logo

иҷтимоиёт

РӮЗИ ВОЛОНТЁРОН. ЧОРАБИНИҲОИ ҶАШНӢ ДАР ДУШАНБЕ

5 декабр дар шаҳри Душанбе Рӯзи байналмилалии волонтёрон таҷлил гардид.

Ба ин муносибат барои ҳавасмандсозии бештари ҷавонону наврасон ба фаъолияти волонтёрӣ  як қатор чорабиниҳои фарҳангию фароғатӣ ва омӯзишӣ доир карда шуд. Ба саҳна гузоштани намоиши театркунонидашудаи ҳунармандони Театри давлатии ҷавонони Тоҷикистон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов, баргузории мизи гирд дар мавзӯи «Рушди ҳаракати волонтёрӣ ва дурнамо», чорабиниҳо дар Муассисаи давлатии телевизиони «Варзиш» ва Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон, ҳамоиши степендиатҳои ҷавон таҳти унвони «Ҷавонон – Пайрави Пешвои миллат» ва намоиши филми ҳуҷҷатии «Марди роҳ», аз ҳамин зумра мебошанд.
Зимни чорабинӣ зикр гашт, ки дар ҷумҳурӣ шумораи ризокорон ба 4 ҳазор нафар расидааст. Нахустин шуда Тоҷикистон миёни Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти волонтёрӣ» ва таъсиси «Клуби волонтёрон» иқдом намуд. Фаъолияти волонтёрӣ дар кишвар рӯ ба тараққӣ ниҳодааст. Ин имконият дод, ки ҷавонони ризокор имрӯзҳо барои ҳифзи арзишҳои миллӣ, ҳуқуқи ҷомеаи осебпазир, дастгирии кӯдакону пиронсолон, маъюбон, роҳандозии корҳои фаҳмондадиҳӣ барои пешгирии нашъамандӣ, бемориҳои сироятӣ, ҷинояткорӣ, шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароӣ ва амсоли инҳо саҳми назаррас мегузоранд.
О. ВАФОБЕК, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 07.12.2017    №: 249    Мутолиа карданд: 484

19.04.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Жан - Батист Лемуан

Пойтахт ба таҷлили Рӯзи Ғалаба омодагӣ мебинад

Масоили рушди соҳаи маориф матраҳ гардид

Дар Донишгоҳи давлатии Данғара конфронси ҷумҳуриявӣ доир мешавад

Душанбе варзишгарони 15 кишварро ба ҳам меорад

Ҷаҳон дар як сатр

18.04.2019


ҶОМИ АФК. Пирӯзии "Хуҷанд" ва мусовии "Истиқлол"

МУЪМИНОБОД. 221 иншоот дар се сол

РАШТ. Боғистон доман паҳн мекунад

17.04.2019


БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ . Ба қонун иловаҳо ворид шуданд

ДМТ. Як нишасти муҳим

Хонандагони Душанбе пешсафи олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ

Армуғон барои дӯстдорони ҷуғрофия

ҶОМИ ОСИЁ. Паҳлавонони тоҷик соҳиби 5 медал

Ҷаҳон дар як сатр

16.04.2019


Вохӯрии Саидзода Зоҳир Озод бо Аскар Таҷибаев

Баррасии масоили мубрам

Ҳамоиш бахшида ба оғози расмии Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Калонтарин тайёра дар дунё ба ҳаво хест

Дар Қазоқистон онлайн-қаллобон фаъол мешаванд

Дар СММ аз манфиати лоиҳаи «Камарбандҳо ва роҳҳо» сухан рафт

Аз таркиш дар Афғонистон ҳафт кӯдак ҳалок гашт

Филмҳои ду коргардони тоҷик барои Фестивали кинои мусалмонӣ интихоб шуданд

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС. Иштироки варзишгарони тоҷик дар Чемпионати Осиё

12.04.2019


Бо иштироки Сарвазири мамлакат дар шаҳри Кӯлоб як қатор иншоот ба истифода дода шуд

Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозони миллии давлатҳои аъзои СҲШ

Форуми байналмилалии рушди сармояи инсонӣ доир мегардад

ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ – 2019 ОИД БА ФУТЗАЛ. Рақибони Тоҷикистон муайян гаштанд

"Кашшофи падидаҳои наврас"

НОҲИЯИ РӮДАКӢ . Сафи соҳибкорони ватандӯст меафзояд

НУРОБОД . Эҳтиром ба шахсиятҳои таърихӣ

Ҷаҳон дар як сатр

11.04.2019


"Тоҷикон" ба забони ӯзбекӣ нашр шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед