logo

Хабарҳо

Як нишасти муҳим

4 декабри соли ҷорӣ лоиҳаи «Стратегияи фаъолияти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018 - 2020» бо ҷалби намояндагони мақомоти давлатӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ муаррифӣ гардид.
Раҷабмо Ҳабибуллозода, муовини Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак, зимни суҳбат зикр кард, ки дар низоми мақомоти давлатӣ бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъсис додани Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар самти таъмини эҳтиром, риоя ва ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак пешравии назаррас аст. Таҳияи лоиҳаи мазкур бо мақсади боз ҳам ташаккул додани фаъолияти ин мақомот ва риояи ҳуқуқу озодиҳои кӯдак равона гардида, ба самти ҳуқуқи кӯдакони маъюб ва ба таҳсилоти босифат фаро гирифтани онҳо нигаронда шудааст. Инчунин, соли равон рамзи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак тасдиқ шуд.
Зимнан гуфта шуд, ки амалишавии стратегияи мазкур дар таҳкими ҳуқуқу озодиҳои кӯдак дар ҷумҳурӣ ва иҷрои уҳдадориҳои байналмилалии Тоҷикистон дар самти ҳуқуқи кӯдак мусоидат хоҳад кард. Ин стратегия аз муқаддима ва 2 боб иборат буда, ҷиҳати иҷрои вазифаҳои зикршуда ва нақшаи амал барои солҳои 2018 - 2020 тарҳрезӣ шуда, дар он чорабиниҳои мушаххас барои соли 2018 ҷой дода шудааст.
Дар охир аз ҷониби намояндагони мақомоти давлатӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ ва ВАО барои мукаммалгардонии лоиҳа тавсияҳо пешниҳод гардид.
Сафаргул АЛИМОВА, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 349

20.10.2018


 ИДМ. Нозирони навраси тоҷик дар мақоми аввал

 Болоравии тавлидоти маҳсулоти саноатӣ

Рушди чорводорӣ

КАРТОШКАПАРВАРӢ. Талошҳо самар медиҳанд

 "Подоши амал" дар фестивали байналмилалӣ

 Дар ноҳияи Восеъ беш аз 200 иншоот месозанд

ҶОМИ ТОҶИКИСТОН. Ғалабаҳои "Истиқлол" ва "Хуҷанд"

17.10.2018


РАШТ. Гусели 40 нафар ба хизмати ҳарбӣ

ТОҶИКОБОД. Ду коргоҳи нав дар хизмати сокинон

Вусъати омодагиҳо дар ноҳияи Спитамен

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. 414 иншоот бунёд меёбад

ВАРЗИШГАРОНИ ТОҶИК ДАР ҚУВВАОЗМОИИ ҶАҲОНӢ

Бозиҳои олимпии наврасон. МЕДАЛИ НУҚРАИ БЕЖАН

16.10.2018


Тасдиқи нақшаи чорабиниҳо оид ба шинондани ниҳолҳо

Мунтахаби Тоҷикистон дар мусобиқаи "Bangabandhu Gold Cup" ҷои дувумро гирифт

БОЗИҲОИ ОЛИМПИИ НАВРАСОН. Мо соҳиби медал шудем

10.10.2018


Ҷаласаи Шӯрои вазирони мудофиаи кишварҳои узви ИДМ баргузор мешавад

Таҳкими ҳамкориҳои Бонки миллии Тоҷикистон ва БАТР

Дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Чакан» доир мегардад

СУҒД. Бунёд ва таъмири 110 иншооти фарҳангӣ

РАШТ. Сохтмони 140 иншоот

РОШТҚАЛЪА. Вусъати созандагӣ

“SLOW FOOD”. Муаррифии гулмоҳии амударёӣ ва оши палов

МУНТАХАБИ ТОҶИКИСТОН ДАР ФИНАЛИ МУСОБИҚАИ "BANGABANDHU GOLD CUP"

09.10.2018


БАЛҶУВОН. Рӯ ба рушд

РАШТ. Авлавият ба ҳифзи муҳити зист

ТАНЗИМ. Қонуншиканон 25 ҳазор сомонӣ ҷарима шуданд

Сипоси сарвари ОПЕК Муҳаммад Баркиндо аз Владимир Путин

Сарони Россия ва Ӯзбекистон ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ карданд

Неруҳои эътилофи байналмилалӣ дар Афғонистон амнияти интихоботро таъмин месозанд

Лондон зери об мемонад?

Ҷаҳон дар як сатр

08.10.2018


Даҳ соли минтақаҳои озоди иқтисодӣ

ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ. Мунтахаби Тоҷикистон – барандаи медалҳои нуқра


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед