logo

иқтисод

СОҲИБКОРӢ. ТАШАББУСКОРИИ БОНУВОН БОИСИ ТАҲСИН АСТ!

Солҳои охир, бахусус дар маҳалҳои дурдасти кишвар, дар баробари мардон бонувони зиёде ба соҳибкории хурду миёнаи истеҳсолӣ машғуланд, ки ин фоли нек аст. Корхонаи дӯзандагии “Чашмасор” низ ду сол пеш бо мақсади ҷалбу соҳибкасб намудани бонувони маҳаллӣ дар деҳаи Хоҷа Шақиқи Балхии Ҷамоати деҳоти Себистони ноҳияи Данғара таъсис ёфта, имрӯз дар ин самт нақши назаррас мегузорад.
Муассиси коргоҳ Меҳрубон Нигматова мақсад гузоштааст, ки омӯзондани касби дӯзандагиро дар байни духтарони деҳот ба роҳ монад ва дар пешниҳоди сӯзаниҳои чаканӣ, чодари деворӣ, тоқиву миёнбанд, дастпӯшаку дастрӯймол, сачоқ, болопӯшу таҳшони кӯрпа, гаҳворапӯшаку чойникпӯшак, рафидаю остинча, болинҳои чаканию либосҳои аҷдодию миллӣ бо тарзу намуди ба замони имрӯз хос, саҳми худро гузорад.
- Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи 25 - умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба 80 нафар занони соҳибкор гранти президентиро сазовор донистанд. Дар қатори бонувони зиёд  20 ҳазор сомонӣ гранти президентӣ насиби ман низ гардид. Аз чунин ғамхорӣ ва дастгирии Сарвари кишварамон мо рӯҳу илҳоми тоза гирифта, баҳри ободӣ ва шукуфоии Ватани азизамон ҳамеша хизмат менамоем, - гуфт Меҳрубон Нигматова.
Ин бонуи соҳибкасб аз рӯи талаботе, ки дар деҳот мавҷуд аст, ташкили курсҳои дӯзандагиро мувофиқи мақсад медонад, зеро дар деҳоти Себистон айни замон 1234 нафар занону духтарони қобили меҳнат бекор мебошанд ва ниёз ба касбомӯзӣ доранд. Ӯ дар назди худ мақсад гузоштааст, ки дар оянда аз ҳисоби маблағҳои худӣ ва даромади корхона омӯзондани касби дӯзандагиро ба духтарону занони маҳаллӣ ба роҳ монад. Бо  дастгирии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ташкили курси дӯзандагӣ барои 20 нафар духтари маҳаллӣ  аз моҳи январи соли 2018 ба роҳ монда мешавад.
- Хуб мешуд, корхонаҳои нав, ки ҳанӯз даромад нагирифтаанд, дар супоридани андоз соҳиби имтиёз бошанд, - мегӯяд ӯ. – Барои мисол ман 19 май соҳиби шаҳодатномаи соҳибкорӣ шудам. 6 июн нозири андоз маро огоҳӣ дод, ки барои моҳи май бояд андоз супорам. Агар корхонаҳои навтаъсис аз 1 то 3 сол  дар пардохти андоз имтиёз дошта бошанд, фикр мекунам, ҳавасмандӣ барои истеҳсол низ меафзояд. Аз ҷониби дигар, корхона ҳам, ки дар ин муддат даромад гирифт, пардохти андоз осон мешавад. Корхонаҳои хурди истеҳсолӣ сарчашмаи хуби даромади буҷет дар маҳалҳо метавонанд бошанд. Бинобар ин, агар ин иқдом роҳандозӣ шавад, фикр мекунам, ҳамаи ҷонибҳо танҳо суд мебардоранд.
Лола РИЗОӢ, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 12.12.2017    №: 252    Мутолиа карданд: 671
29.05.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ COVID - 19 БОЗ 423 НАФАРИ ДИГАР ШИФО ЁФТ

28.05.2020


ТОҶИКИСТОН. БОЗ 385 НАФАР АЗ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ

ВМКБ. ҲАМОВОЗӢ БА ИҚДОМИ НЕКИ ПЕШВОИ МУАЗЗАМИ МИЛЛАТ

ХИЗМАТИ ҲАРБӢ. НАҚШАИ ДАЪВАТ ПЕШ АЗ МУҲЛАТ ИҶРО ШУД

ВАРЗОБ. ҶОЙҲОИ КОРӢ БЕШТАР МЕГАРДАНД

БУНДЕСЛИГА. РАҚОБАТИ "БАВАРИЯ" БО "БОРУССИЯ" БАРОИ ПОЙГАИ ҚАҲРАМОНӢ

ШАҲРВАНДОНИ ТОҶИКИСТОН БО ПАРВОЗИ МАХСУС АЗ ДЕҲЛӢ ВА ДУБАЙ БА ВАТАН БАРМЕГАРДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

27.05.2020


436 НАФАРИ ДИГАР АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

ТАҚВИЯТИ ҲАМКОРИҲОИ ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН ДАР МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID – 19

ДАР РӮИ ҒИЗО ЗАРРАҲОИ COVID-19 НЕСТ!

НОҲИЯИ САНГВОР. МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID-19 БО УСУЛИ “ХОНА БА ХОНА”

ТАШВИҚОТИ ҲИЗБИ ПЕШОҲАНГ ДАР ПАРТАВИ ҲИДОЯТИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲО. МУАЛЛИФИ БЕҲТАРИН ГОЛ БЕҲТАРИН МУРАББӢ ШИНОХТА ШУД

ГАРМО МЕТАВОНАД СИРОЯТИ COVID-19-РО ДАР ӮЗБЕКИСТОН КОҲИШ ДИҲАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

26.05.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 1395 НАФАР ШИФО ЁФТ

НОҲИЯИ ЛАХШ. МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID-19 ТАҲКИМ МЕЁБАД

КУМАКИ ЧИН БАРОИ ПЕШГИРӢ АЗ ПАҲНШАВИИ COVID – 19

БЕЭҲТИЁТИИ МУХЛИСОН - МӮҶИБИ ГИРИФТОРӢ БА КОРОНАВИРУС

ОЛИМОНИ РУС ВАКСИНАИ ЗИДДИ КОРОНАВИРУСРО МУВАФФАҚОНА ОЗМУДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

22.05.2020


ЁРИИ БАШАРДӮСТОНАИ ТОҶИКИСТОН БА ӮЗБЕКИСТОН

КУМАКИ ПРЕЗИДЕНТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД

1008 НАФАР АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

ВМКБ. ЁРИИ САРВАРИ ДАВЛАТ ФАЪОЛИЯТИ МУАССИСАҲОИ ТАБОБАТИРО БОЗ ҲАМ БЕҲТАР НАМУД

21.05.2020


ОЛИМИ ТОҶИК БОБОҶОН НАЗАРОВ ДАР БРИТАНИЯ ДОРУИ COVID-19 МЕСОЗАД

МИШУСТИН: «АФЗОИШИ ПАҲНШАВИИ КОРОНАВИРУС ДАР РОССИЯ БОЗДОШТА ШУД»

ЧИН БА КИШВАРҲОИ АЗ КОРОНАВИРУС ЗАРАРДИДА $2 МИЛЛИАРД МЕДИҲАД

МЕРКЕЛ: «ЯГОН ДАВЛАТ БА ТАНҲОӢ ИН ЭПИДЕМИЯРО УҲДА КАРДА НАМЕТАВОНАД»

МУЗОКИРОТИ БРИТАНИЯ ВА ФРАНСИЯ ОИД БА ЛАҒВИ КАРАНТИНИ МУСОФИРОНИ ВОРИДШУДА

ТАЙСОН ВА ҲОЛИФИЛД БА РИНГ БАРМЕГАРДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

19.05.2020


407 НАФАРИ ДИГАР АЗ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед