logo

иқтисод

СОЛИ 2018. ОҒОЗИ ФАЪОЛИЯТ ДАР ҶОДАИ ҲАЛЛИ МАСОИЛИ ОБ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо иқдоми пешгирифтаи хеш тавонистанд таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонро ба мушкилоти об бештар ҷалб намуда,  дар заминаи он гузарондани ҳамоиш, конфронсу симпозиумҳои байналмилалии сатҳи баланд, актуалӣ будани масъалаи обро дар ҷаҳон  арзёбӣ кунанд. Ҳарчанд дар доираи Ҳадафҳои рушди ҳазорсола ва ташаббусҳои Тоҷикистон дар ҳалли масоили об пешрафт зиёд бошад, вале дар миқёси ҷаҳон ҳанӯз проблемаҳои вобаста ба об зиёданд. Тақрибан 1 миллиард нафар аҳолии ҷаҳон ба оби тоза дастрасӣ надоранд. Дар ҷумҳурӣ бештар сокинони деҳот аз норасоии об танқисӣ мекашанд.
Ин ва дигар масъалаҳои муҳим вобаста ба об дар конфронси ҷумҳуриявии илмию амалии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази исломшиносии ҷумҳурӣ дар чаҳорчӯбаи тартиботи мавҷудаи муҳокимаҳои васеъ оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» барои солҳои 2018 - 2028 баргузор гардид, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Соли 2018, ки оғози татбиқи барномаи даҳсола барои расидан ба ҳадафҳои рушди устувор мебошад, аз тамоми сохторҳои давлатӣ ва ташкилоту муассисаҳои дохилию хориҷӣ дар роҳи ислоҳоти куллӣ, пеш аз ҳама, дар соҳаи об масъулияти баланд ва кори пурмаҳсул талаб карда мешавад. Дар ин бора Анатолий Холматов, ҳамоҳангсози гурӯҳи кории Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, иброз намуд, ки ислоҳот дар доираи ҳадафҳо ва Барномаи ислоҳоти соҳаи оби Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016 – 2025 бо таҳияи қонунҳо ва дастурамали вобаста ба оби нӯшоӣ, беҳдошти замин, тарифҳои бахши таъминот бо об, хусусан дар деҳот, фаъолияти ассотсиатсияҳои истифодабарандагони об, андозбандӣ ва таҳияи Кодекси нави оби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назар дошта шудааст. Ғайр аз ин, аз оғози фаъолияти даҳсола диққати  бештар ба гузарондани мониторинг ва чорабиниҳои омӯзишӣ, барқарорсозии инфрасохтори бахши коммуналӣ ҷиҳати камсозии талафи об, захира ва таъминоти аҳолии деҳот бо оби тозаи нӯшоӣ бо маблағҳои буҷетӣ 69,2 миллион сомонӣ ва сармоягузории хориҷӣ 1,8 миллиард сомонӣ равона карда мешавад. 
Азбаски манбаи таъминоти аҳолӣ бо оби тозаи ошомиданӣ пиряхҳо мебошанд,  масоили ҳифз ва нигоҳдории онҳо муҳим арзёбӣ гардид.
- Мушкили асосӣ набудани имконият барои гузарондани мониторинги пиряхҳо, ки ҳанӯз солҳои 50 – уми асри гузашта натиҷаи дақиқ доштанд, ба ҳисоб меравад. Алъон барои омӯзиш ва пайваста назорат бурдани пиряхҳо пажӯҳиши илмию амалӣ зарур аст, - гуфт Зайналобуддин Кобулиев, директори институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Номбурда пешниҳод мекунад, ки  дар баробари амалисозии барномаҳои давлатии ҳифзу нигоҳдории пиряхҳо ва тайёр кардани мутахассисони баландпоя зарурати таъсиси институти алоҳидаи пиряхшиносӣ пеш омадааст. Зеро тағйирёбии иқлим ба пиряхҳо таъсири манфӣ расонда, боиси сол ба сол зиёд шудани офатҳои табиӣ гардидааст. Аз ин рӯ, фаъолият ва назорати институти пиряхшиносӣ ва марҳила ба марҳила бунёди неругоҳҳои хурди барқӣ дар минтақаҳои кӯҳистон гармиро муътадил нигоҳ дошта, хавфи сар задани офатҳои табииро коҳиш медиҳад.
О. ВАФОБЕК, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 05.12.2017    №: 248    Мутолиа карданд: 316

18.12.2017


СТИПЕНДИЯИ ПРЕЗИДЕНТӢ. САФИ ҶАВОНОНИ ЛОИҚ МЕАФЗОЯД

Созмони тоҷикони Қирғизистон беҳтарин ҷамъияти милливу фарҳангӣ эътироф гардид

ВАНҶ. Таҷдиду азнавсозии муассисаҳои тандурустӣ

Ҷаҳон дар як сатр

16.12.2017


Густариши ҳамкориҳо бо Олмон

Вохӯрии Қоҳир Расулзода ва Ҳонӣ Фавзӣ ал - Мулкӣ

Баргузории ҷаласаи 28 - уми Шӯрои банақшагирии минтақавии СҲИ

Ҳамоиши соҳибкорони Тоҷикистону Амороти Муттаҳидаи Араб

Ҷаҳон дар як сатр

14.12.2017


Мулоқоти Қоҳир Расулзода ва Биналӣ Йилдирим

Рушду равнақи ҳамкориҳои Тоҷикистону Туркманистон

Ибодулло Машраб – барандаи Ҷоизаи «Ситораи Иттиҳод»

Дар Ёвон коргоҳи меваю сабзавот ба истифода дода шуд

Бунёди боғи интенсивӣ дар Тоҷикобод

Ҷаҳон дар як сатр

Зангҳои бардурӯғ

ИМА маблағгузории СММ – ро 250 миллион доллар кам карданист

Фаронса истифодаи телефонҳои мобилиро дар мактабҳо манъ менамояд

Бори нахуст дар эстафетаи олимпӣ робот иштирок намуд

Варзиш

11.12.2017


Баррасии масоили ҳифзи амнияти иттилоотӣ

Вохӯрии Музаффар Ҳусейнзода ва Дан Некулаеску

Инноватсия ва шарикӣ барои ноил гаштан ба Ҳадафҳои рушди устувор

Баргузории форуми «Роҳ ба сӯи иқтисодиёти ғайринақдӣ»

Ҷаҳон дар як сатр

«Сафирони забони русӣ» ба Тоҷикистон омаданд

Дар Осло Ҷоизаи сулҳи Нобел супурда шуд

Сарвазири Ироқ: «Ҷанг алайҳи «ДИ» анҷом ёфт»

СММ: «Ҳаҷми ҷаҳонии порагирӣ 1 триллион долларро ташкил медиҳад»

Фарбеҳтарин зани дунё 400 кило вазн партофт

08.12.2017


Ҷаҳон дар як сатр

Дар Швейтсария президенти нав интихоб намуданд

Ҷангиёни «Давлати исломӣ» ба киберфазо мегузаранд

Хисорот аз сӯхтори ҷангали Калифорния аз 9 миллиард доллар гузашт


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед