logo

фарҳанг

«СИМО». НАХУСТИН ФЕСТИВАЛИ ТЕЛЕВИЗИОНИИ ФИЛМҲОИ МУСТАНАД ҶАМЪБАСТ ГАРДИД

Шоми 5 декабри соли равон дар кинотеатри «Наврӯз» - и Кохи Наврӯзи пойтахт маросими ботантанаи ҷамъбасти аввалин Фестивали телевизионии филмҳои мустанад «Симо», ки ба Соли ҷавонон бахшида шудааст, баргузор гардид. Дар он ҳунармандони маъруфи кишвар, коргардонҳои шинохта, коршиносони варзида, шахсиятҳои муътабари соҳаҳои илму фарҳанг ва телевизиону синамо, роҳбарони як қатор вазорату идораҳои давлатӣ ширкат доштанд.
Маҳмадшариф Бобошоҳзода, муовини аввали раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, баргузории чунин ҷашнвораву озмунҳоро аз шарофати сулҳу суботи кишвар дониста, зикр намуд, ки «Мақсад аз баргузории фестивал агар аз як ҷиҳат, арҷгузорӣ ба ҳунар ва ҳунармандон бошад, аз ҷониби дигар дар татбиқи амалии тадбирҳои андешидаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба рушди соҳа саҳм гузоштан аст. Умед аст, ки фестивал дар рафти амалӣ намудани Барномаи давлатии рушди кино барои солҳои 2018 – 2022» низ мусоидат хоҳад кард». Набӣ Набизода, директори Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо», дарёфти истеъдодҳои нав ва мусоидат намудан ба рушди минбаъдаи синаморо аз мақсадҳои дигари фестивал арзёбӣ намуд.
Ҷашнвора бо ташаббуси Телевизиони «Синамо» ташкил шуда, аз моҳи август то октябри соли ҷорӣ идома ёфт. Дар рафти он 50 филми ҳуҷҷатӣ манзури ҳайати ҳакамон гардонда шуд. Ҳакамон аз ин миқдор 40 филмро барои ширкат дар фестивал – озмун пешбарӣ намуданд. Дар асоси қарори қабулнамудаи ҳайати ҳакамон 9 нафар документалистон барои офаридани филмҳои баландмазмун ва саҳми арзанда дар рушди кинематография бо ҷоизаҳои таъсисдодаи Телевизиони «Синамо» қадр шуданд.
Беҳтарин филми мустанад асари «Сарбозони бесилоҳ» - и Сайёд Муҳаммадов муайян гардид. Рустам Шоазимов барои офаридани филми «Парвози парвона» сазовори ҷоизаи «Беҳтарин коргардон» ва Наврӯз Саидов барои «Духтари Сайҳун»- аш беҳтарин наворбардор дониста шуданд. Бо ҷоизаи «Беҳтарин консепсия дар филми мустанад» асари Сафарбек Солиев «Комил», ки ба ҳаёт ва фаъолияти эҷодии Артисти халқии СССР Комил Ёрматов бахшида шудааст, сарфароз гардонда шуд. Ҷоизаҳои «Бозёфти эҷодӣ», «Таваҷҷуҳи тамошобин» ва махсуси ҳайати ҳакамон насиби Озод Маликов («Кавикас»), Абдулхайр Зокиров («Куҳандиёр») ва  Файзулло Файзов («Синамои тоҷик») гаштанд. Беҳтарин филм бахшида ба Соли ҷавонон бошад, асари «Соҳибватан» - и Далери Имомалӣ ва Муҳиддини Музаффар дониста шуд. Ба ҷоизаи «Барои хизматҳои шоиста дар рушди синамо» собиқадорони соҳа Лилианна Налоева ва Георгий Дзалаев сарфароз гардонда шуданд.
М. ТАБАРӢ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 07.12.2017    №: 249    Мутолиа карданд: 371

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед