logo

иҷтимоиёт

РӮЗГОРЕ БАРОИ ИБРАТ

Академик Бахтиёр Ахмедовро чун инсони ба касбаш содиқ мешиносам. Ӯ асосгузори саратоншиносии тоҷик аст ва дар ин соҳа тамоми умр пажӯҳиш бурдааст. Вақте дар ҳуҷраи кории Бахтиёр Ахмедов суҳбат мекардем, яке паси дигар ворид гашта, навмедона такрор мекарданд: “Саратон табобатнашаванда аст”. Дар чашми онҳо нури ҳаёт бештар барқ мезад ва хоҳиши зистан дар чашмонашон ҳувайдо буд.

- Инсонҳо ҳамон вақт ба маънии ҳаёт хубтар сарфаҳм мераванд, ки вуҷудашон зери  хатари будану набудан мемонад. Ба он хотир, зуд - зуд бемор  мешаванд, ки дар зиндагии хеш эъҷозу муҳаббатро камтар мебинанд. Ба бисёр муъҷизаҳои ҳаёт бовар намекунанд ва ин ниҳоят касро гирифтори маризиҳо менамояд. Дар ин лаҳзаҳои ноумедӣ табиб бояд ба доди бемор бирасад ва чароғи умедро дар дили ӯ равшан карда, бовар кунонад, ки худи ҳаёт муъҷиза аст, - изҳор медорад Бахтиёр Ахмедов.
Бино ба андешаи ӯ, барои табобат кардани инсон дарёфт кардани сабаби беморӣ кам аст, бояд ӯ аввал бо рӯҳияи бемор ошно шавад. Зеро солимӣ, беморӣ, комёбӣ ва нокомӣ аз мағзи инсон оғоз мегардад. Инро равоншиносии муосир ҳам собит мекунад.
- Ҳар як инсон новобаста аз фаъолияташ қодир аст, ки дар зиндагии хеш ба ҷомеа хушбахтӣ ва некӣ биёрад. Бавижа, пизишк кореро, ки оғоз менамояд, анҷоми онро бояд бо дурандешӣ дарк намояд. Тавассути суҳбат нуқтаҳои нозуки бемориро дарёбад ва аз дидори аввалин бо бемор ба шифо бахшидан оғоз кунад, - таъкид менамояд Бахтиёр Ахмедов.
Дар замони шӯравӣ, ки аксари бемориҳо ба монанди қанд, СПИД ва саратон ҳанӯз дар байни мардум васеъ паҳн нашуда буданд, ӯ ба таҳқиқу баррасӣ ва таҳлили саратон шурӯъ карда буд. Ҳамон замон пай бурд, ки дар натиҷаи зиёдшавии аҳолӣ ва пайвастан ба ҷараёни ҷаҳонишавӣ чунин бемориҳо зуд паҳн шуда, ниёз ба табобати онҳо бештар мешавад. Асарҳои ӯ “Омоси математикии устухони кӯдакон”, “Онкологияи педиатрӣ”, “Раҳнамои онкологияи атфол” ва “Тамоми умр дар онкология” дар ташаккули илми саратоншиносии тоҷик саҳми пурарзиш доранд.
Аслиддин САЛИМОВ,
устоди ДДЗТ ба номи Сотим Улуғзода


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 05.12.2017    №: 248    Мутолиа карданд: 314

18.12.2017


СТИПЕНДИЯИ ПРЕЗИДЕНТӢ. САФИ ҶАВОНОНИ ЛОИҚ МЕАФЗОЯД

Созмони тоҷикони Қирғизистон беҳтарин ҷамъияти милливу фарҳангӣ эътироф гардид

ВАНҶ. Таҷдиду азнавсозии муассисаҳои тандурустӣ

Ҷаҳон дар як сатр

16.12.2017


Густариши ҳамкориҳо бо Олмон

Вохӯрии Қоҳир Расулзода ва Ҳонӣ Фавзӣ ал - Мулкӣ

Баргузории ҷаласаи 28 - уми Шӯрои банақшагирии минтақавии СҲИ

Ҳамоиши соҳибкорони Тоҷикистону Амороти Муттаҳидаи Араб

Ҷаҳон дар як сатр

14.12.2017


Мулоқоти Қоҳир Расулзода ва Биналӣ Йилдирим

Рушду равнақи ҳамкориҳои Тоҷикистону Туркманистон

Ибодулло Машраб – барандаи Ҷоизаи «Ситораи Иттиҳод»

Дар Ёвон коргоҳи меваю сабзавот ба истифода дода шуд

Бунёди боғи интенсивӣ дар Тоҷикобод

Ҷаҳон дар як сатр

Зангҳои бардурӯғ

ИМА маблағгузории СММ – ро 250 миллион доллар кам карданист

Фаронса истифодаи телефонҳои мобилиро дар мактабҳо манъ менамояд

Бори нахуст дар эстафетаи олимпӣ робот иштирок намуд

Варзиш

11.12.2017


Баррасии масоили ҳифзи амнияти иттилоотӣ

Вохӯрии Музаффар Ҳусейнзода ва Дан Некулаеску

Инноватсия ва шарикӣ барои ноил гаштан ба Ҳадафҳои рушди устувор

Баргузории форуми «Роҳ ба сӯи иқтисодиёти ғайринақдӣ»

Ҷаҳон дар як сатр

«Сафирони забони русӣ» ба Тоҷикистон омаданд

Дар Осло Ҷоизаи сулҳи Нобел супурда шуд

Сарвазири Ироқ: «Ҷанг алайҳи «ДИ» анҷом ёфт»

СММ: «Ҳаҷми ҷаҳонии порагирӣ 1 триллион долларро ташкил медиҳад»

Фарбеҳтарин зани дунё 400 кило вазн партофт

08.12.2017


Ҷаҳон дар як сатр

Дар Швейтсария президенти нав интихоб намуданд

Ҷангиёни «Давлати исломӣ» ба киберфазо мегузаранд

Хисорот аз сӯхтори ҷангали Калифорния аз 9 миллиард доллар гузашт


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед