logo

ҳуқуқ

ЯК НИШАСТИ МУҲИМ

Тибқи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» ҳамасола 10 декабр ҳамчун Рӯзи ҳуқуқи инсон ҷашн гирифта мешавад. Вобаста ба ин, 5 декабри соли ҷорӣ дар Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бо иштироки намояндагони мақомоти давлатӣ, созмонҳои байналмилалӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ВАО мизи мудаввар баргузор гардид.

Дар ин чорабинӣ Зариф Ализода, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ва Суҳроб Шоев, ҳамоҳангсози барномаҳои миллии раёсати комиссари олии СММ оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ дар мавзӯи мавриди назар, суханронӣ карданд. 
Ба андешаи Таҳмина Ҷӯраева, муовини директори марказ оид ба ҳуқуқи инсон ва риояи қонуният дар Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Эъломияи умумии ҳуқуқи инсон - ҳуҷҷати муҳими асри XX, ки дар он ҳуқуқҳои ҷудонопазири хосси ҳар як инсон эълон шудааст, тавонист сарфи назар аз сохти давлатдорӣ, мафкураву эътиқоди динӣ ва одату анъанаҳои халқҳои ҷаҳон дар худ ҳуқуқу озодиҳои асосии инсонро гунҷонад. Санади мазкур агарчӣ хусусияти эъломиявӣ дошта бошад ҳам, дорои эътибори волои ҳуқуқист. Дар асоси он чандин санадҳои дигари байналмилалӣ қабул гардида, муқаррароти қонунҳои миллӣ ба онҳо мутобиқ шудаанд.
Дар фарҷоми ҳамоиш гуфта шуд, ки дар ин самт чорабиниҳои мухталиф дар вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо ва муассисаҳои илмиву таълимии ҷумҳурӣ ташкил ва гузаронда хоҳад шуд.
Сарвиноз ШОДМОНОВА,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 07.12.2017    №: 249    Мутолиа карданд: 438

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад

ЭКСПО дар Шанхай: шартномаҳо ба маблағи қариб $60 миллиард ба тасвиб расиданд

Сӯхтори ҷангал дар Калифорния боиси ҳалокати 25 нафар гашт

Ҷаҳон дар як сатр

ВАХШ. Суратҳисоби бонкӣ барои ятимон

ОЛИМПИАДАИ “GENIUSKIDS – 2018” 35 медали хонандагони тоҷик

САМБО. Хушқадам Хусравов – қаҳрамони ҷаҳон

09.11.2018


Ҳамоишҳои ҷавонон бахшида ба Рӯзи Президент

Баррасии масоили рушди ҳамкориҳо

Мулоқоти Юсуф Раҳмон бо Кристофер Рэй


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед