logo

иқтисод

ДАРВОЗ. РӮ БА РУШД

Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ» барои самаранокии фаъолияти корхонаю идораҳои давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба ҳайси роҳнамо қабул шудааст. Амалисозии ин ҳуҷҷати муҳим дар ноҳияи Дарвоз дар кадом сатҳ қарор дорад? Раиси ноҳия, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмонзода Саидбурҳон Саидраҳмон  атрофи ин ва чанд масоили дигари рушд чунин ибрози назар намуд:
- Сокинони Дарвози бостонӣ имрӯз ҳам таҳти таассуроти нек ва рӯҳбахш аз дидор ва мулоқот бо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд. Сарвари давлат дар сафари навбатиашон ба ноҳия, ки моҳи август баргузор гардид, як қатор иншооти дорои аҳамияти иқтисодӣ ва иҷтимоиро мавриди истифода қарор дод ва ба корҳои азнавсозии роҳи байналмилалии Кӯлоб – Дарвоз - Хоруғ – Кулма дар қитъаи Шкев ҳусни оғоз бахшиданд.
Вазъи иқтисодию иҷтимоии ноҳияи Дарвоз чун дигар минтақаҳои кишвар дар доираи татбиқи барномаҳои минтақавӣ ва соҳавии Ҳукумати мамлакат дар ҳоли  рушд аст. Дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ даромади буҷети ноҳия аз ҳисоби истеҳсоли барзиёди маҳсулоти саноатӣ, кишоварзӣ, гардиши моли чакана ва хизматрасонии пулакӣ ба маротиб зиёд шудааст. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки ноҳияи Дарвоз низ дар роҳи амалисозии ҳадафҳои стратегии давлату Ҳукумат – раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон, расидан ба истиқлолияти энергетикӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ қадамҳои устувор гузошта истодааст.
Шоҳроҳи  аср – Душанбе – Кӯлоб – Хоруғ – Қароқурум қариб ҳамаи  деҳоти  ноҳияро (ғайр аз Сағирдашт) убур мекунад. Дар заминаи бунёду азнавсозии роҳҳо, дар деҳот ва маркази ноҳия даҳҳо нуқтаҳои хизматрасонӣ, амсоли ошхонаву меҳмонхона, нуқтаҳои фурӯши маводи ниёзи мардум, нуқтаҳои таъмини сӯзишворӣ, таъмиру шустушӯйи мошинҳо ва ғайра ташкил шудаанд.
Айни замон, дар ҳудуди ноҳия 20 хоҷагии деҳқонии коллективӣ, як хоҷагии ҷамоавӣ ва 521 хоҷагии инфиродию оилавӣ фаъолият доранд. Камзаминии ноҳияро ба инобат гирифта, ба самаранок истифода бурдани ҳар ваҷаби он диққати асосӣ медиҳанд. Бо вуҷуди нисбатан дертар омадани баҳори имсола, кишту кор дар ҳамаи хоҷагиҳо сари вақт анҷом ёфт ва ҷамъоварии ҳосил моҳи сентябр ба охир расид. Айни ҳол, деҳқонон ба ҷамъоварии ҳосили такрорӣ машғуланд. То имрӯз қариб 2 ҳазор тонна картошка, зиёда аз 600 тонна сабзавот ҷамъоварӣ шудааст. Дар соҳаҳои боғдорию чорводорӣ низ натиҷаҳо хубанд. Имрӯз ноҳия бо лимӯву анор, анҷир ва хурмои хуштамъаш дар ҷумҳурӣ шинохта аст ва мо бо роҳи васеъ кардани майдонҳои ситруспарварӣ истеҳсоли ин навъи  меваҷотро сол ба сол зиёд карда истодаем.
Дар бахшҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла маориф, тандурустӣ ва фарҳанг низ пешравиҳо назаррасанд. Бо беҳтар шудани базаи моддӣ – техникӣ сатҳи таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимӣ ва хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ дар муассисаҳои табобатӣ беҳтар мегардад. Албатта, камбудиҳо  низ ҷой доранд. Дар муассисаҳои таълимӣ омӯзгорони фанҳои дақиқ намерасанд, муассисаҳои табобатӣ аз духтурони баландихтисос танқисӣ мекашанд. Барои аз байн бардоштани ин мушкилот дар ҳамкорӣ бо сохторҳои вилоятиву ҷумҳуриявӣ чораҳои мушаххас роҳандозӣ  мешаванд, бо дастуру супоришҳои Сарвари давлат барои  таҳсили довталабон дар муассисаҳои олии кишвар миқдори Квотаи президентӣ бештар гардид, ки он ба ҳалли масъалаи таъминот бо кадрҳои соҳибихтисос мусоидат мекунад. Ҳамчунин, бо назардошти шароити ҷуғрофии водии Сағирдашт ва ниёзи муассисаҳои он ба мутахассисони ботаҷриба махсус барои довталабони ин ҷамоат ба таври илова боз 18 квота барои дохилшавӣ ба мактабҳои олӣ ва коллеҷҳои тиббии ҷумҳурӣ  ҷудо карда шудааст.
Дар мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Дарвоз ба  масъалаи муроҷиати  шаҳрвандон, ҳалли мушкилоти онҳо ва фароҳам сохтани шароити хуб барои кору рӯзгорашон таваҷҷуҳи махсус зоҳир мегардад. Дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ ба дастгоҳи раиси ноҳия зиёда аз 900 муроҷиати хаттии шаҳрвандон ворид шуд. Бештари муроҷиатҳо мусбӣ ҳал шуданд. Дар рӯзҳои қабул аз тарафи раиси ноҳия, муовинон ва роҳбари дастгоҳ 211 нафар шаҳрванд қабул карда шуда, дар доираи қонун ва имкониятҳои мавҷуда арзу муроҷиати онҳо ҳаллу фасл гардид. Аз 64 нафар хизматчии давлатӣ, ки дар дастгоҳи раиси ноҳия ва сохторҳои воҳиди давлатии мақомоти ноҳия кор мекунанд, 37  нафар аз аттестатсияи навбатӣ гузаштанд. Айни  замон,  кӯшиш  дорем, ки аз ҳисоби занону духтарони фаъол дар ҳамаи сатҳҳои хизмати давлатӣ кадрҳои ҷавонро ба кор қабул кунем. Азбаски чунин занону  духтарон  дар  ноҳия зиёданд, бовар аст, ки дар ин самт дар кӯтоҳтарин вақт муваффақ  мегардем.
Раҳмони  ГУЛЗОР,  “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 05.12.2017    №: 248    Мутолиа карданд: 329

18.12.2017


СТИПЕНДИЯИ ПРЕЗИДЕНТӢ. САФИ ҶАВОНОНИ ЛОИҚ МЕАФЗОЯД

Созмони тоҷикони Қирғизистон беҳтарин ҷамъияти милливу фарҳангӣ эътироф гардид

ВАНҶ. Таҷдиду азнавсозии муассисаҳои тандурустӣ

Ҷаҳон дар як сатр

16.12.2017


Густариши ҳамкориҳо бо Олмон

Вохӯрии Қоҳир Расулзода ва Ҳонӣ Фавзӣ ал - Мулкӣ

Баргузории ҷаласаи 28 - уми Шӯрои банақшагирии минтақавии СҲИ

Ҳамоиши соҳибкорони Тоҷикистону Амороти Муттаҳидаи Араб

Ҷаҳон дар як сатр

14.12.2017


Мулоқоти Қоҳир Расулзода ва Биналӣ Йилдирим

Рушду равнақи ҳамкориҳои Тоҷикистону Туркманистон

Ибодулло Машраб – барандаи Ҷоизаи «Ситораи Иттиҳод»

Дар Ёвон коргоҳи меваю сабзавот ба истифода дода шуд

Бунёди боғи интенсивӣ дар Тоҷикобод

Ҷаҳон дар як сатр

Зангҳои бардурӯғ

ИМА маблағгузории СММ – ро 250 миллион доллар кам карданист

Фаронса истифодаи телефонҳои мобилиро дар мактабҳо манъ менамояд

Бори нахуст дар эстафетаи олимпӣ робот иштирок намуд

Варзиш

11.12.2017


Баррасии масоили ҳифзи амнияти иттилоотӣ

Вохӯрии Музаффар Ҳусейнзода ва Дан Некулаеску

Инноватсия ва шарикӣ барои ноил гаштан ба Ҳадафҳои рушди устувор

Баргузории форуми «Роҳ ба сӯи иқтисодиёти ғайринақдӣ»

Ҷаҳон дар як сатр

«Сафирони забони русӣ» ба Тоҷикистон омаданд

Дар Осло Ҷоизаи сулҳи Нобел супурда шуд

Сарвазири Ироқ: «Ҷанг алайҳи «ДИ» анҷом ёфт»

СММ: «Ҳаҷми ҷаҳонии порагирӣ 1 триллион долларро ташкил медиҳад»

Фарбеҳтарин зани дунё 400 кило вазн партофт

08.12.2017


Ҷаҳон дар як сатр

Дар Швейтсария президенти нав интихоб намуданд

Ҷангиёни «Давлати исломӣ» ба киберфазо мегузаранд

Хисорот аз сӯхтори ҷангали Калифорния аз 9 миллиард доллар гузашт


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед