logo

фарҳанг

ШОМИ ШАНБЕ

ЧАРЛИ ЧАПЛИН. ШОҲИ МАЗҲАКАНИГОРОНИ СИНАМОИ БЕОВОЗ
Агар шумо имрӯз нахандидаед, пас рӯзатон ба ҳадар рафтааст.
Чарли ЧАПЛИН

Синамои беовоз имрӯз дар осорхонаи таърих нуҳуфта бошад ҳам, образҳои нотакрори офаридаҳои онро ҳатто кӯдакон мешиносанд. Сэр Чарлз Спенсер (Чарли) Чаплин барои аз фарш то арши синамо расидан 75 сол пайваста ранҷ бурдааст. Ва дар ин роҳи ниҳоят тӯлонӣ бозёфтҳои эҷодияш дар мураккабтарин жанри синамо – мазҳака барои пайравони дирӯзаю имрӯза чун қуллаи дастнорас мондаанду мемонанд.
Бачагии Чарли дар зулмоти фақирӣ гузашт. Падар тарки оила карду Чарлию додараш ночор ба мактаби ятимон рафтанд. Фурӯшандаи рӯзнома, дастёр дар матбаа, ёвари табиб аз ҷумлаи корҳое буданд, ки Чаплин мекард, аммо дилпур буд, ки рӯзе метавонад бо истифода аз ҳунараш ном ёбад.
Нақши аввалинашро дар театр дар 14 – солагӣ гирифт, ки қосид Билли дар намоишномаи «Шерлок Холмс» буд. Он вақт Чарли савод надошт ва метарсид, ки аз ӯ хоҳиши чанд сатрро баланд хондан мекунанд. Матни нақшро бо ёрии додараш азёд намуд.
23 сентябри соли 1913 Чаплин бо ширкати синамои «Кистоун» созишнома имзо кард бо $ 150 маош. Ҳамагӣ пас аз чор сол бо студияи «First National Pictures» ба 1 миллион доллар созишнома баст ва он замон гароннархтарин ҳунарманд дар таърих гашт.
Аммо миллионери нав то дер ҳуҷраи фақиронаи меҳмонхонаро тарк накард. Соли 1922 рӯзномафурӯши дирӯза ҳавлии боҳашамате дар Беверли – Хиллс сохт, ки 40 ҳуҷра, арғунун ва толори синамо дошт.
Соли 1928 Чаплин барои маҳорати актёрӣ, коргардонӣ ва продюссерӣ дар филми «Сирк» бо ҷоизаи махсуси Оскар қадр шуд. Оскари аввалинро барои «Беҳтарин нақши мардона» дар филми «Диктатори бузург» соли 1941 гирифт. Пас аз ҳафт сол бори дигар сазовори ҷоизаи Оскар гашт – барои беҳтарин филнома («Ҷаноби Верду»).
Соли 1972 ба Чарли Чаплини 82 – сола «барои саҳми беназир дар он ки дар ин аср синамо ба санъат бадал гашт» Оскари ифтихориро супурданд. Аҳли толор ба ифтихори мазҳаканигори бузург 12 дақиқа ба по хеста чапак зад. Дар тӯли карйераи худ Чаплин дар 82 филм ҳунарнамоӣ карда, соҳиби қариб $ 10,5 миллион шудааст. Соли 1999 Академияи санъати синамои Амрико дар феҳристи 100 ситораи синамо дар 100 сол Чарли Чаплинро дар сатри даҳум ҷой додааст.
Таҳияи Хуршеди ҶОВИД


ДУШАНБЕ
Душанбе. Шояд бисёриҳо надонанд, ки таърихи он аз давраҳои куҳантарини пеш аз истилои Искандари Мақдунӣ об мехӯрад. Ковишҳои археологӣ аз теппаҳои соҳили дарёи Душанбе осори шаҳри қадимро маълум намудаанд. Баъзе олотҳое, ки дарёфт шудаанд, ба асрҳои IV – III пеш аз милод мутааллиқанд.
Адиб А. Девонақулов дар асараш «Асрори номҳои кишвар» зикр месозад, ки аз рӯи таҳқиқоти олим М. Дяконов, ки бостоншиноси маъруф ба ҳисоб меравад, ҳудуди имрӯзаи шаҳри Душанбе дар қаламрави ҳукуматдорони сулолаи Шумон будааст. Сулолаи Шумон аз Ҳисори Шодмон то Қалъаи Шодмони деҳаи Симиганҷро дар ихтиёр дошт ва то асрҳои VII-VIII дар ин макон ҳукм рондааст, баъд аз ҷониби гумоштаи Ҳаҷҷоҷ, яъне Муфаззал ибни Муҳаллаб фатҳ карда мешавад. Ин воқеа дар асари Аҳмад ибни Аҳёи Балозӯрӣ «Футӯҳ - ул - булдон» зикр шудааст.
Ҳамчунин, сайёҳи машҳури асрҳои миёна Ибни Хурдодбеҳ навиштааст, ки дар 5 фарсахи Шумон, яъне 25 километри он, шаҳри Ҳамаворон вуҷуд дорад. Ба гуфтаи М. Дяконов шояд боқимондаҳои шаҳри Ҳомоварони машҳур бошад, ки мувофиқи ривоятҳо сарвари он падари Судова (Судоба) буд. Дар «Шоҳнома» омадааст, ки Судобаро Кайковус ба занӣ мегирад. Ва аз «Шоҳнома» маълум мешавад, ки Ҳомоварон дар ҳудуди Мовароуннаҳр будааст.
Таҳияи Қурбон МАДАЛИЕВ


ДУРӮҒИ БЕҲТАР АЗ РОСТ
Марде баъди даргузашти ҳамсари аввалӣ бо хоҳишу исрори хешу пайвандон зани дувум гирифт. Рӯзе аз кор баргашта, хост каме бо писарчаи ҳаштсолааш суҳбат кунад. Падар аз писар пурсид:
- Писарам, модари худат хуб буд ё модари ҳозираат?
Кӯдак маъюсона ҷавоб дод:
- Модари худам дурӯғгӯ буд, модари навам ростгӯ!
Мард ҳайрон шуду бо кунҷковӣ сабаб пурсид. Писар ҷавоб дод:
- Агар шӯхӣ карда, модарамро ташвиши бисёр диҳам, сарзанишкунон мегуфт, ки бори дигар такрор кунӣ, хӯрок ҳам намедиҳам, ба хона ҳам намемонам. Аммо каме агар аз бозӣ дертар оям, аз хонаи ҳамсояҳо, аз кӯчаҳои маҳаллаҳои дигар ҷуста хона меоварду хӯроки гарм медод. Вале модари навам таъкид мекунад, ки бори дигар шӯхӣ кунам, хӯрок намедиҳад ва рост ҳам мегӯяд. Ҳар шаб ҳамроҳи шумо ба серӣ мехӯраму вақти кор буданатон гурусна мегардам.
Таҳияи Бузургмеҳри БАҲОДУР


ҶУЛИЯ РОБЕРТС ЗЕБОТАРИН ЗАНИ ДУНЁ
Маҷаллаи «People» актриса Ҷулия Робертсро зеботарин зани дунё дар соли 2017 эътироф кард. Ҳунарманд ба ин унвон маротибаи панҷум аст, ки сазовор дониста мешавад.
Бори нахуст дар қатори «Зеботарин одамон» ӯ соли 1991 пайдо шуда буд. Он замон ҳамагӣ 23 сол дошт. Худи Ҷулия Робертс изҳор намудааст, ки ба чунин хулоса бо душворӣ бовар дорад.
Таҳияи Сарвиноз ШОДМОНОВА


ИНТЕЛЛЕКТ
Рубрикаи «Интеллект» охири ҳар моҳ ҷамъбаст гардида, иштирокчии аз ҳама фаъол бо мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 300 сомонӣ сарфароз гардонда мешавад.


Муаммокалима
Дар шумораи навбатии «ИНТЕЛЛЕКТ» ба муштариёни рӯзнома муаммокалимаҳо манзур мегардад. Мақсад аз он, аз ду ва зиёда  калимаҳои пешниҳодшаванда  бояд калимаи нав тартиб дод.
Масалан: Пур+Атса=Парасту ва амсоли инҳо.


1. Бор+Амал=
2. Вола + Зан =
3. Абр+Оташ=
4. Буна+Хеш=
5. Сакта+Бор=
6. Макр+Банда=
7. Об+Амн+Садр=
8. Оҷ+Давр+Амн=
9. Барф+Тоат+Пос=
10.  Амр+Уд+Атлас=
Таҳиягар Шафоатулло ШОКИРОВ

Ҷавоби муамморо расм гирифта ба мо равон кунед
93-547-00-05 Вайбер,    
Bzm_701@mail.ru
Бо мо ҳамкорӣ намоед!
Телефон: 238-53-40
Масъули рубрика
Зулола БОБОРАҶАБОВА


СМС – ПАЁМАК 25 - сола шуд
Расо чоряк аср қабл дар ҷаҳон нахустин СМС - паёмак ирсол шуд.  Аввалин СМС - ро муҳандис Нейл Папуорт, ки бо коркарди технологияи паёмҳои кӯтоҳи мобилӣ машғул буд, фиристод.
3 декабри соли 1992 вай барои санҷиш ба дӯсти худ, ки дар зиёфати «Vodafon» ширкат дошт, паёмаки «Соли нав муборак!» - ро навишт. То фарорасии Соли нав ҳоло қариб як моҳ монда буд, аммо Нейл ҳамон лаҳза надонист, ки чӣ нависад.
Аз он рӯз дар ҷомеа забони нави муошират ба миён омад. Ҳар рӯз дар дунё миллионҳо СМС - паёмак навиштаву ирсол мешавад.
Таҳияи Ш. НАСРИДДИНОВ


10 КИТОБХОНАИ НОДИРИ ОЛАМ
Китобхонаи “Сангин”
Китобхонаи шаҳри Меделенини Колумбия соли 2007 дарҳои  худро ба рӯи ҳаводорони илму фарҳанг боз намуд. Китобхона, ки лоиҳаи он аз ҷониби меъмор Ҷонкарло Мазанти пешниҳод гардида буд, имрӯзҳо ба яке аз рамзҳои асосии  шаҳр табдил ёфтааст.
Ба туфайли тарҳи ғайриодиаш бино дар шакли кӯҳҳои сангини  бисёркунҷа сар ба фалак кашидааст. Ин бино на танҳо ба сифати китобхона, балки ҳамчун макони ҷамъомадҳо ва маркази фарҳангӣ хизмат мекунад.
Дар дохили ин “кӯҳи сангин” маркази фарҳангӣ, толорҳои зиёди хониш, сифхонаҳои компютерӣ ва толорҳои дилхушӣ ҷойгиранд. Бинои китобхона аз ҳама гӯшаву канори шаҳр намоён буда, имрӯз тамошогоҳи сайёҳони ҷаҳон гардидааст.
Таҳияи Гулнисои САЪДОНШО


ЭЪЛОМИЯИ КУРУШИ КАБИР. Меъёрҳои он то имрӯз аҳамияти худро гум накардаанд
Яке аз сарчашмаҳои таърихӣ оид ба ҳуқуқи инсон Эъломияи ҳуқуқи башари Куруши Кабир мебошад. Он соли 539 - и пеш аз милод  аз ҷониби шоҳ Куруш, поягузори давлати Ҳахоманишиён қабул гардида, бо номи Силиндри Куруш машҳур аст.
Муҳаққиқон эъломияро аввалин санади таърихие меҳисобанд, ки дар он ҳуқуқу озодии инсон муайян гардидааст. Ба гуфтаи муҳаққиқон меъёрҳои он  то имрӯз аҳамияти худро гум накардаанд. 
«Ман  эълон мекунам, ки  ҳар кас озод аст, ҳар дину оинеро, ки  майл дорад, баргузинад ва дар  ҳар ҷо, ки мехоҳад сукунад намояд. Ва ҳар касбу кореро, ки  мехоҳад, интихоб намояд, танҳо  ба шарте ҳуқуқи касеро поймол нанамояд ва зараре ба  ҳуқуқи дигарон нарасонад».  Ин матни Эъломияро  таърихнигорон беҳтарин матни ифодакунандаи  моҳияти  низоми  демократии  давлатдорӣ арзёбӣ намудаанд.
Коршиносон дар эъломия ҷой доштани се арзиши демократӣ: озодии дину мазҳаб, озодии интихоби ҷойи зист, поймол  накардани  ҳуқуқи нафари дигарро махсус зикр кардаанд.
Ин меъёрҳо дар  Эъломияи ҳуқуқи башар, ки 10 декабри  соли 1948 қабул шудааст, дарҷ гардида, барои кишварҳои узви Созмони Милали Муттаҳид риояи онҳо шарт ва ҳатмӣ мебошад.
Таҳияи Фарзонаи ФАЙЗАЛӢ


ТАВСИЯ. Мехоҳед, ки дар тиҷорат муваффақ бошед?
Расидан ба озодии молиявӣ кори осон нест. Одам бояд фаҳмишҳои зиёд дошта бошад ва зуд қарор бароварда тавонад. Тавсияҳои зерини бизнесменҳои муваффақ барои расидан ба мақсади гузошташуда мусоидат мекунанд.
• Мавҷудияти бизнеси хурдтарини шахсӣ  низ дастоварди муҳим дар роҳи муваффақият ба шумор меравад.
• Ҳисси ҳасадро барои беҳбудӣ истифода баред ва майлро барои пешравӣ.
• Аз мушикилиҳо набояд гурехт, балки онҳоро бояд ҳал кард. Инсон дар назди худ мақсади сарватманд шуданро гузошта, бояд барои ҳалли масъалаҳои зиёде омода бошад.
• Бизнесменҳои муваффақ ҳамеша хавфҳоро қаблан ба инобат мегиранд ва бо боварӣ пеш мераванд.
• Нақшаҳоро як сӯ гузошта камтар орзу кардан ва бештар амал намудан  бе интизории имконияти мувофиқ.
• Дарк бояд кард, ки зуд бой шудан муяссар намешавад. Вақти зиёд ва кӯшишҳо ногузиранд. Тиҷорат дар давоми солҳои зиёд ташаккул меёбад.
Таҳияи Ш. ҚУРБОН


ДЕЙЛ КАРНЕГИ
(Идома аз шумораи гузашта)
7.  Ба дигарон мунсифона ва ҳаққонӣ баҳо бидиҳед.
8.  Дар вуҷуди инсонҳо эҳсоси хушбиниро бедор созед.
9.  Ба атрофиён аз сидқи дил мароқ зоҳир намоед.
10.  Ҳамеша чеҳрахандон бошед.
11. Барои он ки дар баҳс ғолиб оед, аз он худдорӣ намоед.
12.  Ба ақидаи дигарон эҳтиром гузоред. Ҳаргиз ба ҳамсуҳбататон нагӯед, ки ӯ ноҳақ аст.
13.  Агар хато кунед зуд ва қотеона ба он иқрор шавед.
14.  Суҳбатро бо меҳрубонӣ оғоз намоед.
15.  Ҳамеша бо коре машғул бошед.
16.  Танқид накунед, маҳкум накунед, шиква набаред.
Таҳияи Меҳрона ЗУВАЙДОВА
 

МАРК МАККИНЛИ. Агар 782 соат якбора занг занад
Соатҳои сухангӯе, ки дар филмҳои таърихӣ ва тасвирӣ ба диданашон одат намудаем, ҷиҳози дӯстдоштаи шаҳрванди ИМА Марк Маккинли ба ҳисоб мераванд. Ӯ давоми 15 сол 782 соати девории занҷирдор ҷамъоварӣ намуда, онҳоро дар хонааш нигоҳ медорад.
Ҳамсояҳояш дар тааҷҷубанд, ки агар, мабодо, ҳамаи соатҳо нисфи шаб баробар ба бонг задан дароянд, ҳоли Марк чӣ мешуда бошад?
Таҳияи Муҳаммадраҷаби  ПАЙК


ФУТБОЛИ 7 х 7
Ин як намуди бозии футбол махсус барои одамони маъюб таъсис гардидааст ва шомили барномаи бозиҳои паролимпӣ мебошад. Федератсияи байналмилалӣ  барои ин намуди варзиш Ассотсиатсияи байналмилалии  барқарорсозии саломатӣ ва варзиш барои беморони фалаҷи серебралӣ (бемории системаи марказии асаб) маҳсуб мегардад. Қоидаҳои бозии мазкур нисбат ба футбол маҳдуд карда шудаанд: андозаи майдони бозӣ то ҳадде хурд аст, қоидаи офсайд дар он вуҷуд надорад, тӯбро аз канори майдон бо як даст партофтан мумкин аст. Ҳар як нимаи бозӣ 30 дақиқа идома мекунад ва 15 дақиқа танаффус дорад.
Вобаста ба бемории ширкаткунандагон дараҷаи мухталифи бозигарон мавҷуд аст.
Аз соли 1978 оид ба ин намуди футбол  бозиҳои байналмилалӣ баргузор  мегарданд. Нахустин мусобиқоти он дар Эдинбург (Шотландия) доир шуд. Аз соли 1984 футболи 7х7 ба рӯйхати намудҳои варзиши паролимпӣ ворид гардид. Ҳамчунин, ҳар чаҳор сол  Чемпионати ҷаҳон оид ба футболи 7х7 баргузор  мешавад ва пас аз он дастаҳои беҳтарин ҳуқуқи иштирок дар Бозиҳои паролимпиро мушарраф мегарданд.
Таҳияи Раҷабалӣ ИСМАТУЛЛОЕВ


КОРНАМОИҲОИ ҒАЙРИОДИИ ИНСОНҲОИ ОДӢ
Тамоми давру замонҳо қаҳрамонҳои худро дорад. Онҳо бо корнамоиҳои хеш ба ҳамешагӣ дар дили мо ҷо гирифтаанд. Сарсупурдагиву ҷонфидоиҳои Спитамен, Томирис, Жанна д’Арк, Александр Суворов, Александр Матросов, Сафар Амиршоев, Набӣ Акрамов ва ҳазорҳо - ҳазорҳои дигар ҳаргиз аз ёдҳо фаромӯш наҳоҳанд шуд.
Вале дар баробари инҳо инсонҳое ҳастанд, ки бо амалҳои ғайриодии худ дар замони осоиш низ амалҳои достонзебу таърихсоз нишон медиҳанд.
Рубрикаи нави «Шоми шанбе» аз корнамоиҳои чунин инсонҳо қисса хоҳад кард.

1. Ҷеймс Ҳаррисон
Ҷеймс Ҳаррисони австралиягӣ дар синни 14 ҷарроҳии вазнинро аз сар гузаронд. Дар амалиёти ҷарроҳӣ лозим омад, ки ба ӯ 13 литр хун диҳанд. Маҳз ҳамин амал ӯро аз марг раҳо кард ва мӯҷиби он шуд, ки Ҷеймс дар 18 - солагӣ худаш донори хун шавад.
Таҳқиқ нишон дод, ки хуни ӯ басо нодир буда, метавонад барои муолиҷаи бемории номувофиқатии хуни модар ва тифл, ки бар асари онҳо  навзодон аксаран дармегузаранд, истифода гардад. Тайи солҳои тӯлонӣ Ҷеймс Ҳаррисон беш аз 1000 бор хун супурда, зиёда аз 2,4 миллион кӯдакро аз марг наҷот додааст.
Боиси тазаккур аст, ки олимон дар асоси намунаи хуни Ҷеймс Ҳаррисон ваксинаи  Anti-D иммуноглобулинро, ки бо унвони RhoGAM маъруф мебошад, таҳия кардаанд.
Таҳияи Ш. ШОКИРОВ


«ПОЛЕ ЧУДЕС» ва чанд факти ҷолиб дар бораи он
Таъсиси ин барномаи диданӣ андешаи Владислав Листйев ва  Анатолий Лисенко  мебошад. Номи барномаро муаллифон аз афсонаи машҳури «Буратино» гирифтаанд. Танҳо нафароне, ки пахши аввали «Поле чудес» - ро тамошо намудаанд, дар хотир доранд, ки соли аввал ровии барнома худи Владислав буд. Пасон,  чархи барномаро ба ихтиёри Леонид Якубович вогузор кард. Инак, 30 сол мешавад, ки Якубович барномаро пеш мебарад.
Барномаҳои «Поле чудес» - ро дар  шаҳрҳои Барселона, Киев, кишварҳои Африқо ва баҳри Миёназамин ҳам наворбардорӣ намудаанд.
Он осорхонаи худро низ дорад. Туҳфаҳои тамошогарон ва ширкаткунандагони барнома экспонатҳои асосии осорхонаро ташкил медиҳанд.
Таҳияи Фарзонаи ФАЙЗАЛӢ


РУТБА ВА ОБРӮИ СТАЛИН
Аз хотираҳои маршал И. Конев аст, ки нақл мекунад:
- Вақте ба Сталин пешниҳод намудем, ки бояд ба рутбаи олии  генералиссимус қадрдонӣ шавад, аҷиб вокунише нишон дод. Ин, аллакай, пас аз ҷанг дар ҷаласаи Шӯрои сиёсӣ буд. Ҳамроҳи ман дар муҳокимаи масъалаи сарфарозгардонӣ Жуков, Василевский ва  Рокоссовский низ иштирок доштанд.
Сталин дар аввал қатъиян рад мекард, вале мо қотеона масъаларо аз нав ба миён мегузоштем.  Зеро бовар доштем, ки дар ҳамон вақт ҳамин чиз ниҳоят зарур, балки  ногузир буд. Ҳама якҷоя далел меовардем, ки аз рӯи мақоме, ки  Армияи Шӯравӣ  дорад, лашкаркашеро, ки дар набардҳои бузург ғолиб меояд ва ҳамеша дар амалиётҳо дастболо мешавад, ба чунин рутба қадр мекунанд.
Сталин, ки чанд дафъа сухани моро бурида, ба нишастан амр медод, ниҳоят худаш аз ҷой хеста, аз номи шахси сеюм ба сухан даромад:
- Мехоҳед рафиқ Сталинро унвони генералиссимус диҳед? Чӣ даркор ҳамин ба рафиқ Сталин? Рафиқ  Сталин бе ин ҳам эътибору нуфузи баланд дорад. Чунин унвонҳо ба шумо, барои обрӯ лозиманд. Ман ҳайронам, аз куҷо боз ин рутбаро кашф кардед. Шумо ҳам маршал, рафиқ Сталин ҳам. Чӣ, мехоҳед бар ивази кадом як генералиссимусӣ рафиқ Сталинро аз маршалӣ маҳрум кунед? Худи ҳамин рутба чӣ гуфтанӣ гап, канӣ ба ман фаҳмонед…
Маҷбур чанд китобу сарчашмаҳои таърихиро варақгардон кардем, исбот намудем, ки дар таърихи армияи рус пеш аз ин Меншиков, Суворов ва боз як нафари дигар низ генералиссимус буданд. Вале Сталин танҳо баъд аз як сухани  Рокоссовский  ба гирифтани рутбаи  генералиссимусӣ моил шуд, ки мазмунан чунин буд: «Рафиқ Сталин, ман маршал, шумо ҳам маршал. Барои ҳамин шумо маро ҷазо дода наметавонед».
Аз русӣ тарҷумаи М. ОДИНАЕВА


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 08.12.2017    №: 250    Мутолиа карданд: 615

19.11.2018


ДЕВАШТИЧ. Авҷи созандагиҳо дар Ҷамоати деҳоти Яхтан

Артиши Сурия охирин истеҳкоми «ДИ» дар ҷануби кишварро зери назорат гирифт

Дар ҳама минтақаҳои Ӯзбекистон «мактаби президентӣ» месозанд

Роҳандозии барномаи махсуси давлатии ипотекӣ барои дӯзандагони Қирғизистон

Киштии зериобии «Сан Хуан» - ро дар уқёнуси Атлантика ёфтанд

Ҷаҳон дар як сатр

Кулишов: «Марзҳои ИДМ бо таҷҳизоти муосир таъмин карда мешаванд»

Дар Тоҷикистон омӯзгори забони англисӣ барои таблиғи «ДИ» 19 сол гирифт

Қазоқистон мубориза бо машруботро сахттар мекунад

Фоидаи туризм ба кадом шаҳри дунё бештар аст?

Ҷаҳон дар як сатр

"ИСТИҚЛОЛ" бори аввал барои Ҷоми чемпионҳои КФО мубориза хоҳад бурд

Омодагии тими миллӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон – 2022

УСМОН ТОШЕВ САРМУРАББИИ НАВИ ДАСТАИ МУНТАХАБ

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед