logo

фарҳанг

НАЗАРЕ БА ГАНҶХОНАҲОИ МИЛЛӢ

Мусаллам аст, ки мамлакати мо - Тоҷикистони азиз ба ҳамин зудӣ истиқлолият ба даст овард. Аммо мижа таҳ накардем, ки ин истиқлолияти тозаи мо бисту панҷ соли муҳимро пушти сар кард. Яъне, истиқлолият биступанҷсола шуд. Ва акнун месазад, мо дар бисёре аз корҳо зеҳн монем, таҳқиқ кунем ва бигӯем, ки аз куҷо то ба куҷо расидем. Бигӯем, ки дар ганҷхонаи ин вақти сипаригашта чи дуррҳое ҷамъ омадаанд. Ё чи ганҷҳое бояд мебуданду нестанд. Мо ганҷхонаҳое дорем, ки шояд аз ганҷ лабрез бошанд, аммо ганҷхонаҳое низ дорем, ки вуҷуд доштанашонро аз ёд бурдаем. Манзурам ин ҷо самтҳои гуногуни фаъолияти як миллат, як мамлакат аст, ки ҳазорон ҳуҷраву таҳхонаву болохонаҳо дорад. Барои мисол, агар мо ҳатто ба муваффақиятҳои ганҷхонаи Душанбеи азиз аз канораҳои шаҳр дида дӯзем, мебинем, ки чи қадар намуди шаҳрро биноҳои тоза ва баландошёна ҳусн бахшидаанд.
Агар чунин имкон медоштем, ки ба як ҳавопаймо менишастем ва аз баландии парвози як уқоб Ватани азизро тамошо мекардем, ба назар мерасид, ки диёрро хеле обод кардаем. Роҳҳо обод шудаанд. Роҳҳои обод водиҳо ва вилоятҳои дурканораро бо ҳам пайвастаанд. Ин роҳҳоро таъқиб намуда, ба нақбҳои зиёде мерасидем, ки аз як самти кӯҳ ворид шуда, аз самти дигар берун меоянд. Бо як нигоҳ медидем, ки киштзорҳо, боғзорҳо, доман паҳн кардаанд. Дар деҳот, берун аз пойтахт биноҳои истиқоматии бошукӯҳ, мактабҳо, биноҳои маъмурӣ, бозорҳо, корхонаҳо қомат афрохтаанд. Иморатҳои хел - хели зиёдеро медидем, ки меъмории нотакрор доранд ва моли мардумони кишваранд. Атрофи ин иморатҳоро тозаву озода, пур аз гулу гулзор медидем. Шаҳракҳо ва кӯчаҳои фарроху аз ду паҳлу иморатҳои бошукӯҳу зебо ва ҳозиразамонро дармеёфтем. Дарк мекардем, ки дар тӯли ин бисту панҷ сол хеле ободиҳо насиб гаштааст. Оё мумкин буд ин дастовард дар ноамнӣ, давраи ҷанг ба даст биёяд? Ҳаргиз! Ин муваффақиятҳо бар асари амну осоиштагӣ муҳайё гардидааст. Пас, ганҷхонае, ки он ҷо амнияти миллӣ ҷамъоварӣ гаштааст, лабрез аз ганҷ аст. Муҳимтарин ганҷи ин давра амният дар миёни мардум, амният дар саросари марзи кишвар аст. Ҳар касе дар ҳар соати шабу рӯз дар ҳар куҷое, ки хоҳад, метавонад қароре бигирад. Нимашаб мебинем, ки мардумон аз пайи корҳояшон равонанд. Хушбахтона, зеҳни мардумро ҳеҷ ягон шубҳае банд намекунад, ки дар ин вақти шаб онҳоро хатаре рӯ ба рӯ мегардад. Амният комилан бисту чаҳор соат дар шабу рӯз мустақар аст. Шаҳрвандон мунтазам дар гирди меҳвари идораҳо, корхонаҳо, бозорҳо, гулгаштҳо, хиёбонҳо рафтуомад доранд. Аз мушоҳида ва дарки ин ҳақиқат дар лабони одам табассум медамад ва беихтиёр мегӯяд: «Худоро шукр!».
Аммо бо вуҷуди ҳамаи ин бурдҳое , ки қайд кардем, ҳатман дар канораш, бохтҳое ҳам дорем. Агар мо соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқро ба дуконҳо, ғуфраҳо ё ба ганҷурҳо ҷудо кунем, аз қабили сиёсат, адабиёт, фарҳанг, иҷтимоиёт, варзиш, ҳунар, театр, синамо, маориф, савдо, илм, техника, он гоҳ ба осонӣ мебинем ва ба осонӣ дармеёбем, ки дар куҷо чӣ осеб дорем. Шояд ганҷхонаи равған, шир, гӯшт, меваҷот, сабзавот аз ганҷ лаболаб бошад, аммо баъзе аз ғуфраҳо ҳанӯз ҳам ба таври бояду шояд пур нашудаанд.
 Масалан, яке аз ганҷхонаҳои фарҳанги миллӣ - театр. Оё он ганҷурҳо ҳамагӣ тартиб доранд? Эҳсос мекунед чӣ посухе хоҳем дошт? Аз ёди масъулон баъзан меравад, ки онҳо масъулиятҳои дигар ҳам доранд. Мо бояд иқрор шавем, ки театри тоҷик аз он сатҳи болою баркамоли ҳунарӣ, ки пештар дошт, сол ба сол поён рафтааст. Дар ҳоле, ки таваҷҷуҳи давлату Ҳукумат, баръакс беш аз пеш рӯшантар зоҳир мегардад. Бунёду навсозии садҳо кохҳои фарҳангу театрҳои нодир хосса дар чанд соли охир далели барҳаққи ҳамин гуфтаҳоанд. Пас кӣ гунаҳгор аст? Масъала сари рафтан ё нарафтани тамошогар ба театр нест.
Театрҳо ҳар моҳ мардумро хеле боғайрат ба театр меоранд. Бинандаҳо шоданд ё ношоданд, ин ҳарфи дигар аст. Гап сари қурби намоишҳо, сари қурби асолати кори ҳунарӣ меравад, ки ба кундӣ рафтааст. Масъалагузориҳои театр хеле сатҳианд. Театр аз масъалаҳое, ки бояд фаро бигирад, канор рафтааст. Театр аз инсонҳо бояд шахсият бисозад. Ба ҷои ин кор зеҳни инсонҳоро ба чизҳои рӯзмара, хандаҳои пуч ва ҳама он чизе, ки зеҳнро кунд мекунад, мекашанд. Ин амал оқибат миллатро ба пастӣ мебарад, зеҳнашро ба ковокӣ рӯ ба рӯ мегардонад. Асарҳои хеле заиф, хандаю истеҳзои пуч ҷойгузини масъалагузориҳои театр гаштаанд. Бинандаҳоро тӯли солҳои дароз ташвиқ кардаанд , ки «театр, ин аст». Театр, яъне як чизи хандаовар, хандазой. Не! Ҳаргиз не! Театр ба рӯҳу шуур бештар алоқамандӣ бояд дошта бошад.Театр бояд шуури инсонҳоро барои суол додан тела диҳад.Театр инсонҳоро барои рафтан ба роҳи рост ҳидоят кунад. Ҳадди ақал, ҳар хандае, ки театр пешниҳод мекунад, дар охираш қатраи ашке бояд ҷой дошта бошад.Театр бояд ойинае бошад, ки дар он зиндагӣ акс шавад. Ҳукумати мамлакат аз буҷа барои театр маблағ ҷудо мекунад. Чаро? Барои он, ки театр камбудиҳоро мисли ойина нишон бидиҳад. Давлат барои он пул ҷудо мекунад, ки театр рӯҳи инсонҳоро табобат кунад. Гуноҳу хаторо дар рӯ ба рӯ акс бинамояд. Инсонҳоро ба зиндагӣ, ба дард, ба фироқ, ба нишот, ба ормонҳо, ба ватандорӣ ҷӯр созад. Ин корест, ки бояд масъулон ва мутасаддиёни хеле дурбин онро анҷом диҳанд.
 Ниҳоят соҳаи аз ҳама ба ман наздик - ганҷхонаи садо ва симо. Дар ин ганҷхона миллат аз осиёби тарбият мегузарад.Телевизион аз ҳад зиёд серпаҳлуст. Вале мо аз канори ганҷхонаҳои зиёде гузашта вориди ганҷури дубляж мешавем. Дармеёбем, ки ин ғурфа тиҳӣ нест ва мутмаинан медонем, ки бахусус замони истиқлол пуропур аз ганҷ гаштааст. Дуб-лажи филмҳои бадеӣ ва илмӣ - оммавӣ яке аз самтҳои пурқудрати миллатсозӣ, зеҳнсозӣ, рӯҳсозӣ, шахсиятсозӣ дар мамлакат аст. Мо - ҳамагон дар ёд дорем, ки пештар филмҳои зиёдеро тарҷума мекарданд. Ҳунармандони зиёде сари ин кор фаъолият доштанд. Дар як сол то чиҳил филми бадеӣ рӯи кор меомад. Аммо ин ҳам дурӯғ нест, ки сатҳи тарҷумаҳо хуб набуданд. Асоси ҷамъият дар мамлакат аз ин филмҳо истиқбол намегирифт. Гӯшҳои тоҷикистониҳое, ки дар он мамлакат мезис-танд, ба гӯиши лаҳни тоҷикии он филмҳо одат надошт. Замони кор зиёдтар аз овози ровиҳои радио ва телевизион истифода мекарданд, ки онҳо аз мактаби актёрӣ нагузашта буданд ва матни филмҳоро хушку бетаъсир мехонданд. Онҳо ҳанӯз ҳунари замони тарҷума дар матн зистанро аз худ накарда буданд. Ин нуқс ба дублаи филмҳо сироят мекард. Боис мегашт, ки дубляжҳо гӯшхарош ва гӯшнокарданӣ бошанд. Бояд таъкид кунам, ки дар ин миёна ҳунармандоне ҳам мисли А. Муҳаммадҷонов, Н. Ҳасанов, Р. Ҳусейнов ва боз зумраи дигароне ҳам буданд, ки корашон олӣ ва нотакрор буд. Дар замони истиқлолият бозори филмҳои дубла гарм гашт. Ҷавонони серғайрате дар миён омаданд, ки студияҳои хусусии тарҷумаи филмҳоро боз карданд. Ин иқдом боис гашт миёни онҳо ва телевизионҳои расмӣ як сабқате барпо шавад. Аз ин сабқат мардум бурд кард. Сатҳи ҳирфаии филмҳои дублаӣ боло рафт. Даҳҳо коргардонҳои хуб, операторҳои овоз ва садҳо ҳунармандони дорои овози хуб дар миён омад.
Ҳоло, ки ин ҷо расидем, мехостам сари қадам ба ғурфа ё ганҷхонае ворид шавем, ки он ҷо филмҳои силсилавӣ (сериалҳо) ҷамъоварӣ мешаванд. Хуб, ворид шудем, чизе пайдо хоҳем кард? Ба истиснои чанд филм чизи дигаре пайдо нест. Ин ганҷхона тақрибан холист! Бояд аз мутасаддиён бипурсем. Чаро ганҷхонаи силсилафилмҳои тоҷикӣ холист? Магар дарду масъала надорем? Магар мисли туркҳои Усмонӣ шоҳоне надоштем? Бубинед, онҳо дар ин мавзӯъ чи филмҳои диданӣ сохтаанд. Оё тақдири шоҳони сулолаи Сомонӣ барои филмсозӣ сазовор нест? Азбаски ин ганҷхона тиҳист, табиист, ки ҷойи онро филмҳои хориҷӣ ишғол кардаанд. Албатта, ҳар мамлакате, ки филм истеҳсол мекунад, ҳадафи нахусташ дар бозори байналмилалӣ шуҳрат ёфтан аст, то фарҳанг, ақида ва тарзи зиндагии мардумонашонро дар ҷаҳон муаррифӣ кунанд. Чаро мо ин корро накунем? Мо ҳам бояд филмҳое дошта бошем, ки худамонро ба ин васила барои мардумони олам муаррифӣ кунем. Мардумони кишварамон ба дидани ин гуна силсилафилмҳо ниёз доранд.То он лаҳза, ки силсилафилмҳои худӣ пайдо мешаванд, мардум бештар ба филмҳои хориҷӣ рӯ меоранд. Имрӯзҳо дар каналҳои русӣ баъди ҳар ду - се рӯз як филми силсилавии беҳтар аз пешина пахш мегардад. Мо ҳам имкон дорем аз таҷрибаи онҳо оқилона истифода бибарем.
Акнун боз ҳам ба ганҷури филмҳои дубла бармегардем. Бо пайдо шудани студияҳои тозазуҳури замони истиқлолият мусобиқаеро миёни ҳам роҳандозӣ карданд ва ин рақобат филмҳои зиёдеро дар миён овард ва нафъи зиёдаш ба мардумон расид. Бозори ин филмҳо гарм шуд. Доираи тамошогар аз ҳудудҳои кишвар берун рафт. Касбияти кори тарҷума боло гирифт. Аудиторияи бинандаи тоҷик садҳо ва ҳазорҳо бор афзуд. Ин филмҳоро дар дуконҳои фитафурӯшии Россия, Афғонистон, мамлакатҳои Осиёи Миёна пайдо кардан осон гашт. Теъдоди дӯстдорони филмҳои тарҷумавӣ аз чанд ҳазор ба миллионҳо расид. Ҳудудҳои забони тоҷикиро аз ҷуғрофии Тоҷикистон берун бурд. Чаро ин ифтихорро дар ҳаққи онҳое, ки студияҳои тарҷумаро роҳандозӣ карданд, қоил набошем? Онҳо сатҳи ҳирфаии кори дубларо боло бурданд, ки офаринашон бод! Мутаассифона, буҳронҳое, ки дар миён омад, боис гашт, ки корашон кундтар бигардад. Теъдоди филмҳо кам ва бозор хунук шуд. Болокорӣ, вақте мебинӣ, ки масъулони босалоҳият кори тарҷумаро канор гузоштаанд, ҳайфи кас меояд. Ҳаққи мо гӯшрас кардан аст. Мехоҳем он сатҳ, он баландии кор, ки ба даст омадааст, аз миён наравад. Барои ҳуш, барои рӯҳ, барои асолату ҳастии миллат, бояд бештар тадбирҳои дуруст биандешем. Бе хонаву ҷой, гурусна, ташна, имкони зистан ҳаст, аммо бе ғизои рӯҳӣ зистан амрест маҳол! Шояд вазъияти иқтисодӣ маҷбур месозад, танг меоварад, корро сӯи сарфакорӣ мекашад, аммо мо бояд сустӣ накунем. Бояд ин ганҷхонаро обод нигоҳ дорем!
 Ниҳоят таманнои онро дорам, ки дар ганҷхонаҳои Ватани азизам баракат биафзояд. Мардуми кишварро сарбаланду рухсорасурх дидан орзуи ҳамешагии мост.
Қурбон СОБИР, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, Профессор


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 08.12.2017    №: 250    Мутолиа карданд: 666
04.06.2020


ОБОДКОРИҲОИ БЕҚИЁС ДАР ТОҶИКОБОД

ЁРИИ ХАЙРИЯВӢ БАҲРИ ПЕШГИРИИ КОРОНАВИРУС

ФУТБОЛ. ҶАЛИЛОВҲО МЕХОҲАНД ҲАМЕША ДАР САФИ ПЕШ БОШАНД

КОРОНАВИРУС ДАР ИТАЛИЯ: БЕШ АЗ ЯК МОҲ ИНҶОНИБ СИРОЯТЁБӢ КАМ МЕШАВАД

ДАР КРЕМЛ БА ХОҲИШИ БО РОССИЯ СОЗИШНОМАИ ЯДРОӢ БАСТАНИ ТРАМП БАҲО ДОДАНД

ТРАМП ҶОНИБДОРИ ҲУЗУРИ ПУТИН ДАР G7

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

02.06.2020


ХАБАРИ ФАВРӢ. БОЗ БЕШ АЗ 200 БЕМОР АЗ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ

МУБОРИЗА БО COVID-19. КОРМАНДОНИ АНМН БА СУРАТҲИСОБИ МАХСУС 50 000 ГУЗАРОНДАНД

ХУҶАНД. ТАШХИСГОҲИ НАВИ ВИРУСОЛОГӢ БУНЁД ГАРДИД

ХАТЛОН. СОҲИБКОРОН ТАДБИРҲОИ МУҲИМРО ТАТБИҚ МЕСОЗАНД

ВАРЗОБ. 112 ИНШООТИ ҶАШНӢ МАВРИДИ ИСТИФОДА ҚАРОР ГИРИФТ

КФО АВВАЛИН ОНЛАЙН-КОНФРОНСРО ДОИР МЕКУНАД

ДОРУИ ЗИДДИ COVID-19 ДАР БЕМОРХОНАҲОИ РОССИЯ 11 ИЮН ПАЙДО МЕШАВАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

01.06.2020


ХУШХАБАР. ДАР ТОҶИКИСТОН БЕШ АЗ 2000 СИРОЯТЁФТА ШИФО ЁФТ

РОҶЕР ФЕДЕРЕР. ГАРОНАРЗИШТАРИН ВАРЗИШГАРИ САЙЁРА

29.05.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ COVID - 19 БОЗ 423 НАФАРИ ДИГАР ШИФО ЁФТ

28.05.2020


ТОҶИКИСТОН. БОЗ 385 НАФАР АЗ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ

ВМКБ. ҲАМОВОЗӢ БА ИҚДОМИ НЕКИ ПЕШВОИ МУАЗЗАМИ МИЛЛАТ

ХИЗМАТИ ҲАРБӢ. НАҚШАИ ДАЪВАТ ПЕШ АЗ МУҲЛАТ ИҶРО ШУД

ВАРЗОБ. ҶОЙҲОИ КОРӢ БЕШТАР МЕГАРДАНД

БУНДЕСЛИГА. РАҚОБАТИ "БАВАРИЯ" БО "БОРУССИЯ" БАРОИ ПОЙГАИ ҚАҲРАМОНӢ

ШАҲРВАНДОНИ ТОҶИКИСТОН БО ПАРВОЗИ МАХСУС АЗ ДЕҲЛӢ ВА ДУБАЙ БА ВАТАН БАРМЕГАРДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

27.05.2020


436 НАФАРИ ДИГАР АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

ТАҚВИЯТИ ҲАМКОРИҲОИ ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН ДАР МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID – 19

ДАР РӮИ ҒИЗО ЗАРРАҲОИ COVID-19 НЕСТ!

НОҲИЯИ САНГВОР. МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID-19 БО УСУЛИ “ХОНА БА ХОНА”

ТАШВИҚОТИ ҲИЗБИ ПЕШОҲАНГ ДАР ПАРТАВИ ҲИДОЯТИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲО. МУАЛЛИФИ БЕҲТАРИН ГОЛ БЕҲТАРИН МУРАББӢ ШИНОХТА ШУД

ГАРМО МЕТАВОНАД СИРОЯТИ COVID-19-РО ДАР ӮЗБЕКИСТОН КОҲИШ ДИҲАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

26.05.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 1395 НАФАР ШИФО ЁФТ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед