logo

фарҳанг

БЕДИЛ. МУШТАРАКОТИ ФАРҲАНГИИ ХАЛҚҲОИ ТОҶИКУ ҲИНД

5 декабр дар Академияи илмҳо бахшида ба 25 - умин солгарди муносибатҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ҳиндустон ҳамоиш доир гардид.

Сафири Ҳиндустон дар Тоҷикистон Сомнат Гҳош изҳор дошт, ки  «Муносибатҳои фарҳангиву иҷтимоии мо бо мардуми тоҷик аз таърихи куҳан сарчашма мегирад. Ҳанӯз дар замони атиқа мардумони мо фарҳанги муштарак доштанд. Имрӯз ҳам, хушбахтона муштаракоти фарҳангиро дар сатҳи ҳукуматҳои ду кишвари ба ҳам дӯст идома дода истодаем. Чопи китоби бедилшиноси тоҷик Бобобек Раҳимов «Зиндагиномаи Бедил» ва ҳамоиши имрӯза барои таҳкими равобити оянда роҳи дигареро боз намуд».
Ноиби президенти АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муҳаммад Абдураҳим Наврӯз аз муносибатҳои гуногунҷабҳаи Тоҷикистону Ҳиндустон ёдовар шуда, изҳор дошт, ки Бедил муштаракоти фарҳангии миллатҳои мост ва идеяҳои «ваҳдати вуҷуд» ва «сулҳи кулл» дар осори ӯ моро ба гумманизми баланд ҳидоят мекунад.
Бино ба гуфтаи Бобобек Раҳимов, яке аз бахшҳои асосии тамаддуни Ҳиндустон адабиётест, ки ба забони тоҷикии форсӣ офарида шудааст. Ин адабиёт дар асри XI ба вуҷуд омада, асосан то нимаи асри XX идома ёфтааст. Аз ин рӯ, адабиёт ва намояндагони форсизабони давраи мазкурро мероси муштараки мардумони Ҳиндустон, Тоҷикистон, Ӯзбекистон ҳисобидан равост.
Олимон К. Олимов, А. Сатторзода, Н. Нурзод, М. Низомов, Ш. Муҳаммадиев ва Ш. Сӯфизода  бо маърӯзаҳои илмӣ баромад карда, ба паҳлуҳои дигари осор ва аҳволи Бедил рӯшанӣ андохтанд. Рафти ҳамоишро ҳунармандони Маркази фарҳангии Ҳиндустон дар шаҳри Душанбе бо сурудаҳои машҳури Бедил зебу оро дода, нақши ғазалиёти ӯро дар мусиқӣ низ бозгӯ намуданд.
Бузургмеҳри БАҲОДУР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 07.12.2017    №: 249    Мутолиа карданд: 493

21.02.2019


ХУҶАНД. Оғози сохтмони бинои нави «Тоҷикстандарт»

ФУТБОЛ. Тақвими бозиҳои тими мунтахаби олимпии кишвар муайян гардид

Табибон аз Тотористон бо ҳампешаҳои тоҷики худ мубодилаи таҷриба мекунанд

Роҳандозии лоиҳаҳои инноватсионӣ дар Қазоқистон

Дар Ҳиндустон 13 иштирокдори тӯй зери чархи мошини боркаш монд

Сӯхтор сабабгори марги ҳафт кӯдак дар Канада

Ҷаҳон дар як сатр

19.02.2019


МАКТАБИ ДАВЛАТДОРИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН. ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

Баррасии масъалаҳои рушди сайёҳӣ

Вохӯрии Низомиддин Зоҳидӣ бо Мазен Шамия

Дурнамои рушди муносибатҳо матраҳ гардид

ҶОМИ КУШОДАИ АВРУПО. Муҳаммадризо Қувватов медали биринҷӣ ба даст овард

Авҷи ниҳолшинонӣ

Саҳми соҳибкорон дар ободии деҳот

Ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Чин ва Россия густурдатар мегардад

Сарвар Дониш: «Музокироти сулҳ бидуни ҳукумат қурбе надорад»

«Туҳфаи шоҳона» - и Арабистони Саудӣ ба шаҳрвандони Покистон

Дар Қазоқистон маркази амнияти иттилоотӣ ифтитоҳ меёбад

Сокини навраси Шимкент ду нафарро аз сӯхтор наҷот дод

Ҷаҳон дар як сатр

18.02.2019


Боздиди Азим Иброҳим аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ

ВКД Ҷиноятҳо 83,6 дарсад ошкор шуданд

Вазорати молия. Барои дастгирии буҷет маблағи бештар ҷалб хоҳад гашт

«BISHKEK OPEN – 2019». Дурахши каратэ-дочиёни навраси тоҷик

«МОҲИЯТ ВА ТАЪЙИНОТИ МАТБУОТИ МАҲАЛЛӢ»

РОҒУН. Ободонӣ вусъат меёбад

АНДОЗ. Нақша 100, 6 дарсад иҷро гардид

ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН. Гардиши савдо ду баробар афзуд

Тоҷикистон миёни кишварҳои ИДМ ба афзоиши баландтарини ММД муваффақ гашт

Дар Тошканд конфронси байналмилалӣ оид ба Осиёи Марказӣ баргузор мегардад

Қасри сафед: "Музокироти тиҷоратӣ дар Пекин ба пешравӣ мусоидат кард"

Трамп мехоҳад ҷангиёни «Давлати исломӣ» - ро ба Аврупо барои суд кардан баргардонад

Кумитаи амнияти иттилоотии Қазоқистон беш аз 90 сомонаи хавфнокро ошкор сохт

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед