logo

фарҳанг

АДИБ. ГИРОМИДОШТИ АБРОРИ ЗОҲИР ДАР ҚӮРҒОНТЕППА

2 декабри соли ҷорӣ дар Кохи фарҳангии «Ватан» - и шаҳри Қӯрғонтеппа бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва шаҳри Қӯрғонтеппа чорабинии фарҳангӣ - адабӣ бахшида ба гиромидошти нависандаи маъруф ва сермаҳсулу навовари тоҷик Аброри Зоҳир  доир гардид.

Зимни суханронии хеш Абдулҳамид Самад, Нависандаи халқии Тоҷикистон, таъкид намуд, ки Аброри Зоҳир новобаста ба масъулиятҳои гуногуни давлатӣ ва ҷамъиятӣ асарҳои бешуморе дар жанрҳои гуногуни бадеӣ ва адабӣ иншо намуда, махзани адабиёти миллиамонро ғанӣ гардондааст. 
Номи Аброри Зоҳир ҳамчун нависанда, охири солҳои 80 – уми асри гузашта вирди забонҳо шуда, аввалин асарҳояш дар рӯзномаи вилоятии «Ҳақиқати Қӯрғонтеппа» (ҳоло «Хатлон») ва марказӣ, бештар дар маҷаллаи «Садои Шарқ» чоп шудаанд. Номбурда баъдан ба кори эҷодӣ ҷиддӣ пардохта, ҳамчун нависандаи хушсалиқа шинохта шуд. «Аз нигоҳи ман яке аз беҳтарин намояндагони адабиёти замони соҳибистиқлолӣ Аброри Зоҳир ба шумор меравад», - гуфт зимни суханронии худ Нависандаи халқии Тоҷикистон  Бароти Абдураҳмон.
Шоири халқии Тоҷикистон  Муҳаммад Ғоиб ва Равшани Махсумзод аз хислатҳои наҷиби адиб нақл намуда, хотироти хешро варақгардон намуданд.
Нуқтаи муҳиме, ки дар маҳфил таъкид гардид, ин буд, ки осори Аброри Зоҳир то ба ҳол аз тарафи мунаққидони адабӣ таҳқиқ нашудаву баҳои ҳақиқӣ нагирифтааст. Тақризҳои алоҳидаи ба асарҳояш зикри мавзӯю муҳтавои онҳо дар маводи обзории адабиётшиносӣ буда, ҳоло маънии дарк ва баҳои дурусти илмӣ гирифтани осори нависандаро надорад.
Қурбон АҲМАДЗОД,  «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 07.12.2017    №: 249    Мутолиа карданд: 366

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед