳрвандон ба касбомӯзӣ дар ноҳияҳое, ки филиалҳо фаъол нестанд, 23 намояндагии онҳо ташкил шудаанд. Дар  марказ ва филиалҳои он шаҳрвандон имкон доранд 76 навъи касбро аз худ намоянд. Интихоби касб озод буда, мувофиқи талаботи бозори меҳнатии минтақаҳо роҳандозӣ шудааст. Масалан, дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Рашт дар баробари дигар касбу  ҳунарҳо, боғдорӣ, занбӯриасалпарварӣ, коркарди меваю  сабзавот низ омӯзонда мешавад, зеро бозори меҳнати минтақа ин касбҳоро талаб мекунад.
- Марказ аслан се самти фаъолият дорад, - мегӯяд Шукурулло Салимов. - Самти аввал ин тавассути роҳхати агентии меҳнат ва шуғли аҳолии шаҳру ноҳияҳо ба касбомӯзӣ ҷалб намудани шаҳрвандон мебошад. Чунин нафарон аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ ба касбомӯзӣ ҷалб мегарданд. Онҳо нафароне ҳастанд, ки аз ҷониби мақомоти шуғли аҳолӣ ҳамчун шахсони бекасб ба қайд гирифта шудаанд ва тибқи роҳхати ин мақомот ба марказ барои касбомӯзӣ меоянд.
Самти дувум ин касб омӯхтан ба шаҳрвандон тавассути маблағи худи онҳо мебошад. Муҳлати омӯзиш се моҳро дар бар мегирад. Интихоби касб дар ин маврид барои касбомӯзон озод аст.
Самти сеюми фаъолият валидатсиякунӣ, яъне эътирофи  расмии салоҳияти касбии шаҳрванд, ки дар шароити ғайрирасмӣ ба даст овардаанд, мебошад. Яъне, шаҳрванд аллакай ин ё он касбро омӯхтааст ва дигар ба хондан эҳтиёҷ надорад.  Барои чунин нафарон дар марказ барномаи алоҳида дар ҳудуди 36 соати дарсӣ муайян гардидааст. Баъд аз хондани ин дарсҳо ба таври гирифтани санҷиши назариявию амалӣ шаҳодатномаи касбӣ дода мешавад».
Марказ ва филиалҳои он дорои пойгоҳи хуби техникӣ, аз ҷумла синфхонаҳои компютерӣ, озмоишгоҳҳои таълимӣ доир ба ихтисосҳои таъмири асбобҳои рӯзгор, сантехник, кафшергари барқӣ ва газӣ, қаннодӣ, сартарош, ороишгар, рӯзгордории ҷавобгӯи стандартҳои байналмилалӣ мебошад. Шаҳодатномаҳое, ки баъди азхудкунии ин ё он касб ба шаҳрвандон дода мешавад, дар дохилу хориҷ  эътироф мегарданд.
Фарзона ФАЙЗАЛӢ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 04.12.2017    №: 247    Мутолиа карданд: 573

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед