logo

иқтисод

ДАНҒАРА. БОЗ ЯК КОРХОНАИ ИСТЕҲСОЛӢ БУНЁД МЕГАРДАД

Дар  ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон, корхонаи истеҳсоли моддаҳои эмулсионии таркандаи саноатӣ бунёд мегардад. Онро Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «КМ - Муосир», ки муассисони он ҶДММ «25 - солагии Истиқлолият» ва Корпоратсияи «Би Ю» - и Ҷумҳурии Мардумии Чин мебошанд, бо сармоягузории 20 миллион доллар дар давоми ду сол сохта ба истифода медиҳад.

Ин нукта дар ҷаласаи Маҷлиси намояндагон зимни баррасии Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҶДММ «КМ-Муосир» оид ба сохтмони корхонаи истеҳсоли моддаҳои эмулсионии таркандаи саноатӣ дар ҳудуди ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон аз ҷониби Абдулмаҷид Муъминзод, муовини якуми раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ироа гардид.
Зикр шуд, ки маводи таркандаи эмулсионӣ бештар дар соҳаи саноати кӯҳкорӣ ё коркарди маъдан, сохтмони роҳу нақбҳо ва неругоҳҳои обии барқӣ истифода мешавад. Талаботи солонаи кишвар ба маводи таркандаи саноатӣ 25 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад, ки пурра аз хориҷи мамлакат ворид мегардад. Дар марҳалаи аввал ҳаҷми истеҳсоли маводи тарканда на камтар аз 20 ҳазор тонна дар як сол мебошад. Минбаъд бо истеҳсоли бештари маҳсулот содироти он ба хориҷи кишвар ба нақша гирифта шудааст. Ба гуфтаи ӯ, барои корҳои омодагии лоиҳа 170 ҷойи корӣ таъсис ёфтааст, ки 90 дарсади онро сокинони маҳаллӣ ташкил дода, музди миёнаи меҳнати онҳо 1130 сомониро ташкил медиҳад.
С. МУНАВВАР,  «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 07.12.2017    №: 249    Мутолиа карданд: 534

19.02.2019


МАКТАБИ ДАВЛАТДОРИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН. ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

Баррасии масъалаҳои рушди сайёҳӣ

Вохӯрии Низомиддин Зоҳидӣ бо Мазен Шамия

Дурнамои рушди муносибатҳо матраҳ гардид

ҶОМИ КУШОДАИ АВРУПО. Муҳаммадризо Қувватов медали биринҷӣ ба даст овард

Авҷи ниҳолшинонӣ

Саҳми соҳибкорон дар ободии деҳот

Ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Чин ва Россия густурдатар мегардад

Сарвар Дониш: «Музокироти сулҳ бидуни ҳукумат қурбе надорад»

«Туҳфаи шоҳона» - и Арабистони Саудӣ ба шаҳрвандони Покистон

Дар Қазоқистон маркази амнияти иттилоотӣ ифтитоҳ меёбад

Сокини навраси Шимкент ду нафарро аз сӯхтор наҷот дод

Ҷаҳон дар як сатр

18.02.2019


Боздиди Азим Иброҳим аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ

ВКД Ҷиноятҳо 83,6 дарсад ошкор шуданд

Вазорати молия. Барои дастгирии буҷет маблағи бештар ҷалб хоҳад гашт

«BISHKEK OPEN – 2019». Дурахши каратэ-дочиёни навраси тоҷик

«МОҲИЯТ ВА ТАЪЙИНОТИ МАТБУОТИ МАҲАЛЛӢ»

РОҒУН. Ободонӣ вусъат меёбад

АНДОЗ. Нақша 100, 6 дарсад иҷро гардид

ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН. Гардиши савдо ду баробар афзуд

Тоҷикистон миёни кишварҳои ИДМ ба афзоиши баландтарини ММД муваффақ гашт

Дар Тошканд конфронси байналмилалӣ оид ба Осиёи Марказӣ баргузор мегардад

Қасри сафед: "Музокироти тиҷоратӣ дар Пекин ба пешравӣ мусоидат кард"

Трамп мехоҳад ҷангиёни «Давлати исломӣ» - ро ба Аврупо барои суд кардан баргардонад

Кумитаи амнияти иттилоотии Қазоқистон беш аз 90 сомонаи хавфнокро ошкор сохт

Ҷаҳон дар як сатр

15.02.2019


ШАМШЕРБОЗӢ. ИШТИРОКИ ВАРЗИШГАРОНИ МО ДАР ЧЕМПИОНАТИ КУШОДИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Дар Душанбе ташкили низоми муттаҳидаи мудофиаи зиддиҳавоӣ баррасӣ шуд

Дар чор сол муомилоти мол байни Тоҷикистону Ӯзбекистон 19 маротиба афзуд

Медведев: «Таҳримоти ИМА ба иқтисоди Россия таъсири чандон бузург расонда наметавонад»

Пентагон. ИМА аз Афғонистон ҳамроҳи иттифоқчиёнаш меравад

13.02.2019


2018. Сиёсати хориҷии Тоҷикистон пурбарор буд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед