logo

иҷтимоиёт

ДУШАНБЕ. БУНЁДИ ИСТГОҲҲОИ НАВ БО ТЕХНОЛОГИЯИ ПЕШРАФТА

Як моҳ мешавад, ки дар шаҳри Душанбе бунёди истгоҳҳои замонавӣ бомаром ҷараён дорад. Ин иқдом дар асоси қарори раиси шаҳри Душанбе «Дар бораи додани иҷозат ба Муассисаи давлатии "Раёсати сохтмони асосӣ " - и шаҳри Душанбе барои «Азнавсозии нақлиёти мусофирбарии замонавӣ дар заминаи истгоҳҳои нақлиётии мавҷуда, дар хиёбони Рӯдакӣ, кӯчаҳои Айнӣ ва Аҳмади Дониш» пеш гирифта шуд ва лоиҳакаши ин иншоот ҶДММ «ГМ ва Партнёрҳо» мебошад.
Истгоҳҳои навсохт 36 – тоанд. Онҳо бо тарҳи муосир ва ҷавобгӯ ба меъёру стандартҳои байналмилалӣ сохта шуда, нуҳ метр дарозӣ ва 3 метр паҳноӣ доранд. Аз  истгоҳҳои бунёдшаванда 18 – тоаш бо мағозаи фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалия, аз ҷумла ғизои зудпаз ва обҳои ташнашикан ва 18 – тои дигар бе дукони савдо мебошад. Ҳар як истгоҳ бо технологияи пешрафтаи коммуникатсионӣ – таблои электронӣ ва гӯшаи таблиғотӣ барои ба сокинону меҳмонон пешкаш намудани иттилоъ дар бораи хатсайри ҳаракати нақлиёти мусофирбар (автобусу троллейбусҳо) муҷаҳҳаз гардонда шудааст. Истгоҳҳо, ҳамчунин, дорои ҷойи нишаст, нуқтаи фурӯши маҷаллаву рӯзномаҳо, интернет ва терминали кортҳои пардохти роҳкиро буда, сокинон метавонанд ба воситаи онҳо аз телефони шаҳрӣ низ истифода баранд. Дар сурати аз кор мондани қувваи телефони мобилӣ ба сокинон хидмати нерубахшии он пешниҳод карда мешавад.
Айни замон азнавсозии истгоҳҳо босуръат ҷараён дошта, ба кори он бештар мутахассисони маҳаллӣ ҷалб шудаанд.
Акбаралӣ Пӯлодов, кафшергари барқӣ, ки дар сохтмони истгоҳи назди Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе саҳм мегирад, гуфт, ки тамоми иншооти хизматрасонӣ аз масолеҳи тобовар ба ҳолатҳои гуногуни табиӣ иборатанд.
Қабл аз оғози сохтмон дар 36  истгоҳ нахуст дар хиёбони Рӯдакӣ, назди Театри давлатии академӣ – драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ аз ҷониби корхонаи воҳиди давлатии «Ободонӣ» - и шаҳри Душанбе истгоҳи намунавии ҷавобгӯ ба стандартҳои ҷаҳонӣ мавриди истифода қарор гирифт.
Тибқи иттилои Муассисаи давлатии «Раёсати сохтмони асосӣ» - и шаҳри Душанбе, азнавсозии истгоҳҳо аз рӯйи нақша то анҷоми соли 2017 дар назар дошта шудааст. Баъд аз ин, таъмир ва сохтмон дар истгоҳҳои боқимонда низ ба роҳ монда мешавад.
О. ГУЛБЕРДИЕВА, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 07.12.2017    №: 249    Мутолиа карданд: 403

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад

ЭКСПО дар Шанхай: шартномаҳо ба маблағи қариб $60 миллиард ба тасвиб расиданд

Сӯхтори ҷангал дар Калифорния боиси ҳалокати 25 нафар гашт

Ҷаҳон дар як сатр

ВАХШ. Суратҳисоби бонкӣ барои ятимон

ОЛИМПИАДАИ “GENIUSKIDS – 2018” 35 медали хонандагони тоҷик

САМБО. Хушқадам Хусравов – қаҳрамони ҷаҳон

09.11.2018


Ҳамоишҳои ҷавонон бахшида ба Рӯзи Президент

Баррасии масоили рушди ҳамкориҳо

Мулоқоти Юсуф Раҳмон бо Кристофер Рэй


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед