logo

Хабарҳо

Баррасии дурнамои рушди муносибатҳои давлатҳои аъзои СҲШ

Дар шаҳри Сочии Федератсияи Русия ҷаласаи 16 - уми Шӯрои сарони ҳукуматҳо – сарвазирони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор гардид, ки дар он Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода иштирок намуд.
Ҳайатҳо нақшаю ҳадафҳои муштарак, ки дурнамои рушди муносибатҳои байнидавлатии кишварҳои аъзову нозирро фаро мегиранд, натиҷагирӣ намуданд.
Қоҳир Расулзода иброз дошт, ки Тоҷикистон ба узвияти худ дар СҲШ афзалияти бештар медиҳад ва  ба рушди муносибатҳои байниҳукуматии кишварҳои аъзову нозир дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, роҳу нақлиёт, саноат, энергетика ва сармоягузорӣ  таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, аз татбиқи якҷояи лоиҳаҳои бузурги минтақавии сохтмони роҳҳои оҳану неруи барқ  ҷонибдорӣ менамояд.
Дар доираи ҷаласа вохӯриҳои Қоҳир Расулзода бо раиси Шӯрои давлатии Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин Ли Кэтсян, котиби Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии Созмони Милали Муттаҳид оид ба Осиё ва ҳавзаи Уқёнуси Ором хонум Шамшод Ахтар ва раиси Ҳукумати иҷроияи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон доктор Абдулло Абдулло баргузор гардиданд.
Зимни мулоқотҳо масъалаҳои муҳими мавриди таваҷҷуҳ,  аз қабили тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаҳои энергетика, нақлиёт, тиҷорат, кишоварзӣ, саёҳӣ, ҳамлу нақл, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 109

18.12.2017


СТИПЕНДИЯИ ПРЕЗИДЕНТӢ. САФИ ҶАВОНОНИ ЛОИҚ МЕАФЗОЯД

Созмони тоҷикони Қирғизистон беҳтарин ҷамъияти милливу фарҳангӣ эътироф гардид

ВАНҶ. Таҷдиду азнавсозии муассисаҳои тандурустӣ

Ҷаҳон дар як сатр

16.12.2017


Густариши ҳамкориҳо бо Олмон

Вохӯрии Қоҳир Расулзода ва Ҳонӣ Фавзӣ ал - Мулкӣ

Баргузории ҷаласаи 28 - уми Шӯрои банақшагирии минтақавии СҲИ

Ҳамоиши соҳибкорони Тоҷикистону Амороти Муттаҳидаи Араб

Ҷаҳон дар як сатр

14.12.2017


Мулоқоти Қоҳир Расулзода ва Биналӣ Йилдирим

Рушду равнақи ҳамкориҳои Тоҷикистону Туркманистон

Ибодулло Машраб – барандаи Ҷоизаи «Ситораи Иттиҳод»

Дар Ёвон коргоҳи меваю сабзавот ба истифода дода шуд

Бунёди боғи интенсивӣ дар Тоҷикобод

Ҷаҳон дар як сатр

Зангҳои бардурӯғ

ИМА маблағгузории СММ – ро 250 миллион доллар кам карданист

Фаронса истифодаи телефонҳои мобилиро дар мактабҳо манъ менамояд

Бори нахуст дар эстафетаи олимпӣ робот иштирок намуд

Варзиш

11.12.2017


Баррасии масоили ҳифзи амнияти иттилоотӣ

Вохӯрии Музаффар Ҳусейнзода ва Дан Некулаеску

Инноватсия ва шарикӣ барои ноил гаштан ба Ҳадафҳои рушди устувор

Баргузории форуми «Роҳ ба сӯи иқтисодиёти ғайринақдӣ»

Ҷаҳон дар як сатр

«Сафирони забони русӣ» ба Тоҷикистон омаданд

Дар Осло Ҷоизаи сулҳи Нобел супурда шуд

Сарвазири Ироқ: «Ҷанг алайҳи «ДИ» анҷом ёфт»

СММ: «Ҳаҷми ҷаҳонии порагирӣ 1 триллион долларро ташкил медиҳад»

Фарбеҳтарин зани дунё 400 кило вазн партофт

08.12.2017


Ҷаҳон дар як сатр

Дар Швейтсария президенти нав интихоб намуданд

Ҷангиёни «Давлати исломӣ» ба киберфазо мегузаранд

Хисорот аз сӯхтори ҷангали Калифорния аз 9 миллиард доллар гузашт


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед