logo

иҷтимоиёт

ТУҲФАИ НОДИР

Хушхабаре сокинони ноҳияи Мастчоҳро ба ваҷд овард. Корҳои сохтмонии қасри фарҳанг дар ҳудуди Боғи фарҳангӣ - фароғатии шаҳраки Бӯстон оғоз гардиданд. Мастчоҳиён ин падидаро ҳамчун туҳфаи нодири Пешвои муаззами миллат ба ҷашнҳои бузург - 25 -  солагии Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олӣ, Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қабул фармуданд.

Мардуми меҳмондӯсти Мастчоҳ аз марди фозил, марди  қавлу амал будани Сарвари давлат ба хубӣ огаҳӣ доранд ва ифтихор менамоянду сиёсати хирадмандонаи Роҳбари давлат ва Ҳукуматро дар ҳамаи самтҳо ҷонибдоранд, барои ободонию гулгулшукуфии Ватан содиқона хизмат менамоянд, лозим ояд барои ҳифзи он ҷон нисор мекунанд. Пешвои миллат зимни як сафарашон дар ноҳияи мо мардуми Мастчоҳро «шерони далер» унвон карданд. Дар ҷавоб мастчоҳиён Пешвои муаззами худро бо фахр «Шоҳи шерони далер» ном мебаранд.
Мардуми Мастчоҳ 60 сол муқаддам бо супориши Ҳукумати вақти мамлакат ба дашти  Дилварзин кӯч бастанд. Ин мавзеъ дар гузашта Янтоқ, як намуди хор,  ном дошт.  Кӯҳистониён хористонро ба гулистон табдил доданд.
Дар замони Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон бо дастгирӣ ва ғамхориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ноҳияи Мастчоҳ аз ноҳияи аграрӣ ба ноҳияи аграрӣ - саноатӣ табдил гашта, рӯз ба рӯз ободу зебо шуда истодааст. Ҳанӯз соли 2011 бо ибтикори Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон корхонаи калонтарини саноатӣ «20 - солагии истиқлолият» бо саҳмгузории ҶСШК «Олими Каримзод» ба истифода дода шуд. Бо талошҳои Сарвари давлат «Барномаи давлатии рушди иқтисодию иҷтимоии ноҳияи Мастчоҳ барои солҳои 2008 - 2015» бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул ва мавриди истифода  қарор гирифта, бисёр тадбирҳои ободкорию созандагӣ амалӣ гардиданд.
Тибқи «Барномаи давлатии рушди иқтисодию иҷтимоии ноҳияи Мастчоҳ барои солҳои 2016 - 2020» боз бисёр тадбирҳои ободкорию созандагӣ ба нақша гирифта шудаанд.
Шукронаи зиёд аз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бояд намуд, ки ба Мастчоҳ, яке аз гӯшаҳои ободгардидаи Тоҷикистони азиз ва мардуми хушбахти он, чунин ғамхориҳои беназир зоҳир намуда истодаанд.
Шодибек УСМОНОВ,
Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 05.12.2017    №: 248    Мутолиа карданд: 581

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед