logo

фарҳанг

РӮЗГОРЕ БАРОИ ИБРАТ

Зиё Абдулло фаъолияти меҳнатиашро аз соли 1971 ҳамчун омӯзгори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ оғоз бахшид. Баъдҳо дар рӯзномаи «Ҷавонони Тоҷикистон», маҷаллаи «Садои Шарқ», дафтари тарғиби адабиёти Иттифоқи нависандагон онро идома дод. Аз соли 1991 то соли 2007 дар рӯзномаи «Ҷумҳурият» фаъолият дошт. Аз соли 2007 корманди нашриёти «Адиб» мебошад.

Намунаҳои эҷодаш аз соли 1970 дар васоити ахбори умум ва маҷмӯаҳои дастаҷамъии «Шоир» (Мадраси Ҳиндустон, 1982), «Литературная газета», (Маскав, 1984), «Истоки» (Маскав, 1986), «Сузирия», (Киев, 1987) ба забонҳои русӣ, белорусӣ, инглисӣ, олмонӣ, булғорӣ, чехӣ, арманӣ, ӯзбекӣ, туркманӣ тарҷума ва нашр гардиданд. Силсилаи шеърҳояш дар нашрияҳои гуногуни Эрону Афғонистон низ ба табъ расидаанд.
Соли 1986 нашриёти «Молодая гвардия» - и Маскав китоби ӯро бо номи «Единая болью» аз чоп баровард.
Навиштаҳояш, ки иборат аз гулчини шеъ-ру достонҳост, дар са-ҳифаҳои маҷмӯаҳои «Кафи хок», «Дарё», «Фурӯғ», «Тысяча родников» (Маскав), «Лоластон», «Лонаи урёни арвоҳ», «Бодгиреҳ», «Ҷоми симурғ» нашр шудаанд.
«Коргар» ном достонаш ба забони русӣ тарҷума ва чоп гардидааст.
Муаллифи ҳафт достони устуравӣ – таърихӣ мебошад.
Ашъори шоирони машҳури ҷаҳон ва пйесаву рисолаҳои гуногуни таърихию илмиро ба забони тоҷикӣ тарҷума намудааст.
Аз соли 1984 узви Иттифоқи нависандагон аст. Барандаи Ҷоизаи ба номи Абулқосим Лоҳутӣ мебошад.
Заҳматҳояш бо «Ифтихорнома» - и Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (1994) ва медали «Хизмати шоиста» (1998) қадр гардидааст.
Ӯ чун адиб ва рӯзноманигор рисолати худро аз оғоз дар боло бурдани сатҳи маърифати ҷомеа, дӯстдории ин Ватану сарзамини аҷдодӣ медонад.
Саъю кӯшишаш ҳамеша ба он равона гардидаву мегардад, ки ин миллати мутамаддин ва қадим бештару беҳтар муаррифӣ бишавад.
Матлабҳои журналистияш пайваста дар миёни хонандагони сершумор ҳамовозӣ пайдо мекард, зеро ба масъалаҳои муҳим рӯй меовард ва роҳҳои ҳалли онҳоро бозгӯӣ менамуд.
Бисёр мутолиа мекунад ва ҷустуҷӯ менамояд. Дар тарбияи шогирдони эҷодкор саҳми зиёду арзанда гирифтааст. Чун инсони асил, хоксор, шикас-танафс аз маҳбубияти хос бархӯрдор мебошад.
Аз дастоварди ҳар навқалам ва роҳрави эҷод шод мегардад ва ӯро барои расидан ба кӯи мақсуд ҳидояти дуруст менамояд.
Ифтихори мо аз он аст, ки ин устоди мушфиқу ғамхор, мураббии меҳрубон ва дар айни замон сахтгир 16 соли умри пурбаракаташро ба рӯзномаи дӯстдоштааш «Ҷумҳурият» бахшидааст.
Воқеан, рӯзгори ӯ як рӯзгори неку ибратомӯз мебошад.
Абдулқодири РАҲИМ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 08.12.2017    №: 250    Мутолиа карданд: 426

20.11.2018


СУҒД. Оғози сохтмони раёсати маориф

ЛЕВАКАНТ. Конфронси илмӣ - назариявӣ ба ифтихори Иҷлосияи XVI

"Парасту" дар Тоҷикобод

Сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ барои машварат дар Тошканд ҷамъ меоянд

Финляндия ҷонибдори ҳузури Россия дар Шӯрои Аврупо

Вазорати маорифи Афғонистон 30 ҳазор занро ба кор мегирад

Баррасии рушди инклюзивии иқтисоди қитъа дар Гвинея Папуаи Нав

Ҷаҳон дар як сатр

АНВАР ЮНУСОВ СОҲИБИ КАМАРБАНДИ WBF

"СОРО КОМПАНИЯ" ҒОЛИБИ ЛИГАИ КАСБИИ ФУТЗАЛИ ТОҶИКИСТОН

19.11.2018


ДЕВАШТИЧ. Авҷи созандагиҳо дар Ҷамоати деҳоти Яхтан

Артиши Сурия охирин истеҳкоми «ДИ» дар ҷануби кишварро зери назорат гирифт

Дар ҳама минтақаҳои Ӯзбекистон «мактаби президентӣ» месозанд

Роҳандозии барномаи махсуси давлатии ипотекӣ барои дӯзандагони Қирғизистон

Киштии зериобии «Сан Хуан» - ро дар уқёнуси Атлантика ёфтанд

Ҷаҳон дар як сатр

Кулишов: «Марзҳои ИДМ бо таҷҳизоти муосир таъмин карда мешаванд»

Дар Тоҷикистон омӯзгори забони англисӣ барои таблиғи «ДИ» 19 сол гирифт

Қазоқистон мубориза бо машруботро сахттар мекунад

Фоидаи туризм ба кадом шаҳри дунё бештар аст?

Ҷаҳон дар як сатр

"ИСТИҚЛОЛ" бори аввал барои Ҷоми чемпионҳои КФО мубориза хоҳад бурд

Омодагии тими миллӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон – 2022

УСМОН ТОШЕВ САРМУРАББИИ НАВИ ДАСТАИ МУНТАХАБ

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед