logo

иқтисод

ШАҲРИ ИСТИҚЛОЛ ОЯНДАИ ДУРАХШОН ДОРАД

Шаҳри Истиқлол рӯ ба рушд дошта, имрӯзҳо  ба саъю кӯшишҳои Сарвари муаззами давлат, барои ба шаҳри саноатии тараққикарда табдил ёфтани он тамоми заминаҳо гузошта шудаанд.

Аз ҷумла, соли 2014 ҳангоми сафар ба шаҳри Истиқлол Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба бунёди  корхонаи азими металлургӣ асос гузошта, таъкид сохтанд: “Шаҳри Истиқлол ояндаи дурахшон дорад”. Корхона, ки бо технологияи пешрафтаи муосир муҷаҳҳаз гаштааст, дар ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии Мардумии Чин сохта шуд. Пас аз мавриди баҳрабардории он, ки иқтидори солонааш 50 ҳазор тонна сурбро  ташкил медиҳад, наздики 600 нафар бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин шуданд. Ҳамзамон соли 2015 дар шаҳр корхонаи “Нуқрафом” бо иқтидори 2 тонна нуқра дар як сол ба фаъолият оғоз кард, ки дар он зиёда аз 100 нафар мутахассисони маҳаллӣ соҳиби ҷойҳои кории доимӣ гаштанд.
Боиси шукргузорист, ки зимни яке аз мулоқот бо фаъолони шаҳри Истиқлол ва саноатчиёни вилоят Пешвои муаззами миллат зикр карданд, ки дар ҳамкорӣ бо Ширкати кӯҳиву саноатии Тоҷикистону Хитой дар шаҳрҳои Истиқлол ва Гулистон  дар ояндаи наздик як қатор корхонаҳои дигари саноатӣ бунёд карда мешаванд ва дар онҳо беш аз чору ним ҳазор нафар мутахассисону коргарони маҳаллӣ бо ҷойи кор таъмин хоҳанд шуд ва яке аз онҳо заводи истеҳсоли мис мебошад, ки соли 2019 бахшида ба  Рӯзи Ваҳдати миллӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор хоҳад гирифт.
 Дар асоси дастуру ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли равон дар шаҳр як силсила иншоот бунёд ёфтанд. Аз ҷумла, бо харҷи  зиёда аз 300 ҳазор сомонӣ аз буҷети маҳаллӣ Майдони Парчам ба истифода дода шуд, ки имрӯз он яке аз маконҳои фароғатии сокинони шаҳр мебошад. Дар маҳаллаи 1-ум бошад, Боғи фарҳангу фароғатии ба номи устод Бобоҷон Ғафуров бунёд гардид.
Ҷиҳати дастгирии соҳаҳои маорифу тандурустӣ ду бинои мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ, маркази таҳсилоти иловагӣ ва шуъбаи маорифи шаҳр ба маблағи зиёда аз 170 ҳазор сомонӣ таҷдиду азнавсозӣ гашта, бинои шуъбаи бемориҳои сироятӣ бо харҷи зиёда аз 200 ҳазор сомонӣ аз таъмири куллӣ бароварда шуд.
Бо итминон метавон гуфт, ки дар давоми ду се соли оянда Истиқлол ба яке аз шаҳрҳои бузурги саноатии мамлакат табдил ёфта, дар рушду равнақи кишвари азизамон саҳми бориз хоҳад гузошт.
Ҷовиди АШТӢ, “Ҷумҳурият”,
Муҳаммадамин НИЁЗОВ,
сармуҳаррири рӯзномаи “Навиди Истиқлол”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 04.12.2017    №: 247    Мутолиа карданд: 525

17.07.2018


Мулоқоти Қоҳир Расулзода ва Абдулло Орипов дар Фарғона

Ҷаласаи мушовараи мақомоти корҳои дохилӣ баргузор шуд

Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Тоҷикистон 3 мактаби нав месозад

Мунтахаби Тоҷикистон – ғолиби мусобиқаи Ҷоми шаҳрдории Остона

Ҷаҳон дар як сатр

Путин гуфтушунид бо Трампро бобарор номид

Трамп аз натиҷаҳои вохӯриаш бо Путин нақл кард

Ҳалокати мардуми осоиштаи афғон дар ҳоли афзоиш аст

Ҳангоми чемпионати ҷаҳон 25 миллион киберҳамла пешгирӣ шуд

16.07.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин бо Пратибҳа Меҳта

Машварати муовинони вазирони корҳои хориҷии кишварҳои аъзои СҲШ

Баррасии тақвияти ҳамкориҳо бо Бонки ҷаҳонӣ

РОҒУН. Бунёди иншооти нав ба муносибати 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ

ФАРОНСА – чемпиони ҷаҳон

Ҷаҳон дар як сатр

Трамп ҷонибдори роҳандозии муносибот байни ИМА ва Британия бо Русия ва Чин аст

Чин соли 2020 «қудрати донорӣ» мешавад

Нахустин дар ҷаҳон рентгени сеҷонибаи ранга сохта шуд

Дар Дачжоу писарчаи аз ошёнаи бистум афтода наҷот ёфт

13.07.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Ясмин Гуедар

Баррасии Барномаи дастгирии рушди неруи инсонӣ

Баргузории конфронси «Ҳунарҳои мардумӣ: эҳё, ҳолат, рушд ва дурнамо»

Пирӯзии теннисбози тоҷик дар ИМА

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Дар СҲШ зарурати тақвияти мубориза алайҳи терроризмро таъкид карданд

Трамп: «Путин рақиби ман аст, лек метавонад дӯст гардад»

Русия сазовори ҷоми макроиқтисодии ҷаҳон шуд

Бонки ҷаҳонӣ: «Бесаводии духтарҳо $30 триллион зарар меорад»

12.07.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Чари Атаев

Боздиди Прокурори генералӣ аз Бадахшон

Форуми ҷумҳуриявӣ дар Хоруғ ҷавононро ба ҳам меорад

Озмун бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

ДАНҒАРА. Ҷамъоварии ҳосили фаровони ғалла

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед