logo

иқтисод

СОҲИБКОР: "ДАР ФУРӮШИ АСАЛ МУШКИЛ ДОРЕМ"

Соҳаи занбӯриасалпарварӣ дар мамлакат босуръат рушд мекунад ва сафи соҳибкорон дар ин самт  меафзояд. Яке аз чунин занбӯриасалпарвари номӣ Рустам Ҳошимов аст, ки дар Ҷамоати деҳоти Унҷии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров фаъолият дорад.

Рустам Ҳошимов аз занбӯриасалпарваронест, ки барои рушди соҳа заҳмати зиёд кашида, таҷрибаашро ба дигарон омӯзонда, шумораи дӯстдорони ин касбро афзудааст.
- Аслан, занбӯриасалпарварӣ дар назари аввал кори осон намояд ҳам, машғулияти хеле душвор ва бисёр нозук аст, - мегӯяд ӯ. Аз қадим маълум аст,  ки маҳсулоти занбӯр чи асал, чи шаҳди гул, чи шираи малика ё прополис - муми хонаи занбӯр ба як қатор бемориҳо шифобахшанд. Аммо то қарибиҳо дар мамлакати мо на ҳама медонистанд, ки занбӯри асал ба афзун шудани ҳосилнокии боғу роғҳо ва ғалладона низ ёрӣ мерасонад. Олимон, хосса олимони амрикоӣ, исбот кардаанд, ки вақти гули себ ё ноку олу чанд қуттии занбӯрҳоро гузоранд, ҳосилнокии боғҳо 15 - 20 дарсад зиёд мешавад. Дар Амрико ё Олмон боғдорон як сол пеш бо занбӯриасалпарварон шартномаи ҳамкорӣ мебанданд, то ки дар вақти гули дарахтон аз занбӯрҳо истифода баранд.
Ман ҳар баҳор, вақти гули зардолу, занбӯрҳоро ба шаҳру ноҳияҳои Конибодому Мастчоҳ  ва баъдтар ба талу теппаҳои сергулу гиёҳи атрофи шаҳри Истиқлол мебарам ва соле аз ҳар оила то чилу панҷ кило асали хушсифат истеҳсол мекунам.
Имсол 78 оилаи занбӯр дорам. Аз онҳо қариб се тоннаю дусад кило асали тоза гирифтам. Рушди соҳа, албатта, хуб аст, вале ҳанӯз ҳам ҳастанд мушкилоте, ки ба хотири ҳавасмандии соҳибкорон бояд бетаъхир ҳал карда шаванд. Гап сари маҳсулоти тайёр меравад. Худ тасаввур кунед, маҳсулоти аълосифат дошта бошию онро фурӯхта натавонӣ, аз ин чӣ суд? Дар таҳхона ҳафт - ҳашт тонна асали тоза ҳаст, ки ҳеҷ фурӯхта наметавонам. Ман барин дармондаҳо бошанд, дар вилояти Суғд кам нестанд.
Рустам Ҳошимов пешниҳод дорад, ки агар фаъолияти ассотсиатсияҳои занбӯриасалпарварони маҳаллӣ, вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ ба таври бояду шояд ҷоннок нашавад,  асали аз ҷиҳати экологӣ тоза ва ба талаботи меъёрҳои ҷаҳонӣ ҷавобгӯйи кишвари мо чи дар дохил ва чи дар хориҷ харидор намеёбад. Алҳол ба ҷойи асали тоза  ва  шифобахши мавзеъҳои кӯҳистони мо, бозору дуконҳоро асалҳои худсохт ва омехта пур кардаанд. Ассотсиатсияи занбӯриасалпарваронро зарур аст, ки барои содирот - фурӯши маҳсулоти тайёри аълосифати ҳамдиёрони мо, ҳар чи тезтар тадбирҳои қатъӣ андешанд.
Маъруф БОБОҶОН


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 07.12.2017    №: 249    Мутолиа карданд: 508

19.02.2019


МАКТАБИ ДАВЛАТДОРИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН. ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

Баррасии масъалаҳои рушди сайёҳӣ

Вохӯрии Низомиддин Зоҳидӣ бо Мазен Шамия

Дурнамои рушди муносибатҳо матраҳ гардид

ҶОМИ КУШОДАИ АВРУПО. Муҳаммадризо Қувватов медали биринҷӣ ба даст овард

Авҷи ниҳолшинонӣ

Саҳми соҳибкорон дар ободии деҳот

Ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Чин ва Россия густурдатар мегардад

Сарвар Дониш: «Музокироти сулҳ бидуни ҳукумат қурбе надорад»

«Туҳфаи шоҳона» - и Арабистони Саудӣ ба шаҳрвандони Покистон

Дар Қазоқистон маркази амнияти иттилоотӣ ифтитоҳ меёбад

Сокини навраси Шимкент ду нафарро аз сӯхтор наҷот дод

Ҷаҳон дар як сатр

18.02.2019


Боздиди Азим Иброҳим аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ

ВКД Ҷиноятҳо 83,6 дарсад ошкор шуданд

Вазорати молия. Барои дастгирии буҷет маблағи бештар ҷалб хоҳад гашт

«BISHKEK OPEN – 2019». Дурахши каратэ-дочиёни навраси тоҷик

«МОҲИЯТ ВА ТАЪЙИНОТИ МАТБУОТИ МАҲАЛЛӢ»

РОҒУН. Ободонӣ вусъат меёбад

АНДОЗ. Нақша 100, 6 дарсад иҷро гардид

ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН. Гардиши савдо ду баробар афзуд

Тоҷикистон миёни кишварҳои ИДМ ба афзоиши баландтарини ММД муваффақ гашт

Дар Тошканд конфронси байналмилалӣ оид ба Осиёи Марказӣ баргузор мегардад

Қасри сафед: "Музокироти тиҷоратӣ дар Пекин ба пешравӣ мусоидат кард"

Трамп мехоҳад ҷангиёни «Давлати исломӣ» - ро ба Аврупо барои суд кардан баргардонад

Кумитаи амнияти иттилоотии Қазоқистон беш аз 90 сомонаи хавфнокро ошкор сохт

Ҷаҳон дар як сатр

15.02.2019


ШАМШЕРБОЗӢ. ИШТИРОКИ ВАРЗИШГАРОНИ МО ДАР ЧЕМПИОНАТИ КУШОДИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Дар Душанбе ташкили низоми муттаҳидаи мудофиаи зиддиҳавоӣ баррасӣ шуд

Дар чор сол муомилоти мол байни Тоҷикистону Ӯзбекистон 19 маротиба афзуд

Медведев: «Таҳримоти ИМА ба иқтисоди Россия таъсири чандон бузург расонда наметавонад»

Пентагон. ИМА аз Афғонистон ҳамроҳи иттифоқчиёнаш меравад

13.02.2019


2018. Сиёсати хориҷии Тоҷикистон пурбарор буд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед