logo

иҷтимоиёт

РУШДИ СОҲАИ ТАНДУРУСТӢ ДАР НОҲИЯҲОИ ДАРВОЗУ ВАНҶ

Боиси шукргузорист, ки бо дастгириҳову ғамхориҳои пайвас-таи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи  тандурустӣ дар ноҳияҳои  Дарвозу Ванҷ сол ба сол рушд меёбад.
Пайдост, ки асоси пешрафти соҳаи  тиб  ба мутахассисони варзида  ва ташаббускор бастагии  қавӣ дорад.  Тибқи иттилои роҳбарони дастгоҳи раисони ноҳияҳои Дарвоз ва Ванҷ Диловар Қосимов ва Атобек Субадоров  тайи солҳои истиқлолият  даҳҳо нафар мутахассисони ҷавон баъди хатми  Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино ва муассисаҳои олии тиббии хориҷи кишвар ба  диёри худ баргашта, ҳоло дар ҳифзи саломатии мардум мебошанд.
Ба ҷуз ин, солҳои охир  табобатхонаҳои минтақавии Ҷамоати деҳоти Нулванди ноҳияи Дарвоз ва  беморхонаи минтақавии деҳаи  Мотравни Ҷамоати деҳоти Язгулом бун-ёд ёфтанд. Беморхонаҳои марказии ҳар ду ноҳия бошанд, азнавсозӣ ва таъмир гардида, бо таҷҳизоти ҳозиразамони тиббӣ муҷаҳҳаз  гаштанд.
Ҳамзамон, дар деҳаҳои Хостав, Курговад, Ҷорф, Кеврон ва Сағирдашту Қалъаи Ҳусайни ноҳияи Дарвоз ва шаҳраки Рохарв, деҳаҳои  Баравн, Гишхун, Техарв, Гармчашма, Жамаги  ноҳияи Ванҷ марказҳои саломатӣ ва бунгоҳҳои тиббӣ сохта, мавриди истифода қарор гирифтанд.
Чунонки  мутахассисони соҳаи тибби ин ноҳияҳо иброз медоранд, маҳз ба шарофати дастгириҳои роҳбарияти олии кишвар дар Дарвозу Ванҷ сатҳи бемориҳои сирояткунанда ва касалиҳои табобаташон душвор нисбати солҳои пешин  коҳиш меёбад.
Сироншоҳи ДИЛОВАР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 08.12.2017    №: 250    Мутолиа карданд: 428

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед