logo

иқтисод

КӮЛОБ – ҚАЛЪАИХУМБ. БАРОИ СОХТМОНИ РОҲ БОЗ 115,5 МИЛЛИОН ДОЛЛАР ҶУДО МЕГАРДАД

Дар ҷаласаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон созишномаҳои қарзӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди саудии рушд, Фонди ОПЕК ва Бонки исломии рушд оид ба лоиҳаи «Сохтмони роҳи автомобилгарди Кӯлоб - Қалъаихумб, қитъаҳои «А» ва «F»  ба тасвиб расиданд.
Худоёр Худоёрзода, вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, зимни баррасии ин се созишнома иброз дошт, ки ҳадафи асосӣ ба анҷом расондани сохтмони роҳи Кӯлоб - Қалъаихумб мебошад, ки шаҳри Душанберо бо сарҳади Ҷумҳурии Халқии Хитой пайваст менамояд.
 Ба гуфтаи вазири нақлиёт, қитъаи "А" ба масофаи 32 километр шаҳри Кӯлобро бо ноҳияи Шамсиддин Шоҳин ва қитъаи "F" ба масофаи 28 километр  деҳаи Шкевро бо шаҳраки Қалъаихумб пайваст менамояд. Татбиқи лоиҳа ба кам намудани вақт ва хароҷоти истифодабарандагони роҳ, зиёд гардидани савдо, таъмини ҷойҳои корӣ ва дар маҷмӯъ рушди иқтисоди кишвар мусоидат менамояд.
Зикр гардид, ки дар заминаи  мувофиқатҳои ба дастомада барои сохтмони қитъаҳои «А» ва «F»  аз ҷониби Бонки исломии рушд 20 миллион доллар, Фонди саудии рушд 30 миллион доллар, Фонди кувайтии рушди иқтисоди араб 25,5 миллион доллар, Фонди Абудабӣ оид ба рушд 20 миллион доллар ва Фонди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ 10 миллион доллар бояд ҷудо гардад. Ин маблағ дар якҷоягӣ бо 10 миллион доллар ҳамчун саҳми Ҷумҳурии Тоҷикистон 115,5 миллион долларро ташкил медиҳад.
Қарзи ҷалбшавандаи лоиҳаи мазкур имтиёзнок буда бо шартҳои зерин пешниҳод гардидаст: муҳлати қарзҳо аз 25 то 30 сол, давраи имтиёзнокии пардохти қарзҳои асосӣ аз 5 то  7 сол, меъёри фоиз аз 1 то 1,5 дарсадро ташкил менамояд.
Дар қитъаи «А» сохтмони пул бо дарозии 42 метр ва таҷдиди  ду адад пул бо дарозии ҳар кадоме 33 метр ва дар қатъаи «F»  сохтмони се пул бо дарозии аз 23 то 25 метр ва бунёди нақб бо дарозии 1250 метр пешбинӣ шудааст. Татбиқи лоиҳаи мазкур соли 2017 оғоз гардида, то соли 2021 идома хоҳад ёфт.
Мунаввари САФАР, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 08.12.2017    №: 250    Мутолиа карданд: 461

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед