logo

фарҳанг

АЗ "АГАР" ТО "АММО"

Дар бораи китобхонаҳои аз мадди назари масъулон дур «Ҷумҳурият», 27 сентябри соли 2017
Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Қӯрғонтеппа барои рушди яке аз самтҳои муҳими сиёсати имрӯзаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – фарҳанг мунтазам тадбирҳо меандешад.

Дар заминаи фароҳам омадани фазои мусоид барои рушди соҳа ва эҳёи арзишҳои фарҳангии миллӣ заминаи моддию техникии муассисаҳои фарҳангии шаҳри Қӯрғонтеппа зина ба зина устувору ғанӣ гардида истодаанд.
Китобхонаи марказонидашудаи шаҳр аз соли 1938 фаъолияташро оғоз намуда, бо як китобхонаи бачагона ва панҷ филиал фаъолият намуда истода, ҷамъи китобҳояш 46 118 нусхаро ташкил медиҳад. Дар давоми се соли охир ба миқдори 15 000 сомонӣ китобҳои тозанашр харидорӣ шудааст, ки аксарияти онҳо бо забони давлатӣ мебошанд. Тибқи талаботи барномаҳои амалкунандаи соҳа, китобхона бо компютер таъмин гардида, барои таъмиру тармими бинои он тадбирҳо андешида истодаем.
Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Қӯрғонтеппа дар оянда низ барои ба талаботи рӯз ҷавобгӯ намудани фаъолияти китобхонаҳо, ҷалби бештари хонандагон ва харидории асарҳои тозанашр аз тамоми имкониятҳо самаранок истифода менамояд.

А. ИСМОИЛЗОДА,
раиси шаҳри Қӯрғонтеппа

***
Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Панҷ низ мақолаи мазкурро мавриди омӯзиш ва таҳлил қарор дод. Вобаста ба масъалаи зикршуда ба иттилоатон мерасонем, ки дар ноҳия теъдоди китобхонаҳо 18 ададро ташкил медиҳад, аз ҷумла 1 китобхонаи марказӣ, 1 китобхонаи бачагона ва 16 китобхонаҳои оммавӣ дар ҷамоатҳои деҳот фаъолият доранд.

Хазинаи умумии китоб дар онҳо 71400 нусхаро ташкил медиҳад, ки аз ин ҳисоб 26165 нусха ба забони тоҷикӣ, 38507 нусха ба забони русӣ мебошад.
Соли 2016 аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ барои харидории китобҳои тозанашр 1000 сомонӣ маблағ ҷудо гардида, аз ҳисоби Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон 50 нусха китоб ворид шуд.
Китобхонаи марказии ноҳия бо компютер ва принтер таъмин аст.
Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ҷиҳати бартарафсозии камбудиҳои дар мавод баёнгардида аз тамоми имкониятҳои мавҷуда истифода намуда, кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки дар оянда бобати дастгирӣ намудани фаъолияти самараноки китобхонаҳо амалҳои саривақтиро роҳандозӣ намояд.

М. САЙФУДДИНЗОДА,
раиси ноҳияи Панҷ

***
Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Қубодиён ҳам иттилоъ медиҳад, ки дар ноҳия мавод мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ ба аҳолӣ дар бахши фарҳангӣ дар назди мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ 4 маркази фарҳангӣ – фароғатӣ, 18 китобхонаи оммавӣ (деҳотӣ), 1  осорхонаи таъриху кишваршиносӣ, 1 мактаби бачагонаи санъат фаъолияти самарабахш намуда истодаанд.
Маврид ба зикр аст, ки дар ноҳия ба масъалаи фароҳам овардани шароити мусоид ҷиҳати таъмини фаъолияти пурсамари китобхонаҳои оммавии деҳот ва ҷалби бештари аҳолӣ ба китобхонӣ аҳамияти махсус зоҳир карда мешавад. Соли ҷорӣ ба китобхонаҳои ноҳия 70 адад асарҳои тозанашр ворид шуд. Айни замон, фонди китобхонаҳои оммавӣ 45247 ададро ташкил медиҳад.
Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Қубодиён фаъолияти муассисаҳои фарҳангӣ, бахусус китобхонаҳои оммавии деҳотро дар самти фароҳам овардани шароити мусоиди корӣ таҳти назорати доимӣ қарор дода, баҳри баланд бардоштани сатҳи фарҳанги аҳолии ноҳия чораҳои амалӣ меандешад.

З. ФАЙЗУЛЛОЗОДА,
раиси ноҳияи Қубодиён

***
Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ хабар медиҳад, ки мақолаи мазкур дар машварати кории назди раиси ноҳия мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар ноҳия ҷиҳати дуруст ба роҳ мондани иҷрои масъалаҳои дар матлаб дарҷгардида чораандешӣ намуда, ба масъулини соҳа ва иҷрокунандагон дастуру супоришҳо дода шуд.

Нақши китобхонаҳои оммавӣ дар баланд бардоштани сатҳи маънавиёти шаҳрвандон, тарбияи ҳисси ватандӯстӣ, хештаншиносӣ, ифтихори миллӣ, тарғиби сулҳу ваҳдат ва якпорчагии Тоҷикистон калон аст. Айни ҳол, дар ноҳия 19 китобхонаи оммавӣ ба меҳнаткашон хизмати фарҳангӣ мерасонад. Фонди умумии онҳо 98205 ададро ташкил медиҳад. Теъдоди китобҳои тозанашр дар соли 2017 аз ҳисоби Китобхонаи миллӣ - 1000, нашриёти «Адиб» - 120, «Ирфон» - 56, «Нашриёти бачагона» - 52 адад, ҷамъ 1228 китоб афзун гардид.
То аввали соли равон аз 19 китобхонаи оммавӣ 5 - тои он дар ҳолати ногувор қарор дошт. Бо дастгирии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия дар ин муддат ду китобхона ба бинои нав гузаронда шуд. Дар назар аст, ки дар ояндаи наздик нисбати бо бинои нав таъмин кардани китобхонаҳои дигар низ чораандешӣ шавад. Ҳамчунин, дар доираи Барномаи давлатии компютеркунонии китобхонаҳои давлатию оммавӣ 14 адад компютер ва 11 принтер ба маблағи 44000 сомонӣ харидорӣ гардид.
Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ минбаъд ҳам ҷиҳати таъмини иҷрои сиёсати фарҳангии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди фаъолияти китобдорӣ, харидории китобҳои тозанашр, компютеркунонии китобхонаҳо, таъмини онҳо бо мутахассисони соҳавӣ тадбирҳои заруриро амалӣ месозад.

А. ВАЛИЗОДА,
раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

***

Мақолаи мазкур аз ҷониби роҳбарияти ноҳияи Фархор низ мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Вобаста ба ин, қайд менамоем, ки айни ҳол дар ноҳия шумораи  умумии муассисаҳои фарҳангӣ ба 44 адад расидааст, ки аз ин шумора як китобхонаи марказӣ ва 19 адад китобхонаҳои оммавӣ мебошанд. Шумораи китобҳо 121289 ададро ташкил дода, 34784 - тои он дар китобхонаи марказии ноҳия ҷой доранд.

Давоми соли 2017 402 адад китобҳои тозанашр ба китобхонаҳо ворид шуд. Дар доираи имкониятҳои мавҷуда ҳамасола барои хариди китобҳо маблағҳои зарурӣ ҷудо карда мешавад. Дар соли 2017 2500 сомонӣ барои харидории китобҳои тозанашр ҷудо ва харҷ карда шудааст.
Шумораи муштариён дар китобхонаи марказӣ 3427 нафар ва дар китобхонаҳои деҳот 16232 нафарро ташкил медиҳад.
Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Фархор дар оянда низ ҷиҳати ҳалли мушкилоти дар соҳаи фарҳанг ҷойдошта тадбирҳои заруриро тарҳрезию роҳандозӣ намуда, барои рушд ёфтани соҳа ва бо кадрҳои лаёқатманду соҳибмаълумот таъмин намудани китобхонаҳо мусоидат хоҳад намуд.

С. ВАЛИЗОДА,
раиси ноҳияи Фархор

***
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ба самъи шумо мерасонад, ки дар шаҳру ноҳияи Кӯлоб 24 китобхонаи шабакавӣ амал мекунад. Филиали китобхонаи марказӣ дар Ҷамоати деҳоти Даҳана бо маблағгузории мақомоти иҷроия таъмир гардида, бо мизу курсӣ ва 400 адабиёти бадеӣ  таъмин гардид. Таъмири филиали китобхонаи деҳаи Ҳакимободи Ҷамоати деҳоти Зиракӣ оғоз гардида, рӯзҳои наздик ба истифода дода мешавад.

Ҳамин тавр, марҳила ба марҳила китобхонаҳои деҳаҳои Хонаобод ва Тоқакаппаи Ҷамоати деҳоти Даҳана, Саросиёб ва Офтоблиқои Ҷамоати деҳоти Зарбдор аз таъмир бароварда мешаванд.
Аз оғози сол то имрӯз ба хазинаи китобхонаҳои шаҳру ноҳия 1094 нусха, аз ҷумла 1000 китоб аз Китобхонаи миллии Тоҷикистон, 84 нусха китоб ба маблағи 3599 сомонӣ аз Корхонаи воҳиди давлатии таъминот ва савдои китоби Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври ройгон ва аз  дигар шахсон ҳамчун туҳфа дохил шудааст.
Дар китобхонаи марказӣ 5 компютер (3 адад дар филиали китобхонаи № 4 – и шаҳри Кӯлоб, 1 компютер дар китобхонаи  деҳаи Зиракии Ҷамоати деҳоти Зиракӣ, 1 - то дар филиали китобхонаи деҳаи  Мирапоқи  Ҷамоати деҳоти Даҳана) мавҷуд аст.
Камбудиҳо низ дар соҳа ҷой доранд, аз ҷумла то имрӯз 3 китобхона (маҳаллаҳои Кӯҳдомани шаҳри Кӯлоб, деҳаҳои Мирапоқи Ҷамоати деҳоти Даҳана ва Чорбоғи Ҷамоати деҳоти Кӯлоб) дар хонаҳои шахсӣ ҷойгир  шудаанд.
Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб бо кормандони васоити ахбори омма пайваста дар ҳамкорӣ буда, камбудиҳои аз ҷониби рӯзноманигорон  ошкоршударо баррасӣ ва ислоҳ менамояд. 
С. СИТАМОВ,
мудири бахши иттилооти мақомоти иҷроияи ҳокимияти
давлатии шаҳри Кӯлоб


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 04.12.2017    №: 247    Мутолиа карданд: 631

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед