logo

фарҳанг

САЛОМ ОМАД, ДУРУД ОМАД БА АЙНӢ

Дар рӯзҳои тирамоҳи заррини соли 2017 дар диёри хуршедии мо ду рӯйдоди муҳими фарҳангӣ рух дод, ки бо номи Қаҳрамони Тоҷикистон устод Айнӣ алоқаманд  буданд. Яке бозсозӣ гардидани боғи устод Айнӣ ва мавриди истифода қарор додани он ва дигаре маросими ҷамъбасти озмуни рӯзномаи «Ҷумҳурият» якҷо бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ ва ба хотири гиромидошти устод Айнӣ дар маркази  ноҳияи мазкур буд.

Боғи устод Айнӣ дар натиҷаи меҳнати  пурсамари коргарон, меъморон, устоҳо, рассомон, гулкорон ва ашхоси дорои касбҳои дигар дар муддати нисбатан кӯтоҳе симои худро тамоман дигар намуд. Ончунон зебу шукӯҳи тозае пайдо карда, ки гумон мекунед дар фасли хазонрез дар як гӯшаи  пойтахт баҳори сабзу хуррам якҷо бо сабзаву гулҳои чаман, бо чаманзорони шукуфои чеҳраҳо барафрӯхта, ҷилванамоӣ мекунад.
Ширкат ва суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон шашуми ноябр дар маросими ифтитоҳи боғи устод Айнӣ онро ба як ҷашни дилписанд ва хотирмон табдил дод.
Ду боғи боҳашамат, ки дар ду самти пойтахт ба ифтихори ду асосгузори адабиёти мо - Рӯдакиву Айнӣ бунёд шудаанд, чилчароғоне мебошанд, ки шаҳрро нурафшон намуда, ҳуснашро афзунтар ва зебоиву шукӯҳашро дучанд мегардонанд. Чунин боғҳо дар ҷаҳон камназиранд.
Ҷамъбасти озмуни рӯзномаи «Ҷумҳурият», ки рӯзи дуюми октябр дар маркази ноҳияи Айнӣ баргузор шуд, ба як ҷашни дилписанди фарҳангӣ табдил ёфт. Бояд гуфт, ки ҳам дар аснои ифтитоҳи ботантанаи боғи Айнӣ ва ҳам дар ҷамъомади ноҳияи Айнӣ ҳамеша як ном бар сари  забонҳо мавҷ мезад ва баланд садо медод ва он номи Қаҳрамони миллии мо устод Айнӣ буд.
Дар он рӯзҳои ботантана симои устод аз достони дилангези Мирзо Турсунзода «Чароғи абадӣ» пеши назар меомад, ки шоир хеле забардастона тасвир кардааст. Абёте, ки лаҳзаи истиқболи устод Айниро дар Душанбе баён менамуд, бо тантанаҳои дар Душанбе ва ноҳияи Айнӣ барпошуда ҳамнаво буданд ва бо мазмуну таровати  тоза садо медоданд:
Адиби хешро оғӯш кардем,
Заданҳои дилашро гӯш кардем.
Ба устоди қаламкаш дод пайғом,
Тамоми шаҳр аз ҳар як дару бом.
Салом омад, дуруд омад ба Айнӣ,
Саломи чун суруд омад ба Айнӣ.
Табиат ҳам ба истиқболаш омад,
Чаман дар пурсиши аҳволаш омад.
Ватан аз ҷаҳлу торикӣ шуд озод,
Ба Айнӣ шаъну шуҳратҳо  фиристод.
Худи устод машъал шуд, алав шуд,
Чароғи мардуми дунёи нав шуд.
Ба рӯяш нур бинам, барқ бинам,
Ҳувайдо саргузашти Шарқ бинам.
Барномаи ҷолибе, ки барои ширкаткунандагони озмун ва меҳмонон таҳия гашта буд, писанди ҳамагон гардид. Онҳо ба манзараҳо ва бо ободониҳову ҳаёти сокинони ноҳияи Айнӣ аз наздик шинос шуданд. Майдончаи атрофи муҷассамаи устод Айнӣ хеле дилрабо гардидааст, ки ба мо - меҳмонон писанд омад.
Махсусан зиёрати оромгоҳ, хонаву боғ, мақбараву муҷассамаи шоири номдор Нақибхони Туғрал дар оғӯши деҳаи Зосун басо хотирмон буд. Набераи Туғрал, ки як зани солхӯрда аст, меҳмононро хуш истиқбол намуд ва барояшон дастархони пур аз нозу неъмат орост.
Муҷассамаи Туғрал ва мақбараи ӯ дар майдони фарох  ва дар гулгаште бунёд гашта, ки хеле назаррабову боҳашамат мебошад. Туғрал дар ҳолате тасвир шуда, ки ӯ ба хаёл фурӯ рафта ва илҳомаш ба хурӯш омада, омодаи шеъргӯист ва гӯё пас аз лаҳзае хоҳад гуфт: «Эй Туғрали авҷи сухан, аз ошёни кистӣ»?
Сипас, дар маркази ноҳия, дар қасри фарҳанг маросими ботантанаи ҷамъбасти озмун ва супурдани ҷоизаҳо ба ғолибон доир гардид ва он ба як анҷумани бошукӯҳи фарҳангӣ ва базми шеъру суруд табдил ёфт.
Асосан муҳтавои суханрониҳо перомуни мақом ва шуҳрати забони тоҷикӣ буд, ки бо ин забон яке аз бузургтарин тамаддунҳо, шукӯҳмандтарин адабиёт, муассиртарин ҳамосаи миллии ҷаҳон, зеботарин ашъори нобу шево таълиф гардид, ки аҳли оламро ба шигифт овард. Шоирони бузургу беназири мо бо ин забон асар офариданро барои худ ифтихор медонистанд.
Иштирокчиёни озмун ва меҳмонон на танҳо бо ҳаёти мардумони ноҳия аз наздик шинос шуданд, балки ҳиммати ҳотамона ва мизбони саховатпеша будани онҳоро бо чашми сар диданд. Раиси ноҳияи Айнӣ муҳтарам Неъматулло Раҳматуллозода саъю кӯшиши зиёде ба харҷ дод, то озмун дар сатҳи баланди фарҳангӣ ҷамъбаст гардад. Ӯ шахсест бофарҳанг ва дилдодаи фарҳанг.
Бояд гуфт, ки ташаббускори асосии баргузории озмун «Ҷумҳурият» мебошад.
Озмун дар байни аҳли қалам зуд ҳамовозӣ пайдо намуд ва дар натиҷа сад мавод ба идораи рӯзнома ворид гардид ва беш аз 50 матолиби муаллифон ба нашр расид. Бамаврид аст бигӯем «Ҷумҳурият», ки солҳои пешин бо номҳои гуногун чоп мешуд, рӯзномаи расмӣ ва асосии кишвар буда, наздики сад сол аст, ки бедареғона дар хидмати халқу Ватан аст ва дар ин муддат бо ҳазорон хабарнигорону қаламкашон ҳамкории судманд намудааст.
Ман – нигорандаи ин сатрҳо худро ифтихорманд меҳисобам, ки беш аз 60 сол бо ин рӯзномаи бонуфуз ҳамкорӣ дорам. Рӯзномаи «Ҷумҳурият» садои Тоҷикистон ва садои миллати тоҷик ва оинаи пурҷилои ҳаёти халқ аст. Бигзор, садои «Ҷумҳурият» рӯз аз рӯз ва сол то сол нерумандтар ва гуворотар ба гӯши мардумон бирасад.
Раҷабалӣ ҚУДРАТОВ,
Корманди шоистаи Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 11.12.2017    №: 251    Мутолиа карданд: 507

22.02.2019


Ҷаласаи Комиссияи сетарафаи танзими муносибатҳои иҷтимоию меҳнатӣ

Забони тоҷикӣ таърихи зиёда аз чорҳазорсолаи хату алифбо дорад

ББТ барои фаъолияти оператори низоми пардохтии “Осон” иҷозатнома гирифт

МАВСИМИ НАВИ ЛИГАИ ОЛӢ МОҲИ АПРЕЛ ОҒОЗ МЕГАРДАД

Путин самтҳои асосии сиёсати хориҷии Россияро тавзеҳ дод

Хадамоти вижаи 7 кишвари ИДМ машқи "Арарат-Антитеррор" мегузаронанд

Чин дар кайҳон неругоҳи барқи офтобӣ месозад

21.02.2019


ХУҶАНД. Оғози сохтмони бинои нави «Тоҷикстандарт»

ФУТБОЛ. Тақвими бозиҳои тими мунтахаби олимпии кишвар муайян гардид

Табибон аз Тотористон бо ҳампешаҳои тоҷики худ мубодилаи таҷриба мекунанд

Роҳандозии лоиҳаҳои инноватсионӣ дар Қазоқистон

Дар Ҳиндустон 13 иштирокдори тӯй зери чархи мошини боркаш монд

Сӯхтор сабабгори марги ҳафт кӯдак дар Канада

Ҷаҳон дар як сатр

19.02.2019


МАКТАБИ ДАВЛАТДОРИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН. ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

Баррасии масъалаҳои рушди сайёҳӣ

Вохӯрии Низомиддин Зоҳидӣ бо Мазен Шамия

Дурнамои рушди муносибатҳо матраҳ гардид

ҶОМИ КУШОДАИ АВРУПО. Муҳаммадризо Қувватов медали биринҷӣ ба даст овард

Авҷи ниҳолшинонӣ

Саҳми соҳибкорон дар ободии деҳот

Ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Чин ва Россия густурдатар мегардад

Сарвар Дониш: «Музокироти сулҳ бидуни ҳукумат қурбе надорад»

«Туҳфаи шоҳона» - и Арабистони Саудӣ ба шаҳрвандони Покистон

Дар Қазоқистон маркази амнияти иттилоотӣ ифтитоҳ меёбад

Сокини навраси Шимкент ду нафарро аз сӯхтор наҷот дод

Ҷаҳон дар як сатр

18.02.2019


Боздиди Азим Иброҳим аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ

ВКД Ҷиноятҳо 83,6 дарсад ошкор шуданд

Вазорати молия. Барои дастгирии буҷет маблағи бештар ҷалб хоҳад гашт

«BISHKEK OPEN – 2019». Дурахши каратэ-дочиёни навраси тоҷик

«МОҲИЯТ ВА ТАЪЙИНОТИ МАТБУОТИ МАҲАЛЛӢ»

РОҒУН. Ободонӣ вусъат меёбад

АНДОЗ. Нақша 100, 6 дарсад иҷро гардид


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед